05:11:05 24-уми Июни 2025 сол

БЕРЛУСКОНИ МАВРИДИ ҲАМЛА ҚАРОР ГИРИФТ

Силвио Берлускони, нахуствазири Итолиё, дар ҷараёни ҳузур дар ҷамъи ҳомиёнаш дар Мелан мавриди ҳамла қарор гирифт ва ба далели ҷароҳати сурат ба бемористон мунтақил шуд. Дар асари ин ҳамла ду дандони оқои Берлускони шикаст, устухони биниаш тарак бардошт ва лаби ӯ пора шуд.

 

Гуфта мешавад фарде ба ӯ наздик шуда ва макети кучаки калисои Меланро ба сӯйи сурати ӯ партофтааст. Пулис мегӯяд Массимо Тартале, марди итолиёии 42-сола, ки ба ӯ ҳамла карда собиқаи ҷиноӣ надорад, аммо бемори равонӣ аст. Силвио Берлускони, ки 73 сол дорад, пас аз ин ҳодиса талош кард ба ҳомиёнаш итминони хотир диҳад, аммо барои озмоиши пизишкӣ ба бемористон мунтақил шуд.

 

Ӯ дар ҳоле ки чеҳраи хунин дошт, ба рӯйи мошин рафт, то мардум ӯро бубинанд ва сипас тавассути муҳофизонаш ба дохили мошин бурда шуд. Оқои Берлускони дар бемористон низ исрор дошта ҳолаш хуб аст. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, ӯ пеш аз ин ҳамла машғули имзои аксҳои худ барои ҳомиёнаш буда, ки ногаҳон тавассути ҷисми сангине сохташуда аз "мармар ё оҳан" мавриди ҳамла қарор мегирад.

 

Данкана Кеннеди, хабарнигори би-би-сӣ дар Рум мегӯяд, ин ҳодиса тардидҳое дар бораи сервиси амниятии оқои Берлускони ба вуҷуд овардааст. Аммо аз сӯйи дигар, ӯ ҳамеша хоҳони ҳузур дар байни тарафдоронаш будааст. Хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд, Силвио Берлускони чеҳраи ихтилофбарангезе аст, ки ҳам тарафдор ва ҳам мухолифони зиёде дорад.

 

Зиндагии шахсии ӯ ахиран ба дунболи талоқ аз ҳамсараш ва интишори гузоришҳое, ки вайро муттаҳам ба доштани робитаи ҷинсӣ бо руспиҳо карда, зери заррабин будааст. Оқои Берлускони иттиҳоми иртибот бо мафияро рад карда, аммо парвандаҳои вай ахиран ва пас аз лағви қонуни масунияти сиёсиаш бозгушоӣ шудааст. ҳафтаи пеш даҳҳо ҳазор нафар аз мухолифони ӯ дар Рум тазоҳурот карданд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1307-berluskoni-mavridi-hamla-karor-girift.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ