10:15:27 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Инфиҷори бештар аз даҳ бомб дар Ҷалолобод 120 нафарро захмӣ кард

Инфиҷори бештар аз даҳ бомб дар нукоти мухталифи шаҳри Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳор ҳама тантанаҳои ҷашни садсолагии иситиқлоли Афғонистон дар ин шаҳрро барҳам зад. Бар асари ин таркишҳо даҳҳо тан, аз ҷумла се кӯдак захмӣ шуданд. Бемористонҳои шаҳр аз 120 захмии муроҷиаткарда хабар додаанд ва гуфтаанд, ки ҳолати бархе аз ин захмиён хеле вахим аст.

terakt 15555Бино ба гузориши хабаргузориҳо аввалин инфиҷор дар маҳалли Амир Шаҳиди шаҳр рух додааст, вале дар касе осеб надидааст. Дар таркиши дуюм ёздаҳ тан захмӣ шудаанд ва ба ҳамин тартиб пайи ҳам 11 инфиҷор рух додаву теъдоди азими марудмро захмӣ ва шаҳрро ноамн сохтааст.

То кунун ҳеч гурӯҳе масъулияти ин инфиҷорҳоро ба уҳда нагирифтааст.

Гуфтанист, ки рӯзи якшанбе бар асари инфиҷори шадид дар як маросими арӯсӣ дар ғарби Кобул 64 нафар кушта ва 182 нафар захмӣ шуда буданд. Ҳамаи қурбониён ва захмиёни ин фоҷеаи бузург ғайринизомиён буданд. Гурӯҳи террористии Давлати исломӣ (ДОИШ) масъулияти инфиҷор дар солони арӯсӣ дар ғарби Кобулро ба уҳда гирифт. Дар баёнияи ин созмони террористӣ омадааст, ки аслан шиаҳоро ба нишон гирифта буд. ДОИШ ҳамроҳ бо баёния ҳамчунин расми марди ҳамлаварро ҳам мунташир карда, ки номи ӯ Абуосим будаву шаҳрванди Покистон мебошад.

Маросими ба хок супории аксари қурбониён дар ғарби Кобул баргузор шуд. Вазорати умури дохилии Афғонистон гуфтааст, ки дар миёни кушташудагон ва захмиён шуморе аз занон ва кӯдакон низ ҳастанд. Дар гузориши пулис омадааст, ки бомбгузори худкуш вориди салони мардон дар тӯйхона шудаву ногаҳон худро мунфаҷир кардааст.

Ашраф Ғанӣ-раиси ҷумҳури Афғонистон дар саҳифаи худ дар Твиттер бо изҳори ҳамдардӣ ба хонаводаҳои ҳалокшудагон ҳамчунин навиштааст, ки “Толибон наметавонанд худро аз ин инфиҷор дур гиранд, зеро ки онҳо бистаре барои террористҳо фароҳам кардаанд”.

Ғанӣ замоне ангушти ишорат сӯйи Толибон мекунад, ки ин гурӯҳ инфиҷори ғарби Кобулро шадидан маҳкум кардааст.

Инфиҷор дар минтақае рух додааст, ки аксари бошандагони он шиамазҳабони Афғонистонанд.

“Рӯзгор”

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi