05:08:02 24-уми Июни 2025 сол

ПУЛИСИ АФҒОНИСТОН ТАЛАФОТИ САНГИНЕ ДИДААСТ

Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд дар ҷараёни ду даргирии нерӯҳои давлатӣ бо шӯришиёни Толибон дар шимолу ҷануби ин кишвар, ҳадди ақал шонздаҳ маъмури пулис ҷони худро аз даст додаанд.

 

Ба гуфтаи Вазорати дохилаи Афғонистон, даргирии аввал дар пайи ҳамлаи афроди мусаллаҳи як пойгоҳи пулис дар масири бузургроҳи Бағлон-Кундуз, дар шимоли Афғонистон, дар соъоти аввалияи бомдоди рӯзи душанбе оғоз шуд. Мақомоти Вазорати дохила мегӯянд дар ин даргирӣ ҳашт нафар аз маъмурони пулис кушта шуданд. Ба гуфтаи мақомоти Вазорати дохила дар ҷараёни ҳамлаи дигаре дар ҷануби Афғонистон низ ҳашт нафари дигар аз маъмурони пулис ҷони худро аз даст доданд.

 

Дар эъломияи Вазорати дохила дар мавриди ин ҳамла омадааст, ки мардони мусаллаҳ пойгоҳи пулиси воқеъ дар минтақаи Панҷоби шаҳри Лашкаргоҳ, маркази вилояти Ҳелмандро ҳадафи ҳамла қарор доданд ва нерӯҳои мустақар дар посгоҳ ба муқобила бо онон бархостанд. Ин сангинтарин талафоти нерӯҳои пулиси Афғонистон зарфи моҳҳои ахир будааст.

 

Пулиси Афғонистон аз ҷумлаи осебпазиртарин нерӯҳо дар ин кишвар аст, ки дар муқоиса бо нафароти артиши Афғонистон ва сарбозони хориҷии мустақар дар ин кишвар, талафоти бештареро дар даргириҳо мутаҳаммил мешавад. Бархе омор ҳокист, ки танҳо дар як соли гузашта ҳудуди як ҳазор нафар аз маъмурони пулиси Афғонистон ба дасти шӯришиён кушта шудаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1311-pulisi-afgoniston-talafoti-sangine-didaast.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ