13:41:53 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АФҒОНИСТОН: ПРОБЛЕМА ВА МУЛОҲИЗА!

Варқаи Зайниддин, Узи ИЖТ

Тахминан 23 сол муқаддам, соли 1998 дар нашрияи он вақт бонуфузи "Самар"- и дӯстам Сайёфи Мизроб мақолаи таҳлилиле оиди ҳаракати толибони Афғонистон навишта, муллотолибонро ҷосусони сиёсати разведкаи "Ы"-и Покистон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва ИМА номида будам.

taliban-usa 451245788956Огоҳ намуда будам, ки ин қувваҳои азаматхоҳ ва вазифаталаб якбора чанд масъулият доранд. Яке сари қудрат овардани паштунҳо ва ҷорӣ намудани сиёсати панпаштунизм ва амали намудани сиёсати кишваре мисли Покистон (замони соҳибистиқлол гаштани кишвари Ҳинд ва берун рафтани мустамликадорони Англис аз ин нимҷазира, ин кишвар дар асоси диди англисҳо аз лиҳози на миллият, балки асос дини сохта шуда ва мақсади лордҳои Англис равнақи сиёсати амрикоиву англисӣ дар ҷаҳони Ислом ва Шарқ буд на чизи дигар) ҳаст.

Баъдан ин қувваҳо миллати аслии ин кишвар тоҷик ва забони он, забони порсии дарӣ ва ё худ тоҷикиро (ҳар чӣ мегӯи бигӯ - ибораи маъруфи аллома Мӯъмин Қаноат) умуман чашми дидан надоранд ва ин бахелии онҳо аз маъруфияти фарҳанги бузургу машҳури мардуми форсу тоҷик сарчашма мегирад, на чизи дигар...

Дар пушти ин қувваҳо, бадхоҳтарин ва бадбинтарин қувваҳои зидди миллати тоҷик, ки бархеаш бешаку шубҳа аз Покистон ҳастанд, нишастаанд! Беҳуда нест, ки моҳи сентябри соли 1996 вақти вориди Кобул гаштани толибон (хонда шавад артиши Покистон) даҳҳо китобхонаҳои дорои китобҳои забони порсиро ин тӯдаи ҷоҳилу бесавод ба коми оташ кашидаву забони тоҷикиро то ҷое тавонистанд аз истифодаи идорияшон берун карданд (гарчанде ин амали аҳмақонаи онҳо ҳеч замоне кор нахоҳад дод. Забони модарии мо порсии тоҳикӣ бо гаҳвораи он Балхи шоҳиҷаҳон буд, ҳаст ва оянда низ ИншоАллоҳ хоҳад монд). Ғаразу бадбинии ин тӯдаи бадбӯй ва бефарҳанг нисбати миллати тоҷик ва саркардагонашон чун собиқ Президенти Покистон Парвиз Мушарафи тоҷикбадбин ба ҳадест ногуфтанӣ! Ҳатто ин шахси дур аз фарҳангу фаросату ақли инсонӣ дар баромадҳояш рӯи рост миллати тоҷик ва мардуми Дараи Панҷшер ва хосатан Шери Панҷшерро нах мезанад. Сиёсати ин кишвари худсохти англису янкиҳоро он вақт дар мақолаам навишта нишон дода будам. Ватани аслии бародарони паштунамон ин куҳҳои Сулаймонияи Покистон буда, ин қабилаи кӯчӣ аввалин маротиба дар асрҳои 16 ва 17 соҳиби адабиёту сардафтари адабиёти паштуни гаштааст. Таъсири фарҳангу забони ноби порсии тоҷикӣ дар ҳаёти ҳамарӯзаи ин мардум аз чанд садсола инҷониб зиёд ба чашм мерасад.

Чун дар Покистон онҳо бештар аз 30 миллионанд ва ба ҷузъе аз марзи Хуросон, Афғонистони кунунӣ Аҳмадшоҳи Дурронӣ дар солҳои 1740-1750 зада даромада, ба сулоли Дуррониҳоро асос гузошт, дар ибтидои асри 19 ба ин кишвари сирф тоҷикӣ, мустамликадорони Англис Афғонистон ном ниҳода буданд. Бо ташкили кишвари Покистон, покистониву урдузабонҳо ҳама вақт аз ин қавму аз ташкил гаштани кишвари Паштунистон ва ё кишвари Афғонистон дар сарзамини асосии пуштунҳо, куҳҳои Сулаймонияи Покистон дар ҳаросанд. Аз ин рӯ барои дар сари қудрат мондани паштунҳо дар Кобул ҳама вақт дар талошанд. Мо ин муборизаҳоро аз тарафи покистониҳо ҳангоми ҳуҷуми Артиши Шӯравӣ дар Афғонистон ва замони ташкили давлати тоҷикии Афғонистон (давлати устод Раббонӣ ва Шери Панҷшер - Аҳмадшоҳи Масъуд) борҳо мушоҳида намудаем.

Аз тарафи дигар хати кишидаи Мортемир Дюранди Англис оиди тақсимоти марзҳо байни Афғонистону Ҳинди собиқ дар охири асри 19 ҳоло низ норӯшан боқӣ монда, доимо дар ин минтақа ҷангу хархашаи ин се давлатро дар Кашмиру сарҳади Бадахшону Нуристону Кашмир ба бор меорад. Покистон дар ин хат ғайриқонунӣ марзи зиёди роҳи сангҳои қимматбаҳо ва сари оби Афғонистонро ишғол намудаву аз он даҳҳо сол боз садҳо миллион доллар даромади муфтеро дар ихтиёр дорад. Табиист, ки ин кишвари 74 сол пеш дар харитаи олам пайдогашта ҳеч гоҳ намехоҳад, ки аз ин даромади муфт халос шавад! Аз ин рӯ онҳо берӯёна ба корҳои давлатии ин кишвари ҳаммиллату ҳамҷавору ҳамзабони мо пайваста доимо фитнаву ҷанг андохтанро роҳандозӣ мекунанд ва инҳо сиёсати ҷанг андозу ҳукмрони намо, ки сиёсатмадори маъруфе чун Ленин онро нисбати бархе аз кишварҳо доимо ба забон меовард бисёр хуб корбаст мешавад.

Дар ин асос аз замони ворид гаштани артиши СССР, аз солҳои 1979 инҷониб кишварҳои арабие чун Арабистони Саъудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Қатар ва дигар кишварҳо низ дар кору хархашаҳои лозиму нолозими Афғонистон ҳамроҳ гаштаву баъди баромадани артиши болшевикону азбайн рафтани СССР низ онҳо ин корҳои манфии худро зери сояи муллотолибон анҷом дода истодаанд. Аз замони сари қудрат омадани устод Раббонӣ ва ёронаш акнун кишварҳои арабӣ зери сиёсати панисломистию панарабизм, якҷоя бо янкиҳо ва покистониҳо муборизаро бар зидди фарҳанги форсию тамаддуни иронӣ, инак анқариб 30 сол боз роҳандозӣ намуда истодаанд. Ҷои таассуф ҳаст, ки дар муқобили ин қувваҳои аҳриманӣ, ки дар террори маркази ҷаҳонии савдои Манхетен санаи 11-уми сенябри соли 2001 иштирок доштанд ва анқариб 10 сол ба муқобили онҳо Аҳмадшоҳи Масъуду дигар намояндагони миллатҳои бумии ин мулки Хуросон мисли тоҷикон нақши калиди доштанд, баъди озодкунии хоки Афғонистон, кишварҳои Аврупо бо роҳбарии Амрико ва НАТО диққати лозимае надоданд ва нақши калидии мардуми тоҷики Афғонистонро нодида гирифтанд.

Натиҷааш ин шуд, ки қатъи назар аз сарфи бештар аз трриллион доллар, азчумла 83 миллиард доллар барои қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон ИМА ва шариконаш аз НАТО, чун кишвари шӯравии собиқ ҳама чизро бой дода, шармандавор аз ин кишвар баромада рафта истордаанд. Ба ин гуруҳи душмани башаррият ва ҳамтоёни онҳо покистониҳои бешараф кишвари фаррохеро дар қалби Осиё мондаву сархам мераванд!

ИМА сиёсати хатокоронаи СССР ва русҳоро такрор кард? Оре, ҳамин тавр ҳаст! Замони ташкили Ҷумҳурии демократии Афғонистон, КМ КПСС ва сарони Ҳукумати СССР на ба миллати бузургтарини ин кишвар тоҷикон ва порсизабонон, ки ҳудуди 60 фоизи аҳолии Афғонистонро ташкил мекарданд такя мекарданд, балки такягоҳи онҳо собиқ босмачиҳои турктабори Осиёи Миёна ва паштунҳо буданд, ки онҳо ҳамаро фурӯхтанд. Ахиран тоҷики Афғонистон дар муқобили душмани каттоли мардуми тоҷикзабон СССР ғалаба карду Ивани рус сархам аз ин кишвар берун гашту баъди ғалабаи Шери Панҷшер импературии СССР ба зуди нобуд гашт! «Худкардаро даво нест. Вовайлои пинҳонӣ» - гуфта шудааст дар урфияти тоҷикон! Агар он замон КГБ-и шӯравӣ ба ҷои тоҷикбадбинӣ такя ба тоҷику порсизабонон мекард боварии комил дорам, ки имрӯз империяи СССР шояд вуҷуд медошт ва ба буҳрони сахти иқтисодӣ гирифтор низ намешуд...

Танҳо пайдо гаштани қувваҳои муллотолиби Беназир Бхутто ва асир гирифтани ҳавопаймову халабонҳои рус ва таҳдиди онҳо ба Русия дар соли 1996, сиёсати Русияи Елтсиниро 360 дараҷа ҷафо гардонд. Русия бо Аҳмадшоҳи Масъуду давлати тоҷикии Раббонӣ он замон қаробат пайдо кард. Он вақт кор аз кор гузаштаву толибон аллакай зери сиёсати ИМА, Саъудия ва Покистон Кобулро ишғол намуда буданд.

Санаи 15-уми августи соли равон бошад, Президенти вақти Афғонистон Ашраф Ғанӣ гуфтан мумкин ҳаст, ки бо ду дасти адаб баъди сафари чанде пештараш ба ИМА ва маслиҳат бо хуҷаинони он сӯи уқёнусаш (инҷо ҷои шубҳа низ нест) кишварро бо ду дасти адаб ба толибон супорида, аз кишвар «фирор» кард ва бо иборае ин шахси аблаҳнамо миссияи худро назди кишварҳое чун ИМА ва Покистон ба хуби иҷро кард!

Ҳоло бошад, дар ин кишвар як низоми номуайян ва сарбастае рӯи кор омадаву бархе аз қудратҳои ҷаҳонӣ барои ба расмият шинохтани ин гуруҳи то дирӯз террорист ва ифротгаро аз қабили аъзои ШОС ҳамсояи мо Чин ва дигар кишварҳо шуруъ намудаанд. Суол пеш меояд, ки куҷо шуд он ваъдаҳои сохтани ҷомеъаи маданӣ ва демократӣ дар ин кишвар?!

Чаро СММ ва дигар кишварҳои пешрафта хосатан Ирони ҳамзабон ва œамсояи Афғонистон сухане ироа намедоранд! Чаро Русияе, ки ҷараёни толибонро чун гуруҳи ғайриқонунӣ ва террористӣ эътироф намудааст, бо ин гуруҳҳо бо тарсу ҳарос менигарад ва бо онҳо сари мизи гуфтушунид мешинад? Чаро аз ҷониби аъзоёни ШОС аъзои худ, кишвареро чун Покистон ба ҷолиш кашидаву дар ҷалласаҳо саркӯб карда наметавонад? Дар ин гирудорҳо як чиз аҷиб ҳаст. Дар муқобили ин ҷараёни барои ҷомеъаи ҷаҳонӣ хатарнок ҳоло танҳо мардуми тоҷик дар дараи таърихии Дараи Панҷшер зери роҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуди хурдӣ ҷамъ омадаву Ҷабҳаи халқии муқовимат бо гуруҳҳои террористии толибонро созмон додаву барои мубориза барои ҳуқуқу озодиҳо ва истиқлолияти давлатии кишвари хеш омодаанд?!

Ин нишонаи бузургии миллати тоҷик хаст, мисли муборизаи Аҳмадшоҳи Масъуд на чизи дигар!

Дар сароғози ин набардҳо як чиз бароям аён гашт. Дар ҷаҳон аз миллати тоҷик ятимтару бекасу кӯй миллати дигаре валлох набудааст. Дар паноҳи ӯ шояд танҳо Худованди яккаву ягона бошаду куҳҳои осмонбуси Бадахшону Панқшеру Кашмир на қувва ва кишвари дигаре!

Имрӯз як чиз хотираи таърихиро ба назари банда бедор месозад ва чӣ тавре мегӯянд таърих такрор мешавад ва ин ба назарам сад фоиз дуруст хаст! Истилоҳи «Бозии бузург» («Большая игра») дар асри 19 байни ду империяи бузурги онвақтаи ҷаҳони Британияи Кабир ва Русияи Подшоҳӣ дар ин қалби Осиё ва хосатан кургиреҳи «Помиру Ҳиндукш» (Памиро -Хиндукушский узел) ҳаст. Оре, ин бозии бузург шояд бо ҳамон нақша ва бозингарони наве чун Ҳинд, Чин, Покистон, Русия, ИМА бидуни Англия, ки ба кишвари нисбатан хурдакаке табдил ёфтааст аз нав шуруъ шавад. Як чиз яқин ҳаст аз рӯзи аввали дар Кобул пайдо гаштани мулотолибон ва ҳамчунин дар маъмуриятҳо ҳамарӯза садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони бегуноҳи ин кишвар, хосатан кӯдакон кушта мешаванд ва анқариб зиёда аз 80-90 фоизи ин кушташудагон танҳо ва танҳо тоҷиконанд. Ба ин монанд, рӯзноманигорон чӣ ҷавонону бонувон сари тир кашида мешаванд, ки ҳамагӣ аз ақвоми тоҷиканд на каси дигар!

Бо ибораи дигар генотсиди миллати тоҷик бо шаклу тарзи нав ва хомӯшии ризомандонаи кишварҳои насороӣ ба ном демократи ­ғарбу Русия ва Чини будоия ва болшевикӣ, хомӯшии разилонаи СММ ба тоҷиккушӣ ҳукми расмӣ дода истодааст.

Замони донишҷӯиро ба хотир меорам. Бузургтарин олими ҳуқуқшиноси назарияи давлат ва ҳуқуқи Шӯравӣ соли 1981 ҳангоми ба мо дарс додан аз фани «Назарияи давлат ва ҳуқуқ» академики АФ Тоҷикистон, шодравон Солеҳ Ашӯрович Раҷабов ба мо изҳор дошт, ки аз КМ КПСС фикри ӯро оиди тарзи сохтани Афғонистон пурсидаанд. Устод пешниҳод кардааст, ки дар Афғонистони замонавӣ бинобар доштани миллату халҳиятҳои зиёдаш дар шакли федератсия бо доштани ҷумҳуриҳои иттифоқии Паштунистон ва Тоҷикистон бо фарогирии ҷумҳуриҳои мухтори Ӯзбекистон, Ҳазораҷот, вилоятҳои мухтори Туркманистон, Балуҷистон ва чанд вулусволии мухтор ташкил шавад беҳтар аст. Шояд ин андешаи устод агар қабул мегашт, мо имрӯз кишвари демократӣ ва гулгулшукуфонеро дар марзи хеш медидем...

Ба ҳар ҳол вақт бузургтарин довари замонҳо ва сиёсатҳо ҳаст ва мунтазир мешавем, ки аз бозиҳои ташкилгашта, ки чӣ мегирад ва қисмати 20 миллион порсизабони Афғонистон чӣ мешавад?! Беҳтарин гашт дар ин бозии сиёсии нодаркор (бозии асри 19 низ нодаркорияшро имрӯз пурра исбот намуд) ин оромӣ ва сулху вахдат дар ин ҳамсоякишвари даҳсолаҳо азияткашидааст на чизи дигар!

«Толиб шикасту дамдамаи толибон шикаст,

Чандон кашид зехи камон, то камон шикаст.

Огох кард аҳли ҷаҳонро зи рӯзи нав,

То рӯзи нав расид, низоми ҷаҳон шикаст.»

(Достони «Масъуднома»-и Мӯъмин Қаноат)

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi