05:11:58 24-уми Июни 2025 сол

ИНФИҶОРИ ШАДИД ПОЙТАХТИ АФҒОНИСТОНРО ТАКОН ДОД

Инфиҷор дар маҳаллаи Вазир Акбархон, ки дафотири байналмилали ва сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ дар он мавқеъият дорад, рух додааст

 

Як инфиҷори нерӯманд пойтахти Афғонистонро такон дода ва талафотеро ба бор овардааст.Субҳи сешанбе, 15 декабр, садои инфиҷори шадиде аз наздикии як меҳмонсарои мавриди истифодаи Созмони Милали Муттаҳид воқеъ дар маҳаллаи Вазир Акбархони Кобул шунида шуд ва дар пайи он дуди ғализе аз маҳалли инфиҷор бархост.Вазорати сиҳҳат (тандурусти)-и Афғонистон гуфтааст, ки дар ин инфиҷор ҳадди ақал панҷ нафар кушта ва беш аз сӣ нафари дигар захмӣ шудаанд.

 

Мақомот мегӯянд, тамомии қурбониёни ин инфиҷор ғайринизомиёни афғон будаанд.Вазорати дифоъи Афғонистон гуфтааст, ки ба назар мерасад инфиҷор ношӣ аз вуқуъи як бумбгузории интиҳорӣ будааст.Як шоҳиди айнӣ дар маҳалли ҳодиса низ гуфт, ки як худрав бо шишаи дудӣ (сиёҳкардашуда), пас аз он ки наздики меҳмонсарои "Ҳитол" расид, аз суръати худ кост ва баъд инфиҷори азиме рӯй дод.

 

Хонаи Аҳмад Ризо Масъуд, муъовини собиқи раиси ҷумҳурии Афғонистон, ки дар наздикии маҳалли инфиҷор воқеъ буда, хисороти густардае дидааст.Мақомот мегӯянд, ҳадди ақал ду нафар аз муҳофизони амниятии хонаи оқои Масъуд дар ин инфиҷор кушта шудаанд. Ҳанӯз мушаххас нест, ки оқои Масъуд дар замони ҳамла дар хона буда ё на.Шуморе аз сафоратхонаҳои хориҷӣ ва дафотири созмонҳои имдодрасонии байналмилалӣ низ дар маҳаллаи Вазир Акбархон қарор дорад.

 

Телевизиюнҳои маҳаллӣ тасовиреро аз маҳалли ҳодиса пахш карданд, ки шишаҳои шикастаи сохтмонҳои наздик ба ин маҳал ва маъмурони пулисро нишон медиҳад, ки роҳҳои мунтаҳӣ ба онро масдуд кардаанд.Ҳамчунин теъдоде мошинҳои ёрии таъҷилӣ ба маҳалли вуқуъи инфиҷор эъзом шуда, то захмиҳои ҳодисаро ба бемористон интиқол диҳанд.

 

Инфиҷори рӯзи душанбе дар ҳоле сурат гирифт, ки конфронси серӯзае дар мавриди мубориза бо фасоди идорӣ , бо ҳузури Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурӣ ва шуморе аз мақомоти аршади Афғонистон дар сохтмони вазорати хориҷа дар Кобул оғоз ба кор кардааст.Дарёсолор Марк Мулен, раиси ситоди муштараки артиши Омрико низ рӯзи гузашта дар Кобул бо Ҳомиди Карзай дидор кард.

 

Дарёсолор Мулен, ки дар остонаи эъзоми сарбозони бештари омрикоӣ ба Афғонистон ба ин кишвар сафар карда буд, ҳушдор дод, ки хушунатҳо дар Афғонистон эҳтимолан афзоиш хоҳанд ёфт.Пойтахти Кобул дар солҳои ахир шоҳиди бумбгузориҳои интиҳорӣ, партоби рокет ва ҳамалоте буда, ки шӯришиёни Толибон масъули онҳо шинохта шудаанд.

 

Авохири моҳи октябри соли ҷорӣ афроди мусаллаҳ яке аз меҳмонсароҳои мавриди истифодаи Созмони Милал дар маҳаллаи Шаҳринави Кобулро ҳадафи ҳамла қарор доданд, ки ба даргирӣ бо маъмурони давлати мунҷар шуд.Дар ҷараёни ин ҳамла чанд нафар, аз ҷумла панҷ корманди хориҷии Созмони Милал дар Кобул ҷони худро аз даст доданд.

 

Би Би Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1322-infijori-shadid-poitakhti-afgonistonro-takon-dod.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ