21:38:20 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

НОМАИ ҲОШИМИИ РАФСАНҶОНӢ БА ОЯТУЛЛОҲ ХОМАНАӢ

 

Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раиси Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом ва раиси маҷлиси хибрагони Эрон, дар эътироз ба он чи "изҳороти орӣ аз ҳақиқат ва ғайримасъулона"-и Маҳмуди Аҳмадинажод дар ҷараёни мунозираи телевизиюнӣ бо Мирҳусейни Мусавӣ хонда, номае ба Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон, навишта ва талвеҳан аз сукути оқои Хоманаӣ дар ин моҷаро гилоя кардааст.

Оқои Рафсанҷонӣ дар ин нома, ки рӯзи сешанбе, 9 июн, бо ибрози бетарафӣ дар интихоботи кунунӣ, навиштааст он мунозира ва муқаддимачиниҳои қабл ва ҳаводиси баъд аз он "хотироти талхи изҳорот ва иқдомоти мунофиқон ва гурӯҳакҳои зиддиинқилоб дар солҳои аввали баъд аз инқилоб"-ро барои ӯ зинда кардааст. Оқои Рафсанҷонӣ ин иқдомотро "барои таҳтушшуъо қарор додани гузоришҳои мустанад ва мукаррари девони муҳосибот дар хусуси мафқудуласар будани як милёрд дулор ва иртикоби чанд ҳазор тахаллуф дар иҷрои будҷаҳо" донистааст.

Оқои Рафсанҷонӣ дар номаи худ ба раҳбари Эрон, нуқтаи қобили таваҷҷуҳ дар ин туҳматҳоро ин дидааст, ки "ғайримустақим, мақоми вилоят дар замони раҳбарии Имоми роҳил ва ҷаноби олӣ, ки ҳодии давлатҳо будаед ва бо изҳороти сареҳ, мудириятҳоро мавриди таъйид ва таҳсин қарор додаед, нишона гирифтааст."

Оқои Рафсанҷонӣ, ки собиқаи чанд соли раёсати Маҷлис дар даҳаи аввали Ҷумҳурии Исломиро низ дорад, ба моҷароҳои раёсати ҷумҳурии Абулҳасан бани Садр, авалин раиси ҷумҳури Эрон, ишора карда ва навиштааст: "Баъд аз ҷараёни шуми 14 исфандмоҳи 1359 бо иршоди Имом ва бунёнгузори Ҷумҳурии Исломӣ, шаҳиди мазлум дуктур Биҳиштӣ ва ҷаноби олӣ ва ин ҷаноб, ки дар шиъорҳои мардумӣ ба унвони "Се ёвари Хумайнӣ" шинохта шуда будем, бо ҳамроҳии нерӯҳои инқилобӣ ва бахусус намояндагони мутаъаҳҳиди Маҷлиси аввал ва Ҳизби Ҷумҳурии Исломӣ тавонистем дар ҷиҳати зудудани ғуборҳои ибҳомот ва сампошиҳо иқдомоти муассире анҷом диҳем ва Имоми роҳил дардошно бо ташкили гурӯҳи ҳақиқатёб ва довар, бахше аз ҳақоиқро ошкор карданд."

Рӯзи 14 исфанди соли 1359 суханронии оқои Бани Садр аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар аввали тири 1360 ва фирори ӯ аз Эрон мунҷар шуд.

Албата оқои Рафсанҷонӣ таъкид кардааст, ки қасд надорад давлати мавҷудро "мисли давлати Бани Садр" муъаррифӣ кунад ва ё "сарнавиште шабеҳи он давлатро барои ин давлат" бихоҳад, аммо гуфтааст, ки "бояд монеъи гирифтор шудани кишвар ба сарнавишти он рӯзгор шуд."

Оқои Рафсанҷонӣ гуфт дар маросими бузургдошти солгарди Оятуллоҳ Хумайнӣ, як рӯз пас аз мунозираи Маҳмуди Аҳмадинажод ва Мирҳусейни Мусавӣ, ба оқои Аҳмадинажод гуфтааст, ки дар изҳороти ӯ "хилофгӯйиҳои фаровоне вуҷуд дошта ва иддаъои кизби тамоси телефунии ман бо яке аз сарони араб ва иддаъои коргардонии муборизоти интихоботии рақибон ва иттиҳомоти нораво ба ҷамъе аз бузургони низом, аз ҷумла ҷаноби оқои Нотиқ Нурӣ ва фарзандони ман ва бадтар аз ҳама зери суол бурдани иқдомоти Имоми роҳилро ёдоварӣ ва пешниҳод кардам бо сароҳат иттиҳомҳои нодурустро пас бигирад, ки ниёзе ба иқдомоти қонунии афрод ва хонаводаҳое, ки ноҷавонмардона ва мазлумона ҳадафи тирҳои носазогӯйӣ қарор грифтаанд, набошад."

Оқои Рафсанҷонӣ ҳамчунин гуфтааст, ки аз Садо ва симо ҳам хоста фурсате дар ихтиёри тарафҳои зиҳаққ қарор гирад, ки аз худ дифоъ кунанд. Албата оқои Рафсанҷонӣ таъкид карда, ки дар поёни давраи раёсати ҷумҳуриаш тибқи асли 142-и Қонуни Асосӣ, сарвати ӯ ва хонаводааш муҳосиба шуда ва расман "покӣ ва муназаҳ будани раиси ҷумҳур ва хонаводаи ӯ" эълом шудааст. 

Оқои Рафсанҷонӣ бо таъкид бар ин ки аз ҳеҷ як аз номзадҳои интихоботӣ ҳимоят накарда ё дар тадвини барномаҳои онҳо мушорикат надошта, аз сукути раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ дар қиболи изҳороти Маҳмуди Аҳмадинажод эъломи таассуф карда ва навиштааст: "Маъаласаф ин ду пешниҳоди хайрхоҳона амалан пазируфта нашуда ва раҳбари муаззам ҳам салоҳро дар сукуташон диданд ва бе шак ҷомеъа ва бахусус насли ҷавон ниёзманди иттилоъ аз ҳақиқат аст."

Оқои Рафсанҷонӣ дар идомаи нома ба Оятуллоҳ Хоманаӣ навишта бо вуҷуди он ки вазъи мавҷудро ба салоҳи кишвар ва низом намедонад, расман эълом кардааст, ки қасди ширкат дар интихобот ва ҳимоят аз номзади хосеро надорад.

Оқои Рафсанҷонӣ ҳамчунин гуфтааст, аз панҷ сол пеш дар муқобили он чи даври ҷадиди туҳматҳо ва ҳаҷамаҳо хонда, "дандон рӯйи ҷигар дорад" ва аз ин боб мавриди интиқоди дӯстон ва бастагон ҳам ҳаст. 

Оқои Рафсанҷонӣ баъд аз интихоботи давраи пешини раёсати ҷумҳурӣ, ки мунҷар ба шикасти ӯ аз Маҷмуди Аҳмадинажод шуд, номае мунташир кард ва шикасти худро мутаассир аз тахаллуфоти густарда ва созмонёфта дар интихобот ва тахриби чеҳраи худ бо истифода аз будҷаи давлатӣ ва амволи умумӣ донист.

Дар пайи ин эътироз, Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ қувваи қазоияро маъмури шиносоии афроде кард, ки даст ба тахриби оқои Ҳошимӣ задаанд ва масъулони қазоӣ низ дар он замон аз боздошти афроде дар иртибот бо ин иттиҳом хабар доданд, аммо баъди ахбори дигаре дар ин боб мунташир нашуд.

Оқои Рафсанҷонӣ дар номаи ахири худ хитоб ба Оятуллоҳ Хоманаӣ навиштааст: "Агар низом нахоҳад ё натавонад бо падидаҳои зишт ва гуноҳолуде мисли туҳматҳо, дурӯғҳо ва хилофгӯйиҳои матраҳшуда дар он мунозира бархӯрд кунад ва агар масъулони иҷрои қонун нахоҳанд ва ё натавонанд ба тахаллуфҳои сареҳи хилофи қонун дар эълони афрод ба унвони фосид, ки фақат баъд аз исботи тахаллуф дар додгоҳ қобили эълон аст, расидагӣ кунанд ва агар фарде дар мавқеъияти раёсати ҷумҳурӣ бидуни муроъоти мансаби муқаддасаш худро муҷоз ба иртикоби чунин гуноҳони кабира ва ахлоқшикан алорағми савганд ба муроъоти шаръ ва қонун бидонад, чи гуна метавонем худро аз пайравони низоми муқаддаси ислом бидонем?"

Оқои Рафсанҷонӣ дар поёни номаи худ хитоб ба Оятуллоҳ Хоманаӣ навиштааст: "Акнун, ки Имоми роҳил он пирфарзона ва ҳилоли мушкилот ва малҷои ҳама ва ёри сабуру деринаи ҳар дуи мо Оятуллоҳ шаҳиди мазлум дуктур Биҳиштӣ ва бисёре аз ҳамсангарони қадим, ки ё ба файзи узамои шаҳодат расиданд ва ё ба диёри боқӣ шитофтанд ,дар байни мо ҳузур надоранд, шумо мондаед ва ману маъдуде аз ёрон ва ҳамфикрони қадим.

Аз ҷаноби олӣ ва бо таваҷҷуҳ ба мақом ва масъулият ва шахсиятатон интизор аст барои ҳалли ин мушкил ва барои рафъи фитнаҳои хатарнок ва хомӯш кардани оташе, ки ҳамакнун дудаш дар фазо қобили мушоҳида аст, ҳар гуна ки салоҳ медонед, иқдоми муассире бинамоед ва монеъи шуълавартар шудани ин оташ дар ҷараёни интихобот ва пас аз он шавед.

BBC 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi