Шашумин ҳавопаймо бо кӯмаки башардӯстонаи Русия вориди Афғонистон шуд
Ҳавопаймои борбари Ил-76МД-и Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия бо супориши Сарфармондеҳи олӣ Владимир Путин, дар фурудгоҳи Қандаҳори Афғонистон фуруд омад.
25 тонна кӯмаки баршардӯстонаро шаҳрвандони Русия барои мардуми Афғонистон аз қабили хӯрокворӣ ва ашёи зарурӣ ҷамъоварӣ кардаанд.
Кӯмак дар чаҳорчӯби лоиҳаи байналмилалии «Халқҳо дар тӯли солҳо» бо дастгирии Агентии федеролии оид ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва лоиҳаи «Русия бо шумо» ва дастгирии Иттилоотии оҷонсии байналмилалии “Sputnik” расонида шудааст.
Ҳавопайморо мушовири раиси Агентии федеролии умури миллии Русия, раиси Хонаи дӯстии Волгоград Казбек Фарниев, раиси Шӯрои парасторони Хонаи дӯстии Волгоград, соҳибкор аз Москав Ферӯз Рона ва раиси автономии миллӣ-мадании Афғонистон дар шаҳри Волгоград Абдул Манон ҳамроҳӣ карданд. Онҳо ба шаҳрвандони хориҷӣ дар бораи фаъолияти Федератсияи Русия дар соҳаи мусоидат ба рушди байналмилалӣ суханронӣ намуданд.
Дастаи ин иқдоми фарҳангию башардӯстона дар 30 соли ахир бори аввал миёни кишварҳо коридори ҳавоӣ боз карда, барои сокинони кишвари дӯст маводҳои заруриро интиқол доданд.
Ба шарофати дастгирии Президенти Русия нерӯи десантии башардӯстона қодир аст, ки ба таври мунтазам ба мардуми давлатҳои аз офатҳои табиӣ зарардида кӯмак расонад ва на танҳо робитаҳои дипломатӣ, балки робитаҳои инсониро барқарор намояд.
Дар чаҳорчӯби тарҳи "Халқҳо дар тӯли солҳо" Русия ба сокинони Сурия, Фаластин ва Арманистон низ кӯмак расондааст.
Дӯстии бародаронаи байни халқҳои Русия ва Афғонистон торафт мустаҳкам мешавад ва инкишоф меёбад.