ҲАМЛАИ БУМБГУЗОРОНИ ИНТИҲОРӢ
Мақомҳои маҳаллӣ дар вилояти Пактиё, дар ҷануб-шарқи Афғонистон мегӯянд чанд бумбгузори интиҳорӣ маркази фармондеҳии пулиси ин вилоятро ҳадаф қарор додаанд ва тирандозӣ ҳанӯз ҳам идома дорад.
Пулиси вилояти Пактиё мегӯяд панҷ нафар ба манзури бумбгузории интиҳорӣ ба сохтмони фармондеҳии пулиси ин вилоят дар шаҳри Гардиз ҳамла кардаанд ва байни онон ва маъмурони мустақар дар ин маҳал тирандозӣ рӯй додааст. Хабарнигори Би-би-сӣ дар шаҳри Гардиз мегӯяд муҳоҷимон дар сохтмоне дар муқобили фармондеҳии пулис мустақар шудаанд ва дақоиқе пас аз оғози ҳамла садои инфиҷоре дар наздикии сохтмони фармондеҳии пулис шунида шуд.
Ҳанӯз аз талафоти эҳтимолии ин ҳамла ва тирандозии пас аз он миёни муҳоҷимони мусаллаҳ ва нерӯҳои пулиси Гардиз иттилоъи дақиқе дар даст нест. Аммо Руҳуллоҳ Самун, сухангӯйи волии Пактиё гуфтааст, ки се тан аз муҳоҷимон кушта шудаанд ва ду тани дигари онҳо ба муҳосираи нерӯҳои амниятӣ даромаданд.
Манобеъи гурӯҳи Толибон гуфтаанд, ки муҳоҷимони вобаста ба ин гурӯҳ дар ин ҳамла шуморе аз маъмурони пулис ва омӯзгорони хориҷии онҳоро куштаанд, аммо то ҳол ҳеҷ манбаъи расмӣ ин иддаъоро таъйид накарданд. Ба гузориши хабарнигори Би-би-сӣ, сохтмоне, ки дар он муҳоҷимон мустақар ҳастанд, дар муҳосираи нерӯҳои пулис ва нерӯҳои хориҷӣ қарор гирифта ва чанд чархбол ҳам бар фарози ин маҳал ба парвоз даромадаанд.
Ҳамла ба сохтмони фармондеҳии пулис ва идомаи тирандозӣ дар ин маҳал боъис шудааст, то навоҳии атроф тақрибан ба таътиле кашида шавад ва бештари мағозаҳои шаҳри Гардиз баста шуда ва рафту омад дар хиёбонҳои ин шаҳр коҳиш ёфтааст.
Шаҳри Гардиз пеш аз ин ҳам шоҳиди мавридҳои зиёди бумбгузорӣ ва ҳамалоти интиҳорӣ будааст.
Охирин маврид аз ин риштаинфиҷорҳо дар 15 декабри соли ҷорӣ дар наздикии дафтари як муассисаи вобаста ба идораи Тавсеъаи байналмилали Омрико (USIAD) рӯй дод ва панҷ тан, аз ҷумла як фарди хориҷиро кушт. Бар асоси як хабари дигар, нерӯҳои НОТУ дар як эъломияе гуфтаанд, ки чанд шӯриширо дар вилояти Майдон-Вардак, дар ҷануб-ғарби Кобул куштаанд.
Бар асоси ин эъломия, нерӯҳои муштараки НОТУ ва афғон дар пайи дарёфти гузоришҳои иттилоъотии мабнӣ бар ҳузури шӯришиён дар рустое дар вулусволии "Нарх"ба амалиёти ҷустуҷӯ оғоз карданд. НОТУ гуфтааст, ки шӯришиёни мусаллаҳ ҳангоми ин ҷустуҷӯ нерӯҳои муштаракро ҳадафи тирандозӣ қарор доданд, аммо бар асари оташи мутақобил ин нерӯҳо алайҳи шӯришиён, чанд шӯришӣ кушта шуданд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1371-hamlai-bumbguzoroni-intihori.html