12:09:40 24-уми Июни 2025 сол

ТАДОРУКОТ БАРОИ МУЛОҚОТИ САРОНИ РУСИЯ ВА ӮЗБАКИСТОН

 

Вазири хориҷаи Русия ҳадафи аслии дидораш аз Ӯзбакистонро омодагӣ ба дидори сарони Русия ва Ӯзбакистон марбут хондааст. Сергей Лавров рӯзи сешанбеи 22 декабр, зимни суханронӣ дар Донишгоҳи иқтисод ва диплумосии ҷаҳонии шаҳри Тошканд гуфтааст, ки дар назар аст ин дидор дар авоили соли оянда дар шаҳри Маскав баргузор шуда ва дар он масоили мубрам дар равобити Русия ва Ӯзбакистон баррасӣ шавад.

 

Оқои Лавров рушди сареъи бахшҳои энержӣ, нақлиёт ва иртибототи Ӯзбакистон аз авомили ҳамкориҳои миёни Маскав ва Тошканд арзёбӣ кардааст. Ба гуфтаи вазири хориҷаи Русия бо вуҷуди буҳрони ҷаҳониии молӣ ва коҳиши баҳои манобеъи энержӣ табодули коло миёни ин ду кишвар дар даҳ моҳи соли ҷорӣ болиғ ба ду милиёрд дулори омрикоиро ташкил дода ва мизони сармояи Русия дар иқтисоди Ӯзбакистон беш аз 1 милиёрд дулор будааст.

 

Ҳамчунин, дар Ӯзбакистон 800 корхонаи муштарак бо сармояи Русия фаъолият мекунад. Бино ба гузориши хабаргузории РИА Новостии Русия, Сергей Лавров дар ҷараёни мулоқот бо мақомоти Ӯзбакистон мавзӯъи ҳамкориҳои ин ду кишвар дар чаҳорчӯби Созмони Ҳамкориҳои Шонгхой ва вазъияти амниятӣ дар Афғонистонро низ баррасӣ гардидааст.

 

Вазири хориҷаи Русия дар канори Созмони Паймони Отлонтики Шимолӣ ё НОТУ хостори ширкати СҲШ дар конфаронси байналмилалӣ дар масоили Афғонистон шуд, ки дар моҳи январи соли оянда дар шаҳри Лондон баргузор хоҳад шуд. Дар назар аст, дар ин ҳамоиши байналмилалӣ ҳайатҳо аз 68 кишвари ҷаҳон, бо шумули ҳайатҳои кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ширкат кунанд.

 

Зимнан, Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия дар моҳи январи соли ҷорӣ бо сафари давлатӣ вориди Ӯзбакистон шуда ва дар ҷараёни дидор бо Ислом Каримов, ҳамтои ӯзбаки худ аз мавзеъи Ӯзбакистон дар масоили обу энержӣ дар Осиёи Марказӣ пуштибонӣ карда буд.

 

Ӯзбакистон бо иҷрои тарҳҳои бузурги энержӣ дар Тоҷикистону Қирғизистон ибрози мухолифат карда ва гуфта буд, ки ин тарҳҳо дар вазъи муҳити зист ва арсаи кишоварзии кишварҳои поёноб, бавижа худи Ӯзбакистон, асароте манфӣ бар ҷой хоҳад гузошт. Ин гуна мавзеъгирии Русия ба бурузи воканишҳои ҷиддӣ дар Тоҷикистон мунҷар шуда ва то ҳадде барои ба сардӣ гароидани равобити Тоҷикистону Русия шуда буд.

 

Дар амалиёти Эътилофи алайҳи терруризм дар Афғонистон ба раҳбарии Омрико Ӯзбакистон бо Омрико ва Созмони Паймони Отлонтики Шимолӣ (НАТО) ҳамкориҳои танго-танг дошта, аммо ба дунболи ҳаводиси Андиҷон дар соли 2005 равобиташ бо Омрико ва мамолики Ғарб сард гардид. Ҳоло оқои Каримов барои беҳбуди равобит бо Ғарб талош карда ва омодагии худро барои мусоъидат ба неруҳои НАТО дар пайдо кардани масири амни тронзити тадорукот ба Афғонистон эълом кардааст.

 

Аз сӯи дигар, Ӯзбакистон фаъолияти худро дар созмони ҳамкориҳои иқтисодии УруОсиёро қатъ карда ва аз имзои санад дар мавриди таъсиси неруҳои вижаи Созмони Паймони Амнияти Дастиҷамъии ИКММ худдорӣ кардааст. Русия аз аъзои меҳварии ин ду созмон маҳсуб мешавад.

 

Би-Би-Сӣ

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1389-tadorukot-baroi-mulokoti-saroni-russiya-va-uzbakiston.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ