03:45:41 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЭРОН ПРЕЗИДЕНТИ НАВ ИНТИХОБ МЕКУНАД

 

Интизор меравад, дар интихоботи имрӯза президенти феълӣ Маҳмуди Аҳмадинажод ба рақобати шадиди Мирҳуссейни Мусавӣ, собиқ нахуствазир, рӯ ба рӯ шавад. Ин интихобот метавонад барои муносиботи Эрон бо Ғарб муҳим бошад, зеро Ғарб аз барномаҳои ҳастаии ин кишвар нигарон аст. Чаҳор номзади мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар интихобот ширкат мекунанд ва Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури кунунӣ аз ҷумлаи онҳост. Интизор меравад, ки вай ба рақобати шадиди Мирҳуссейни Мусавӣ, нахуствазири собиқи Эрон, рӯ ба рӯ шавад. 

Номзадҳои дигар Меҳдӣ Каррубӣ - собиқ раиси Маҷлис ва Муҳсин Ризоӣ - собиқ фармондеҳи Горди Инқилоб мебошанд. Ин номзадҳо Аҳмадинажодро муттаҳам мекунанд, ки вазъи иқтисодиро бадтар кардааст, бекорӣ афзоиш ёфтааст ва нархҳо боло рафтааст. 

Ислоҳталабон бими онро доранд, ки дар интихобот тақаллуб роҳ меёбад. Агар ҳеҷ як аз ин 4 номзад барои пирӯзӣ раъйи кофӣ ба даст наорад, даври дуввуми интихобот 19-уми июн баргузор хоҳад шуд. 

Таҳлилгарони масоили сиёсӣ дар Тоҷикистон бар ин боваранд, ки сарфи назар аз сари кор омадани ҳар номзаде дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон муносиботи ин кишвари ҳамзабон бо Тоҷикистон тағйире нахоҳад кард. 

Вале бархе аз соҳибназарони тоҷик эътиқод доранд, ки ба сари қудрат баргаштани ислоҳталабон дар Эрон дар намунаи Мусавӣ ё Каррубӣ муносибатҳои Тоҷикистону Эронро ба сатҳи муносибтаре хоҳад овард.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi