18:59:52 07-уми Августи 2025 сол

Русия ва ИМА дар мавриди мулоқоти Путин ва Трамп ба мувофиқа расиданд

Ёвари раисиҷумҳури Федератсияи Русия Юрий Ушаков гуфт, Русия ва Иёлоти Муттаҳида дар бораи мулоқоти Владимир Путин ва Доналд Трамп дар рӯзҳои наздик ба мувофиқа расиданд.

1 putin tramp vstrecha 223545421Вай гуфт: "Бо пешниҳоди ҷониби Амрико тавофуқи усулӣ дар бораи баргузории мулоқоти дуҷониба дар сатҳи олӣ дар рӯзҳои наздик, яъне мулоқоти Владимир Путин ва Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ҳосил шуд."

Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо ба кор дар ин ҳамоиш шурӯъ кардаанд, ҳафтаи оянда ҳамчун меъёр таъин шудааст, аммо гуфтан душвор аст, ки омодагӣ чанд рӯзро дар бар мегирад. Ҷои баргузории вохӯрӣ мувофиқа шудааст, баъдтар эълон хоҳад шуд.

Ёвари президент тавзеҳ дод, ки фиристодаи вижаи Кохи Сафед Стивен Виткофф идеяи мулоқоти сеҷонибаи президентҳо ва Владимир Зеленскийро рӯзи чаҳоршанбе матраҳ карда, аммо Маскав дар ин бора изҳори назар накардааст.

"Мо пешниҳод менамоем, ки пеш аз ҳама ба омодасозии мулоқоти дуҷониба бо Трамп диққат диҳем ва муҳим мешуморем, ки ин вохӯрӣ муваффақ ва самарабахш бошад", — таъкид кард Ушаков.

Вай афзуд, ки мулоқоти Путин ва Виткофф созанда буд, ҳамкориҳои минбаъда барои ҳалли бӯҳрони Украина баррасӣ шуд ва Русия дӯстону шарикони худро аз натиҷаҳои он огоҳ хоҳад кард.

Сафари Виткофф ба Москав

Рӯзи чаҳоршанбе Владимир Путин, намояндаи Амрикоро дар Кремл беш аз се соат ба ҳузур пазируфт. Аз аввали сол ин панҷумин сафари дипломат ба Русия ба шумор меравад.

Тавре Ушаков таъкид кард, раҳбарони ду кишвар тавассути Виткофф дар бораи Украина табодули назарҳо карданд ва дурнамои рушди ҳамкориҳои стратегӣ байни Москав ва Вашингтон низ баррасӣ шуданд.

Трамп баъдан гуфт, ки ду тараф дар ин дидор ба пешрафтҳои бузург ноил шудаанд. Вай музокиротро пурмаҳсул хонд ва афзуд, ки қасд дорад дар рӯзҳои наздик ва ҳафтаҳои наздик барои хатми даргириҳо кор кунад.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ