Русия ва ИМА ба барқарор кардани муносибатҳо шурӯъ карданд
Натоиҷи аслии музокироти Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва Президенти ИМА Доналд Трампро метавон оғози барқарории равобити дуҷониба ва боздиди эҳтимолии ҷавобии Трамп ба Маскав номид, гуфт Лев Сокольщик, корманди илмии Маркази таҳқиқоти ҳамаҷонибаи Аврупо ва байналмиллалии HSE.
"Муҳимтарин чиз дар натиҷа оғози барқарорсозии равобити дуҷониба, сафари эҳтимолии ҷавобии раҳбари Амрикост, ки динамикаи мусбатро мустаҳкам хоҳад кард" - гуфт Сокольщик.
Вай таъкид кард, ки бӯҳрони Украина талошҳои бештари ҳадафмандона барои ҳалли онро тақозо мекунад, аммо хоҳиши ҳалли он рӯшан баён шудааст.
Музокироти Путин ва Трамп дар Аляска баргузор шуд ва беш аз дувуним соат идома кард ва баъд аз он раҳбарони кишварҳо нишасти хабарии муштарак баргузор карданд.
Путин пас аз ин музокирот гуфт, ки авзоъ дар атрофи Украина ба яке аз масъалаҳои меҳварии баҳс дар Аляска табдил шудааст ва ҳамчунин қайд кард, ки ӯ ва Трамп тамоси хуби тиҷоратӣ ва эътимод ба роҳ мондаанд ва бо пешрафт дар ин роҳ, метавон ба низоъ дар Украина хотима дод. Трамп дар навбати худ гуфт, ки дар як қатор созишномаҳо дар бораи Украина ҳанӯз бо Русия мувофиқа нашуд, аммо тарафҳо "имкони хуб" доранд.