ЭРОН ҲУЗУРИ "ДУХТАРИ БИН ЛОДИНРО" ТАЪЙИД КАРД
Мақомоти расмии Эрон хабари паноҳанда шудани духтари раҳбари шабакаи Алқоъида ба сафорати Арабистони Саъудӣ дар Теҳронро таъйид кардаанд. Рӯзи ҷумъаи 25 декабр Манучеҳри Муттакӣ, вазири умури хориҷаи Эрон, дар мусоҳибае бо шабакаи родию ва телевизиюни давлатии Эрон дар посух ба суоле дар мавриди ҳузури хонаводаи Усома бин Лодин, раҳбари Алқоъида, дар Эрон гуфт, ки "муддате қабл сафорати Арабистон хабар дод, ки яке аз духтарони Бин Лодин дар сафорати Арабистон аст."
Оқои Муттакӣ афзуд, ки "вазорати умури хориҷа ба идораи атбоъ ва сафорати Арабистон эълом карда, ки тибқи кунвонсиюн, дар сурати эҳрози (мушаххас шудани) ҳувияти ин фард, ӯ метавонад бо барга аз Эрон убур кунад." Вазири умури хориҷаи Эрон дар айни ҳол гуфтааст, ки "барои мо ҳувияти ӯ муҳарраз (мушаххас) нашудааст, аммо сафорати Арабистон ба ин мавзӯъ изъон (эътироф) дорад."
Изҳороти оқои Муттакӣ як рӯз пас аз он пахш мешавад, ки Ромин Меҳмонпараст, сухангӯйи вазорати хориҷаи Эрон, дар мусоҳиба бо шабакаи телевизиюни инглисизабони Пресс Ти-вӣ (Press TV), аз мукотибаи сафорати Саъудӣ дар мавриди ҳузури духтари Усома бин Лодин дар ин сафоратхона хабар дод.
Оқои Меҳмонпараст дар мусоҳиба бо як шабакаи мутаъаллиқ ба Ҷумҳурии Исломӣ гуфт, ки сафорати Арабистони Саъудӣ расман аз давлати Эрон хостааст, то мадорики лозимро барои хуруҷи фарде, ки гуфта мешавад, духтари Бин Лодин аст, содир кунад. Вай афзуд, ки сафорати Арабистони Саъудӣ иттилоъ додааст, ки ин зан ба таври ғайриқонунӣ ва бидуни доштани мадорики расмии сафар аз марзи шарқии Ҷумҳурии Исломии Эрон вориди кишвар шудааст.
Оқои Меҳмонпараст гуфт, ки бар асоси қавонини Эрон чунин фарде муваззаф аст, то шахсан ба бахши атбоъи хориҷӣ муроҷеъа ва дархости судури мадорики хурӯҷро таслим ва мақсади сафари худро низ қайд кунад.
Дар гузориши Пресс Ти-вӣ омадааст, ки мақомоти марзии Эрон гуфтаанд, ки савобиқе, ки дар ихтиёр доранд, ҳовии иттилоъоте дар мавриди вуруди духтари Бин Лодин ба Эрон нест, ҳарчанд имкони убури ғайриқонунии чунин фарде аз марзро мунтафӣ (рад) надонистаанд. Рӯзи сешанбеи ин ҳафта сухангӯйи Вазорати хориҷаи Эрон дар як нишасти хабарӣ ҳузури аъзои хонаводаи Усома бин Лодин дар Эронро такзиб карда буд.
Хабари паноҳандагии духтари Усома бин Лодин ба сафорати Арабистон дар Теҳрон чанд рӯз пеш дар рӯзномаи арабизабони "Аш-Шарқ-ал-Авсат", чопи Ландан, ва чанд нашрияи дигари арабӣ интишор ёфт. Дар гузориши ин рӯзнома омада буд, ки духтари Бин Лодин, ки ба ҳамроҳи бародаронаш дар тӯли ҳашт соли гузашта дар Эрон таҳти боздошти хонагӣ буданд, моҳе пеш зоҳиран ҳангоми харид дар Теҳрон тавонист аз дасти маъмурони эронӣ бигрезад ва ба сафорати Саъудӣ паноҳанда шавад.
"Аш-Шарқ-ал-Авсат" ба нақл аз Умар бин Лодин, писари Усома бин Лодин, навишт, ки хоҳараш дар тамоси телефунӣ аз сафорати Арабистон дар Теҳрон гуфтааст, ки бародараш Саъд бин Лодин, ки чанде пеш хабари кушта шудани ӯ мунташир шуда буд, ҳам зинда аст ва ҳамроҳ бо дигар бародаронаш дар Эрон ба сар мебарад.
Усома бин Лодин, ки ба гуфтаи манобеъи ғарбӣ эҳтимолан дар манотиқи марзии Покистон ва Афғонистон паноҳ гирифта, дар асл тобеъияти Арабистони Саъудиро доштааст. Раҳбари шабакаи Алқоъида, ки таҳти таъқиби нерӯҳои иттилоъотии теъдоде аз кишварҳои ҷаҳон аст, нуздаҳ фарзанд аз чанд ҳамсари худ дорад, ки ниме аз онон ҳамакнун дар Арабистон ва Сурия зиндагӣ мекунанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1407-iron-huzuri-dukhtari-bin-lodinro-tayid-kard.html