15:50:19 24-уми Апрели 2026 сол

Шикасти қарибулвуқуъи Трамп дар ҷанг алайҳи Ирон!

Дар ҷаҳони муосир воқеъаҳои ғайриодӣ ва ҳайратангезе бахусус аз соли 1991, замони аз байн рафтани яке аз ду суперабарқудратҳои ҷаҳонӣ, ватани бузургамон СССР рух дода истодааст, ки ҷаҳонро ба ларза меоваранд.

shikasti tramp 45545412122Агар ба навиштаҳои нависанда ва публисисти америкоӣ, ки дар китоби «Даҳ рӯзе, ки оламро ба ларза овард!» оиди замони аввалин инқилобу пирӯзии синфи коргару деҳқон (Инқилоби сотсиалистии Октябр) андеша ронда ва изҳор доштааст, ки ин воқеъаи муҳим дар таърихи инсоният ҷаҳонро дар зарфи 10 рӯзи аввал хело такон додаву сарнавишти инсониятро дар асри ХХ дигар намуд, пас аз байн рафтани ин кишвари абарқудрат ва блоки ҳарбии кишварҳои сотциалистӣ (кишварҳои аъзои Блоки ҳарбии Шартномаи Варшава), ки аз НАТО тавоноияш болотар буд, инак аз соли 1991 соле набудааст, ки дар сайёраи Замин мардум тенҷу осуда зиндагонӣ карда бошанд.

Сиёсати ба вуҷудовардаи ҷаҳони якқутба, ки дар натиҷаи фаъолияти хиёнаткоронаи Горбачёв ва элитаи бузурги хоинони ватани шӯравӣ аз Кремл боиси аз байн рафтани ҷаҳони дуқутба, ки аз соли 1945 баъди сулҳи Потсдам ҷаҳонро байни абаркудратҳо тақсим, ин ҷаҳони дуқутба то андозае тавонист муддати 46 сол оромии нисбиро дар ҷаҳон таъмин ва то андозае нақши СММ ва дигар созмонҳои ҷаҳониро боло бурда, эҳтиром ба санадҳои ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама эҳтиром ва иҷрои санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро хело хуб таъмин намояд аз байн бурда шуд.Акнун кишварҳои чун ИМА ва ҳамтоёну иттифоқчиёнаш аз Аврупои Ғарбӣ аз набудани «Шери ҷангал» СССР ва сохти бениҳоят инсонпарваронаи умумихалқии сотсиалистӣ ва блоки ҳарбии ин кишварҳо (Шартномаи Варшава) истифода бурда. Зери сиёсати дурӯғини «демократия ва озодӣ» баромад намуда, ба ҳуҷуми рӯи рост ба кишварҳои мустаъқил дар қораҳои гунрогуни олам рӯй оварданд.

Агарчӣ онҳо зери шиори обшустаи «демократия ва озодӣ» амал мекарданд, вале дар асл мақсад дигар буд. Инҷо сиёсати авомфиребонаи манфиатдорӣ, зери даст гирифтани кишварҳои зиёде ва хосатан ҷаҳонӣ сеюм, ки соҳиби боигариҳои зиёди зеризаминӣ (хосатан нафту газ, металҳои нодир ва ранга…) рӯи мезанад. Аз назари мардуми ҷаҳон то ҳанӯз бомбаандозии ҳавопаймоҳои ИМА ва дигар кишварҳои аъзои НАТО шурӯъ аз соли 1991 дар Югославия ва дигар кишварҳо нарафтааст. Ин корро онҳо баъдан пайваста аз суст гаштани мавқеъи СММ дар сатҳи ҷаҳон бар асари набудани боли қавии ин созмони забоне бонуфуз СССР истифода карда дар тамоми ҷаҳон роҳандозӣ карданд.

Маҳз ҳамин кишварҳои ба ном «демократӣ» (дар асл кишварҳои истисморгари олами сармоя) баъдан ба ташкилу ёрии молиявӣ ба гурӯҳҳои радикалии динӣ ва хосатан дар байни мусулмонони зудбовар шурӯъ намуданд, ки яке аз инҳо Бин Лабони араб буд, баъдан ба дарди сари амрикоиҳо табдил ёфт. Ана ҳамин гуруҳҳо низоъу хархашаро дар кишварҳое чун Афғонистон, Ироқ, Сурия, Лубнон, Сомалӣ, Либиё… роҳандозӣ намуданд. Ташкилотчии табадулотҳое бо номи «Баҳори араб» низ ҳамин кишварҳо буданд.

Бо гузашти вақт вақто, ки кас дубора ба асарҳои назариётчиёни марксзим ва ленинизм (Маркс, Энгелс, Ленин) рӯ меоварад ба дурустии назарияи онҳо пурра бовар мекунад. Эҳсос мекунад, ки ин сиёсатмадорону олимони барҷастаи замони худ, чи гуна тавонистаанд, ки табиати гургонаи олами сармоя ва нақшаи таксими ҷаҳону нафту газу дигар сарватҳо кашидаву дар фикри обро лой намуда доштани моҳи буданд (вақто, ки кас ба мақолаҳои В.И.Ленин, ки ҳанӯз пеш аз Инқилоби Октябр вобаста ба сиёсати абарқудратҳо ИМА, Англия, Русияи подшоҳӣ, Олмон…оиди таъсиргузор будан дар ҳаёти сиёсии Ирон, табартақсими он ба хотири даст ёфтан ба сарчашмаҳои нафту газ ин кишвари бузург шинос мешавад, сахт ба шигифт меояд-ана дар ҳаминҷо камназирӣ ва шахсияти бузурги ҷаҳонӣ будани В.И.Ленин дар андешаи банда баъди 35 соли барҳам хӯрдани СССР бори дигар ҷилвагар гашт-шарҳи Варқаи Зайниддин).

Ҳақ ба ҷониби саромадони марксизм ва ленинизм аст, олами сармоя, сохтори ифлоси империализми ҷаҳонӣ танҳо дар андешаи муфт ба даст ёфтан бе сарфаи як пули пучак дар кишварҳои олам дар гардиш аст. Барои ин сохтор на маънавиёт, на эҳсоси инсонгароӣ, на фарҳанг нақше надорад. Танҳо баҳонае лозим ҳаст, ки кишвари оромеро ноором сохтаву бо баҳонаи ночизе, ин кишвар ва мардуми осоиштаи он ва алалхусус тифлакони бегуноҳро зери бомбаборон қарор диҳанд (мислои барҷастааш ин катли ҷигарсӯзи ҳазорон тифли маъсуси кишвари ғамзадаи Фаластин, ҳамчунин 200 нафар духтарчаи аз 6 то 12 сола дар кишвари Ирон аст).

Маҳз набудани масъулият дар назди ҷомеъаи ҷаҳонӣ, асолату одамгарӣ ва бахусус мавҷуд набудани қутби дуюми нерӯи ҷаҳонӣ СССР, блоки сотсиалистӣ ва блоки ҳарбии он, олами сармояро бо роҳбарии ИМА шерак сохтаву онҳоро ба таҷовузу бомбаандозӣ ва ба хок яксон кардани шаҳру кишварҳо дар қораҳои Аврупо, Осиё, Африқо, Амрикои Ҷанубӣ оварда истодааст. Мисоли барҷастааш боз пешниҳоди дурӯғини роҳбарияти олии ИМА ба СММ дар вақташ пробиркае бо гӯё намунаи моддаи яроқи кимиёии Ироқ буд, баъди оташзании ин кишвар ва оғуштаи хун намудани он, маълум гашт, ки ҳамаи он пробирка нишондиҳии янкиҳо аз дурӯғзанӣ ва мазҳакае беш набудааст.

Маҳз набудани қувваи пешгирикунанда ИМА ва ҳамтоёни эшонро ба чунин амалҳои нангин бурда истодааст. Онҳо медонанд, ки касе пишаки онҳоро пиш гуфта наметавонад, СССР машҳур дигар вуҷуд надорад (Русия ва Чин ҷои СССР-ро гирифта наметавонанд) ва берӯёна ва худсарона ба хотири манфиатҳои олами сармояи худ ба чунин кор машғул астанд. Шоири хирадгарои тоҷик, устоди зиндаёд Мӯъмин Қаноат дар асари мондагори худ бо номи «Ёддоштҳо ва бардоштҳо» (чопи соли 2012) ба масъалаи Ирон ва таҷовузи ИМА ва Исроилу баҳонаҳои дурӯғини онҳо дахл намуда гуфта буд, ки замоне фаро расидааст, ки дигар маънавиёт, инсонгарӣ, дӯстӣ дар ҷомеъаи ҷаҳонӣ арзише надорад, вақто, ки ҷомеъаи ҷаҳони наметавонад аз кишвари Ирон ҳимоя намояд, дигар дар бораи кадом арзиши инсони метавон сухан гуфт? Ин суханони саҳеҳи устод расо 14 сол пеш ироа гаштаанд ва ҳақиқати худро ёфтанд.

Имрӯз кишвари ИМА бо роҳбарии президенти вақти худ Доналд Трамп ва сарвазири кишвари ғайриқонунӣ сохташудаи Исроил Бенямин Нетаняху бе ягон сабаб ба кишвари Ирон-гаҳвораи тамаддуни башарият ва гаҳвораи аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар (Эъломияи наҷотбахши халки яҳуд, Куруши Кабир) бе ягон асос бо роҳи фиреб ҳуҷум оварда шаҳру деҳот, мактабу беморхона боғчаҳои кӯдакон, боғоту ғаллазор ва тамоми бахшҳои барои ҳаёт зарурии ин кишвари бузурги ҷаҳони исломро бо теъдоди анқариб 90 миллион аҳолӣ ба хоку хун кашида истодааст, вале ҷомеъаи ҷаҳонӣ хомӯш аст! Ҳоло, он ки ҳамин кишварҳои ғарбие чун Англия, Фаронса, Олмон…дар соли 2001, замони ҳуҷуми гуруҳҳои террористӣ) тарбиятгирифтаи худи онҳо) ба маркази савдои Манхетен зуд изҳори нороҳатӣ кардаву ин амалҳо ҳуҷум ба тамадуни башарият дар ҳар як нишасташон мегуфтанд!

Имрӯз ИМА ва Исроил ба як қатор қасру кӯшкҳо, ки аз тарафи ЮНЕСКО чун сарвати бузурги тамадуни башарӣ шинохта шудаанд ҳуҷум овардаву онҳо несту нобуд намуда истодаанд. Аз ягон кишвари «тамадунофари аврупоӣ» ба ҷуз Испанияи ҷавонмард нашунидем, ки эътироз карда бошанд барои амалҳои фашистӣ, вандализим ва ҷинояти зидди тамадуни маъруфи ҷаҳонӣ!

Яъне кишвар агар мусулмоннишин аст ва сиёсати озоди мустаъқилона дорад ва нафту газаш ҳамчун сармояи миллии мардуми ин кишвар дониста мешавад метавон онро несту нобуд ва мардумашро қатли ом (генотсид) кард?!

Сухану эътирози СММ ва ЮНЕСКО барои ИМА ва Исроил (кишвари кӯчаки ғариқонунӣ) билкул таъсиргузор нест. Ҳарчи хоҳанд кардан мегиранд. Боиси таассуф аст, ки дар як кишвари бузурги олам бо номи ИМА як сиёсатмадори боақлу босавод ва дурандешу ҷавоне пайдо нагашт, ки ин кишварро соҳибӣ кунад. Чунин шахсе чун Трамп вақто, ки ба сухани роҳбарияти як кишвари карликӣ ва ғайриқонунӣ мисли Исроил гӯш меандозад ва ӯро фиреб карда бо ғаразҳо манфиатҳои худ ба кишвари озодаи Ирон-маркази тамадуни ҷаҳонӣ ба ҷанг мекашанд ин сароғози фоҷеаҳои ин кишвар ва шояд дар оянда боиси азбайн рафтани ИМА низ гардад. Инҷо ҷои шакку шубҳае низ нест! Шумо бубинед, маълум мешавад, ки манфиатҳои зиёда аз 2 миллиард аҳолии мусулмони ҷаҳон барои ИМА, дар муқобили 7 миллион яҳудии Исроил ба як пайсаи сиёҳе низ намеарзидаанд.

Доналд Трамп аз рӯзи ба сари қудрат омаданаш ҳам дар давраи аввали президентияш ва ҳам дар навбати дуюм дар соли 2025 иддаои гирифтани мукофоти Нобелро дар роҳи сулҳро дошт ва ба мардуми ҷаҳон гапфурӯшии зиёде мекард (баъдан маълум гашт, ки ин суханҳо ҳамагӣ аз ҳубобе беш нестанд). Маҳз бо ҳидоят ва сарварии ин шахс Исроил моҳи августи соли 2025 ба Ирон ҳуҷумҳои аблаҳона ва ғайрибашариро анҷом дод. Аҷоибаш ин аст, ки ин кишварҳо ва кишварҳои Ғарбӣ тӯтивор як суханро такрор мекунанд. Ирон мақсади сохтани силоҳи ҳастаиро дорад! Мебахшед созад, бигузор созад. ИМА онро сохт, Исроил бошад ғайриқонунии нақшаи онро дуздида, онро сохт, пас чаро Ирон наметавонистааст, ки онро созад! Шумо месохтаед ва дигар кишварҳои оламро тарсонида бо ин роҳ ба молу колони арзони онҳо даст меёфтаед.

Ин амал комилан нодуруст аст. Он чиз боиси таассуф ва нигаронии тамоми ҷомеъаи ҷаҳонӣ бояд гардад, ки Доналд Трамп, ки саводи қазие надорад дар як баромадаш рӯи рост иброз дошт, ки барои ИМА ягон санади байналмилалии ҳуқуқӣ коргар нест! Барои мо пеш аз ҳама манфиатҳои ИМА боло меистанд. Ин сухан чунин маъно дорад, манфиатҳои 7 миллиарду 730 миллион аҳолии дигари ҷаҳон барои Трампу гуруҳи кучаки ҷинояткораш билкул арзише надошта, манфиатҳои 330 миллион аҳолии ИМА аз ҳама боло меистад, ки чунин суханҳо боиси ташвиши на танҳо ҷомеъаи ҷаҳонӣ, балки худи ҷомеъаи андешаманди америкоиҳо низ бояд карор бигирад.

Ин шахс муддати зиёде ба таҳқири СММ, Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва ғайраҳо машғул буда, дар муқобили СММ бошад, Шӯрои сулҳи ҷаҳонро, ки арзише надошта ба ҷалласаи он бо диди худаш роҳбарони як қатор давлатҳоро ҷеғ зад ва дар хусуси сулҳ, ба охир расидани ҷанги Украина ва Русия гуфта гузашт (бархе аз сиёсатмадорон ба суханҳои пойдарҳавои ин шахс бовар низ карданд).

Баъди чанде ба кишвари озоде чун Венесуела ҳуҷум оварда зиёда аз 40 нафар одамро кушта, президенти қонунан интихобгаштаи онро дуздида ба ИМА бурданд (гуноҳи президентҳо Мадура ва Уго Чавес он буда, ки нафту гази Венесуеларо моликияти умумиллии халқи кишварашон эълом карданд). Фурӯ аз ин ба таҳдиди кишвари Дания ва ғасби ҷазираи Гренландия овоз баланд кард. Баъди чанде аниқтараш замоне, ки гуфтушунидҳо оиди яроқи ҳастаии Ирон мерафт (яроқи ҳастаи ин як баҳона аст мақсад ин аз байн бурдани истиқлолияти ин кишвари исломист на чизи дигар) бо дассисаҳои сарвазири Исроил Нетаняху санаи 28-уми феврали соли равон бе ягон асос ба ин кишвар ҳуҷум намудаву роҳбарии олии Иронро бо наздиконашу садҳо, ҳазорон кӯдаку мӯсафеду беморону ҷавононро ба ҳалокат расонида, инак ҳоло таҳдиди навбатияшро нисбати Куба аҷом дода истодааст. Роҳи ҳалии қазияи Украина ва Русияро бошад ҳеҷ не ки амалӣ созад.

Як чиз аниқ аст президенти кунунии ИМА, Доналд Трамп обрӯи ИМА-ро ҳатто аз замони аблаҳтарин шоҳи ҷаҳон дар асри ХХ, президенти вақти СССР Михаил Горбачёв, ки обӯри СССР -ро то зинаҳои пасттарин резонида буд, метавонад резонад ва ин кор аллакай дар назди чашми мардуми сайёраи Замин шурӯъ гаштааст.

Аз ин рӯ фикр мекунам, ки Доналд Трамп дар соли 2026 яке аз сазовортарин нафароне аз байни сиёсатмадорони олам хоҳад буд, ки барои гирифтани мукофоти Шнобелӣ дар таҳкими сулҳу субот дар ҷомеъаи башарӣ, ки аз худ «нақши мондагореро гузоштааст» арзанда ва ба ин мукофоти «олӣ ва то андозае мазҳакавӣ» арзанда ҳаст. Супоридани ин мукофот маротибаи аввалин дар шаҳри Сюрихи Швейсария дар моҳи сентябри соли равон дарназар дошта шудааст (маъракаи супоридани ин мукофот ҳарсола дар Донишкадаи технологии Массачусет ва ё Донишгоҳи маъруфи Гарвард доир мегашт, баъди дуюмбора президент интихоб гаштани Доналд Трамп супоридани ин мукофотро дар хоки ИМА мавсуф маън кард).

Бояд гуфт, ки барои чунин хизматҳояш вобаста ба пешгирии бемории «Ковид-19» дар соҳаи илми соҳаи тандурустӣ соли 2020 ӯ ба ин мукофот лоиқ дониста шуда буд. Агар ӯ ин мукофотро гирад, он гоҳ номаш дар таърихи ин мукофот пайваста ёд карда хоҳад шуд.

Варқаи Зайниддин, Узви ИЖ Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ