15:04:38 24-уми Июни 2025 сол

ҲАМАЛОТИ ИНТИҲОРӢ ДАР ИРОҚ

Як мақоми баландпояи маҳаллии Ироқ ҳадафи суиқасди интиҳорӣ қарор гирифтааст. Рӯзи чаҳоршанбе, 30 декабр, манобеъи пулиси шаҳри Рамодӣ, маркази устони Аланбор, гузориш карданд, ки маркази ин шаҳр ҳадафи ду ҳамлаи интиҳорӣ қарор гирифта, ки бар асари он дастикам дувоздаҳ нафар кушта ва беш аз сӣ тани дигар, аз ҷумла Қосим Муҳаммад, устондори Аланбор захмӣ шудаанд.

 

Гузоришҳои қаблӣ аз кушта шудани оқои Муҳаммад дар ин инфиҷорҳо ҳикоят дошт, аммо муъовини устондорӣ ин хабарро такзиб карда ва гуфтааст, ки устондор дар ин ҳодиса захмӣ шудааст. Аксари қурбониёни ин ҳамалот аз маъмурони пулис буданд ва теъдоде аз аъзои Шӯрои маҳаллӣ ва муъовини фармондеҳи пулиси устон дар миёни кушташудагон гузориш шудаанд. Ба гуфтаи пулиси Аланбор, ин ду инфиҷор дар фосилаи замонии кӯтоҳе аз якдигар рӯй дод ва ба назар мерасад, ки ин ҳамалот бо ҳамоҳангии қаблӣ ба иҷро гузошта шуд.

 

Дар нахустин ҳамла, ронандаи як утумубили бумбгузоришуда ин худравро мунфаҷир кард ва кӯтоҳмуддате пас аз он, инфиҷори дигаре дар наздикии ҳамин маҳал рӯй дод. Пас аз вуқӯъи инфиҷори аввал, ки дар наздикии сохтмони устондорӣ рӯй дод, устондори Аланбор барои назорат бар амалиёти наҷот дар маҳал ҳозир шуд ва дар ҳамин замон, инфиҷори баъдӣ рӯй дод, ки чанд нафарро кушт ва ӯро захмӣ кард. Зоҳиран омили инфиҷори дувум фарде буд, ки пиёда ба маҳал наздик шуд ва бумби ҳамроҳи худро мунфаҷир кард.

 

Устони Аланбор, аз ҷумлаи марокизи фаъолияти гурӯҳҳои суннии мухолифи ҳузури низомии хориҷӣ дар Ироқ маҳсуб мешавад ва дар солҳои пас аз режими Саддом Ҳусейн шоҳиди амалиёти густардаи шӯришиёни мусаллаҳ буд. Ин устон дар минтақае воқеъ аст, ки дар пайи суқути Саддом Ҳусейн, ба "мусалласи суннинишин" ва маҳалли тамаркузи амалиёти мухолифони давлати марказӣ ва нерӯҳои хориҷӣ машҳур шуд.

 

Гуфта мешавад, ки бисёре аз аъзои гурӯҳҳои исломгарои вобаста ба шабакаи Алқоъида низ дар ин маҳал мустақар буданд ва бо ҳимояти мухолифони суннии давлати марказӣ, ба созмондиҳӣ ва иҷрои ҳамлоти мусаллаҳона, аз ҷумла бумгузориҳои интиҳорӣ мубодират мекарданд.

 

Бо ин ҳама, дар пайи иҷрои сиёсати давлати Омрико барои тамаркузи қаво бар поксозии манотиқи фаъолияти гурӯҳҳои тундрави мусаллаҳ, ин минтақа аз соли 2006 шоҳиди шаклгирии гурӯҳҳои бедорӣ барои ҳифзи амнияти маҳаллӣ ва муқобила бо шӯришиёни сломгарои хориҷӣ будааст. Ташкили гурӯҳҳои бедорӣ, ки умдатан зери назари руасои қабилаҳо ва ришсафедони суннӣ фаъолият мекунанд, омили коҳиши ноамнӣ дар манотиқи суннинишини Ироқ муъаррифӣ шудааст.

 

Бо ин ҳама, дар моҳҳои ахир, манотиқи Ироқ шоҳиди ташдиди амалиёти бумбгузорӣ буда, ки талафоти сангинеро ҳам барҷой гузошта ва боъиси нигаронӣ дар мавриди оғози мавҷи дигаре аз фаъолияти мухолифони мусаллаҳи давлати марказӣ шудааст. Давлати Омрико дар назар дорад дар сурати муносиб будани шароит, нерӯҳои низомии худро то ду соли дигар аз Ироқ хориҷ кунад ва ҳифзи амнияти ин кишварро ба таври комил ба ниҳодҳои дохилӣ бисупорад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1439-hamaloti-intihori-dar-irok.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ