13:40:30 02-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/01/01_--01-a-a-afganistan2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/01/01_--01-a-a-afganistan2.jpg'

АФҒОНИСТОН: ХАБАРНИГОРОН РАБУДА ШУДАНД

Мақомоти афғон мегӯянд афроди мусаллаҳ ду шаҳрванди фаронсавиро дар вилояти Кописо дар шимоли Кобул ихтитоф кардаанд (рабудаанд). Ба гуфтаи мақомҳои афғон афроди рабудашуда хабарнигорони як рӯзномаи маҳаллии фаронсавӣ ҳастанд. Ҳалим Айёр, сухангӯи волии Кописо мегӯяд ин афрод ҳамроҳ бо ду мутарҷими афғон замоне рабуда шуданд, ки аз минтақаи Сурубии Кобул ба суи вулусволии Такоби вилояти Кописо мерафтанд.

 

Оқои Айёр афроди марбут ба гурӯҳи Толибонро муттаҳам ба ин одамрабоӣ кардааст, аммо то ҳоло ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин одамрабоиро ба уҳда нагирифтааст. Ӯ мегӯяд ин хабарнигорон нерӯҳои амниятиро дар ҷараёни сафари худ ба вулусволии Такоб қарор надода буданд. Масъулони амниятӣ дар оғози амалиёти ҷустуҷӯ барои радёбии ин хабарнигорон хабар додаанд.

 

Ин одамрабоӣ ҳамзамон бо яке аз хунинтарин ҳамалоти Толибон ба корманоди Созмони Иттилоъотии Марказии Амрико сурат мегирад. Субҳи имрӯз як бумбгузори интиҳорӣ пойгоҳи гурӯҳи бозсозии вилоятиро дар Хуст дар шарқи Афғонистон ҳадаф қарор дод, ки дар он ҳашт нафар кормандони Созмони Иттилоъотии Марказии Амрико кушта ва ҳафт тани дигар захмӣ шуданд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1449-afghoniston-khabarnigoron-rabuda-shudand.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854