13:37:17 02-уми Июни 2025 сол

НУФУЗИ ҶАНГСОЛОРОН: КОҲИШ Ё АФЗОИШ?

Бархе аз коршиносон рад шудани номзадҳои пешниҳодии Ҳомид Карзай, раиси ҷумури Афғонистонро аз тарафи парлумони ин кишвар аломати коҳиши нуфузи ҷангсолорон меноманд, вале бархи дигар мегӯянд, қувваозмоӣ ҳанӯз дар пеш аст.

 

Ҷавоби радди парлумон ба номзадҳои Карзай мардуми Афғонистонро хушбин кардааст, ки шояд парлумон тавонад, нерӯи нафаронеро, ки бо пуштибонӣ аз амалиёти Амрико дар Афғонистон рӯи кор омаданд, коҳиш диҳад. Рузе, ки президент Карзай бо олимону рӯзноманигорон ва раҳбарони созмонҳои ғайридавлатӣ гуфтугӯи муфассалеро анҷом дод, ҳадаф дошт, дар ростои нишасти байналмилӣ оиди Афғонистон бо дидгоҳи ин гурӯҳҳо роҷеъ ба вазъи кишвар ошно шавад.

 

Аҳмад Саид, коршиноси афғон, ки дар ин нишаст ҳузур дошт, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба Карзай машварат додааст, ки дар баробари ҳамкорӣ бо шарикони Ғарбӣ ҳамчунин равобити хубро бо ҳамсояҳо ба роҳ монад, ки дар дохили кишвар нуфузи беандоза доранд.

 

Аммо Аҳмад Саид гуфт, ки шарҳи у дар масоили дохилии Афғонистон бисёр тунд будааст. Ӯ ба раиси ҷумҳур гуфтааст, ки дар сиёсаитҳои дохилӣ танҳо бо иддае машварат макунад, ки худро тиккадори қавм ва тиккадори ҷиҳод унвон мекунандҷ Аммо ин гуна машваратҳо бо мардуми огоҳ анҷом намешавад. Оғои Саид ҳамчунин ба карзай гуфтааст, ки мухолифати ӯ бо гарб ба манфиати Афғонистон нест.

 

Ин шарҳ баёнгари он аст, ки дар ду моҳи аввали даври дуввуми раёсаташ талошҳои Карзай ба талабҳои дохиливу хориҷӣ ҷавобгӯ бошад. Намунаи рӯшани ин равиш қарори парлумолн аст, ки аз се ду ҳиссаи номзадҳои Карзайро напазируфт. Карзайро зарур аст, ки ҳукумати технократ ва соҳиби дасту дили покро то охири ҳафта таъсис диҳад ва 17 вазирро аз зери заррабини шарикони хориҷӣ ва қонунгузрони дохилӣ гузаронад. Аммо ҷангсолорон ва афроди нирӯманди дигар, ки дар интихоботи зиддулнақизи раёсати ҷумҳур аз Карзай пуштибонӣ кардаанд, акнун аз ӯ боздеҳ мехоханд. Карзай бояд номзадҳои мавриди назари онҳоро дар ҳукумат ҷой диҳад.

 

Фармондеҳи узбак Абдулрашид Дустум ва фармондеҳи ҳазора Ҳоҷӣ Муҳаммад Муҳаққиқ зимни пахши як изҳорот аз раиси ҷумҳур талаб кардаанд, ки ё номзадҳои аввалро дубора ба парлумон пешниҳод кунад ва ё номзадҳои навро ба намояндагони мардуми шинос кунад. Аломатҳое ҳам вуҷуд доранд, ки баъзе гурӯҳҳои муҷоҳидони собиқ барои ҳолатҳои истисноӣ, мисли даст кашидани Карзай аз ваъдаи худ, стратегияи сиёсӣ таҳия кардаанд.

 

Устоди риштаи қонун ва сиёсати Донишгоҳи Кобул Насруллоҳ Станекзай мегӯяд, ҷангсолорон ва фармондеҳони низомӣ он таъсирро, ки як замоне доштанд, аз даст медиҳанд. Ӯ аз интихоботи соли 2009 намуна овард, ки баъзе фармондеҳон ба Карзай пуштибонии гурӯҳҳои қавмиро ваъда карданд, аммо муваффақ нашуданд. Станекзай ҳамчунин мутмаъин аст, ки дар сурати ворид нашудани номзадҳои ҷангсолорон ба ҳукумат, ин гурӯҳҳо наметавонанд, барои ҳукумат мушкилоти бунёдӣ эҷод кунанд.

 

Аммо дидгоҳи Томас Руттер-дипломати собиқи Созмони Милали Муттааид ва Иттиҳоди Аврпуо ба ин масъала фарқ мекунад. Руттер бо даъвати эҳтиёткорӣ дар баррасии ин масъала ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Карзай ҳеҷ гоҳ нияти даст кашидан аз номзадҳои фармондеҳонро надорад. Томас Руттер бар пояи иттилои манбеъи худ дар Кобул мегӯяд, ки эҳтимолан Карзай чаҳор номзади радшуда, бо шумули Исмоил Хон- собиқ вазири энержии Афғонистонро дубора ба парлумон пешниҳод хоҳад кард. Аз сӯи дигар, гуфт собиқ дипломат, пофишории парлумон Карзайро ба интихоби номзадҳои қавӣ водор хоҳад кард.

 

Томас Руттер мегӯяд: "Ин амал дастҳои Карзайро бозтар мекунад. Ӯ метавонад бигӯяд, ки ҳар чи аз дастам омад, анҷом додам, аммо парлумон рад кард. Акнун умедворам шумо номзадҳои беҳтареро пешбарӣ кунед. Ин ҳамон талабест, ки нишасти Лондон дар миён гузоштааст. Ҳоло бубинем, ки бахши дигари номзадҳо чӣ гуна хоҳанд буд."

 

Ба фарқ аз коршиносони афғон, Томас Руттер коҳиши нуфузи ҷангсолоронро мушоҳида накардаст. Ӯ мегӯяд ҷангсолорон дар ҷоемаи кишвар, дар иқтисод ва дар сиёсат нуфуз доранд. Ба андешаи ӯ, барномаи Ғарб барои таъсиси ҷомеъаи зидди Толибон дар Афғонистон ба ҷангсолорон имкон медиҳад, ки нақши сиёсӣ ва низомии худро афзунтар кунанд.

 

"Ман дар дидгоҳи Карзай ва дар бахшҳои дигари сиёсати Афғонистон ҳеҷ дигаргунии ҷиддиро мебинам," мегӯяд дипломати собиқи Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Аврупо Томас Руттер.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1493-nufuzi-jangsoloron-kohish-yo-afzoish.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854