ПАХШИ ТАСВИРИ "БУМБГУЗОРИ CIA" ДАР АФҒОНИСТОН
Ин бумбгузори интиҳорӣ тавонист ҳафт маъмури иттилоъотии Омрикоро нобуд кунад Телевизиюнҳои арабӣ ва покистонӣ тасвири эҳтимолии марди урдуниеро нишон доданд, ки гурӯҳе аз маъмурони иттилоъотии Омрико (CIA) дар Афғонистонро мунфаҷир карда буд.
Дар видиюклипе, ки телевизиюни Алҷазира нишон дод, марде, ки гуфта мешавад бумбгузори интиҳорӣ Ҳумом Халил Абӯмулол ал-Балавӣ аст, савганд мехӯрад, ки интиқоми хуни Байтуллоҳ Меҳсуд, раҳбари Толибон дар Покистонро хоҳад гирифт.Як шабакаи телевизиюнии Покистон тасвири видиюии ин бумбгузори эҳтимолиро ҳамроҳ бо Ҳакимуллоҳ Меҳсуд, ҷонишин ё вориси раҳбари Толибон, нишон додааст. Аммо сиҳҳати ин видиюклип таъйид нашудааст.
Дар инфиҷоре, ки ин бумбгузори интиҳорӣ дар Афғонистон сурат дод, ҳашт нафар кушта шуданд. Ҳафт нафари онҳо маъмурони Ожонси марказии иттилоъоти Омрико (CIA ё ЦРУ) ва фарди ҳаштум як афсари сервиси иттилоъотии Урдун буд. Ин ҳамла ба нерӯҳои омрикоӣ, ки дар вилояти Хуст, дар шарқи Афғонистон, рух дод, маргбортарин ҳамла ба маъмурони иттилоъотии Омрико аз замони ҳамла ба сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Бейрут дар соли 1983 маҳсуб мешавад.
Хунхоҳии Толибон
Дар тасвири видиюӣ, ки телевизиюни Алҷазира нишон дод, марде, ки гумон меравад ал-Балавӣ буда бошад, мегӯяд, ки ӯ ба "душманони ислом" паём мефиристад. Вай Ожонси марказии иттилоъоти Омрико ва сервисҳои иттилоъотии Урдунро аз ҷумлаи ингуна душманон мехонад. Ин видиюклип зоҳиран ал-Балавиро дар канори Ҳакимуллоҳи Меҳсуд, раҳбари Толибон, нишон медиҳад Вай мегӯяд: "Мо эълом мекунем, ки ҳаргиз хуни раҳбарамон Байтуллоҳ Меҳсудро фаромӯш нахоҳем кард. Мо кори дигаре ҷуз хунхоҳии ӯ дар Омрико ва берун аз он надорем."
Марде, ки дар ин видию зоҳир мешавад, мегӯяд, ки Байтуллоҳ Меҳсуд, раҳбари Толибони Покистонӣ, ҷонашро дар роҳи паноҳ додан ба Усома бин Лодин, раҳбари Алқоъида, фидо кард. Гурӯҳи омрикоии мавсум ба IntelCenter, ки сойтҳои интернетии ифротгароёнро пайгирӣ ва пажӯҳиш мекунад, мегӯяд, ки ин видиюклипро шохаи покистонии Алқоъида мунташир кардааст. Орла Гурин, хабарнигори Би-би-сӣ дар Исломобод, мегӯяд, ки бумбгузорӣ дар пойгоҳи омрикоии Хуст ҳамлаи бағоят бебоконае буд, ки сервисҳои иттилоъотии ғарбиро ваҳшатзада кард.
Ба гуфтаи вай, мақомоти покистонӣ то кунун дар ин бора изҳори назаре накардаанд. Аммо ин видиюклип боъиси афзоиши фишорҳо бар онон хоҳад шуд, то хоки худро аз гурӯҳҳои тундраве, ки ба нерӯҳои ғарбӣ дар Афғонистон ҳамла мекунанд, пок созанд. Байтуллоҳ Меҳсуд 6 августи соли гузашта дар ҳамлаи мушакии Омрико дар минтақаи қабиланишини Вазиристони Ҷанубӣ, дар шимолу ғарби Покистон, кушта шуд. Баъд аз ду моҳи ин ҳодиса артиши Покистон ҳамалоти густардаеро дар ин минтақа оғоз кард. Аз он замон то кунун, дар натиҷаи ҳамалоти пайкорҷӯён беш аз 600 нафар дар Покистон кушта шудаанд.
Бархеҳо бар ин назаранд, ки бештари ин ҳамалот дар посух ба амалиёти артишиёни покистонӣ алайҳи мавозеъи Толибон сурат гирифтааст. Гузоришгарон мегӯянд, ки Ҳакимуллоҳ Меҳсуд ҳоло ба эҳтимоли зиёд дар Вазиристони Ҷанубӣ ба сар мебарад. Пойгоҳи нерӯҳои омрикоӣ дар вилояти Хӯст, ки аз Шӯравӣ ба ҷо мондааст, танҳо мавриди истифодаи Ожонси марказии иттилоъоти Омрико набудааст. Дар ин пойгоҳ тимҳои бозсозии маҳаллӣ низ фаъол ҳастанд, ки низомиён ва афроди мулкиро дар бар доранд. Гуфта мешавад Омрико аз ин пойгоҳ барои анҷоми ҳамалоти ҳавоӣ ба пайкорҷӯёни покистонӣ низ истифода мекунад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1510-pakhshi-tasviri-qbumbguzori-ciaq-dar-afgoniston.html