ДОДСИТОНИ ПЕШИНИ ТЕҲРОН МУТТАҲАМ ШУД
Кумитаи вижаи Шурои Исломӣ (порлумони Эрон) барои пайгирии ҳаводиси пас аз интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон додситони пешини Теҳронро ба хилофгӯӣ ва ду номзади ислоҳталаби интихоботро ба қонуншиканӣ муттаҳам кард.
Ин кумита дар гузориши худ, ки рӯзи якшанбеи 10 январ (20 дай) дар ҷаласаи алании маҷлис ироа шуд, Саъиди Муртазавӣ, додситони умумӣ ва инқилоби вақти Теҳронро ба унвони содиркунандаи дастури интиқоли боздоштшудагони рӯзи 18 тир ба боздоштгоҳи Каҳрезак муъаррифӣ карда ва гуфта, ки ӯ далели ин корро "фуқдони зарфияти зиндони Эвин" эълом кардааст. Дар гузориши кумитаи вижаи маҷлис омадааст, ки оқои Муртазавӣ дар ҷаласае бо аъзои ин кумита иллати марги се тан аз боздоштшудагони рӯзи 18 тирро бар асоси "баррасиҳои анҷомшуда аз суи пизишкии қонунӣ" ибтилои онҳо ба бемории мененжит" донистааст. Аммо кумитаи вижаи маҷлис дар баррасиҳои худ ба ин натиҷа расидааст, ки ҳар дуи ин изҳорот хилофи воқеъ аст.
Дар гузориши ин кумита омадааст, ки дар ҷаласаи рӯзи 7 мурдоди аъзои кумита бо масъулони зиндони Эвин ва Ҳасани Ҳаддод (муъовини вақти амнияти додситонии Теҳрон) масъулони зиндони Эвин гуфтаанд: "Интиқоли боздоштшудагони 18 тир ба баҳонаи фуқдони ҷо ва зарифияти зиндони Эвин матлаби саҳеҳе нест ва зиндони Эвин комилан омодагии пазириши он боздоштшудагонро доштааст."
Ҳамчунин дар бахши дигари ин гузориш иллати марги се тан аз боздоштшудагони он рӯз "камбуди макон, заъфи умури беҳдоштӣ, тағзияи номуносиб, гармо ва зарбу шатм ва бетаваҷҷуҳии маъмурон ва масъулони боздоштгоҳ" эълом шуда ва ибтилои онҳо ба бемории мененжит аз асос рад шудааст.
Интишори гузориши кумитаи вижаи маҷлис, ки дар он оқои Муртазавӣ ба хилофгӯӣ муттаҳам шудааст, дуруст як рӯз пас аз он сурат мегирад, ки ӯ бар асоси ҳукми Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии Эрон кори худро ба унвони раиси ситоди мубориза бо қочоқи коло ва арз расман оғоз кардааст.
Кумитаи вижаи маҷлис дар гузориши худ ҳамчунин изҳори беиттилоъӣ ва салби масъулияти бархе дигар аз мақомоти қазоӣ аз вазъияти боздоштгоҳи Каҳрезакро "ғайриқобили пазириш" дониста ва ба мукотиботе ишора карда, ки аз муддатҳо қабл нисбат ба вазъияти ин боздоштгоҳ миёни олитарин мақомоти қазоӣ ва пулис анҷом шудааст.
Бар асоси гузориши кумитаи вижаи маҷлис бо ин ҳол даҳҳо тан аз боздоштшудагони рӯзи 18 тирмоҳ як рӯз баъд ба дастури оқои Муртазавӣ ва бо вуҷуди муқовимати аввалияи масъулони боздоштгоҳи Каҳрезак ба ин боздоштгоҳ эъзом мешаванд ва дар он ҷо мавриди зарбу ҷарҳ ва тавҳини маъмурон қарор мегиранд.
Кумитаи вижаи маҷлис аз дастгоҳи қазоӣ хостааст, ки "ҳамаи авомили ин ҳодиса аъм аз қазоӣ, идорӣ ва интизомӣ" муҳокима шаванд. Бархилофи бархе шоеъот, ки дар рӯзҳои ахир мунташир шуда буд, дар гузориши кумитаи вижаи маҷлис ба ҳеҷ як аз фармондеҳони нерӯи интизомӣ ишора нашудааст.
Озори ҷинсӢ, шиканҷа
Дар гузориши кумитаи вижаи маҷлиси Эрон ба мавориди матраҳшуда дар бораи озори ҷинсии бархе аз боздоштшудагон ҳам ишора ва вуқуъи чунин мавориде рад шудааст. Ин кумита дар гузориши худ бо ишора ба номаи Меҳдии Каррубӣ хитоб ба Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, ки дар он баррасии мавзуъи таҷовузи ҷинсӣ дар боздоштгоҳҳо зарурӣ хонда шуда буд, навиштааст, ки дар ин маврид бо оқои Каррубӣ гуфтугӯ карда ва баррасиҳои ҳамаҷонибае анҷом додааст.
Аъзои кумита мегӯянд, ки бо яке аз муттаҳамоне, ки мавзуъи таҷовузи ҷинсӣ дар мавриди ӯ матраҳ буда мулоқот кардаанд, аммо маълум шуда ки мавзуъи таҷовуз танҳо "таваҳҳуми зеҳнии" модари ин фард будааст.
Аъзои ин кумита дар гузориши худ навиштаанд, ки дар ниҳоят ба ҳеҷ мавриде аз таҷовузи ҷинсӣ ба боздоштшудагон барнахурдаанд ва вуқуъи онро "қавиян" такзиб мекунанд. Дар гузориши ин кумита ҳамчунин омадааст, ки "ҳеҷ гуна шавоҳиде дол бар шиканҷа ва озори ҷисмии" боздоштшудагоне, ки дар зиндони Эвин нигаҳдорӣ шудаанд, дида нашудааст.
"Қонуншикании" номзадҳои ислоҳталаб
Аъзои кумитаи вижаи маҷлис дар поёни гузориши худ навиштаанд, ки баррасиҳои онҳо танҳо мутаваҷҷеҳи ҳаводиси пас аз интихобот буда ва таъкид кардаанд, ки далоили бурузи ин ҳаводисро набояд нодида гирифт.
Дар ин гузориш омадааст, ки яке аз "далоили аслии" вуқуъи ин ҳаводис "илқои як дурӯғи бузург ба номи тақаллуб дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ" ва рафторҳои ғайриқонунии" муътаризон будааст.
"Агар ҳамагон бар асоси чорчӯбҳои қонунӣ масири худро тай менамуданд ва агар ду кондидои раёсати ҷумҳурӣ даст ба қонуншиканӣ, таҳрики эҳсосот ва авотифи мардум намепардохтанд, имрӯз шоҳиди ин гуна ҳаводиси талх набудем."
Ба назар мерасад ки ишораи онҳо ба Мирҳусайни Мусавӣ ва Меҳдии Каррубӣ, ду номзади ҷиноҳи ислоҳталаб дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бошад, ки баргузоркунандагон ва нозирони интихоботро ба тахаллуф муттаҳам карда ва дар ҳафт моҳи гузашта ба эътирозоти худ идома додаанд. Аъзои кумитаи вижаи маҷлис дар поёни гузориши худ аз дастгоҳи қазоӣ хостаанд, ки " дар хусуси ин гуна рафторҳои муҷримона" беэътино набошад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1518-dodsitoni-peshini-tehron-muttaham-shud.html