15:57:27 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 27 28
29 30          

ЭЪЛОМИ НАТОИҶИ ИНТИХОБОТ; ЭЪТИРОЗӢ МУСАВӢ БА РАҲБАРӢ

 

 Дар натоиҷе, ки вазорати кишвари Эрон аз шумориши орои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ мунташир карда, Маҳмуди Аҳмадинажод пештоз эълом шудааст. Аммо яке аз аъзои ситоди интихоботии оқои Мусавӣ мегӯяд, ки ӯ ба Оятуллоҳ Хоманаӣ, ба раванди мавҷуд эътироз кардааст.

Вазири кишвари Эрон гуфта буд эъломи тадриҷии натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар пас аз азони субҳ (ҳудуди соъати чаҳор субҳ ба вақти Теҳрон) оғоз хоҳад шуд, аммо раиси ситоди интихоботи кишвар каме пас аз нимаи шаб эъломи натоиҷро оғоз кард. Комрон Донишҷӯ гуфт, ки эҳтимолан то ҳудуди соаъти ҳашти субҳ ба вақти Теҳрон, натоиҷи ниҳоии интихобот мушаххас хоҳад шуд. 

Бар асосии эъломи Вазорати кишвар то ҳудуди соъати 8 ва 35 дақиқаи бомдод рӯзи шанбеи 23 хурдод (13 июн) ба вақти Теҳрон, 30 милюн ва 506 ҳазор ва 422 раъй шумориш шудааст, ки натоиҷи онро дар ҷадвали зер мебинед.

(Ин ҷадвал ба тадриҷ такмил хоҳад шуд, Тули навори уфуқӣ дар ҷадвали зери нишондиҳандаи 46 милюн ва 200 ҳазор нафари кулли воҷидини шароит аст. Номи номзадҳо дар ин ҷадвал бар асоси ҳуруфи алифбо омада аст.) 

Маҳмуди Аҳмадинажод: 19, 761, 433
Муҳсин Ризоӣ: 633. 048
Меҳдии Карубӣ, 270, 885
Мирҳусейн Мусавӣ: 9, 841, 056 


Соаъте пештар, Саъид Шариъатӣ, узви ситоди интихоботии Мирҳусейн Мусавӣ ба Би-би-сии форсӣ гуфта буд, ки оқои Мусавӣ дар эътироз ба раванди интихобот ва шеваи эъломи натоиҷи шумориши оро, номае ба Оятуллоҳ Хоманаӣ навиштааст. Ӯ аз ҷузъиёти ин нома изҳори беэътилоӣ кард.

Комрони Донишҷӯ, раиси ситоди интихоботи кишвар ба ҳангоми эъломи натоиҷ гуфт, ки орои эъломшуда марбут ба кулли кишвар, аз ҷумла Теҳрон аст. Аммо шумориши орои "сандуқҳои бузург, ки тарокуми бештаре доранд, бештар тул мекашад.

Ӯ гуфт, ки пешбинӣ мешавад, маҷмӯъи орои ахзшуда беш аз 35 милюн раъй ва дар сади мушорикати байни 75 то 80 дар сади воҷидини шароит бошад.

Омори эъломшуда тавассути Вазорати кишвар нишон медиҳад, ки то кунун 64, 77 дар сад оро ба Маҳмуди Аҳмадинажод (бо 19, 761, 433 раъй), 32, 35 дар сад ба оқои Мусавӣ (бо 9, 841, 056 раъй), 2,05 дар сад ба оқои Ризоӣ (бо 633, 048 раъй) ва 0, 89 дар сад ба оқои Карубӣ (бо 270, 885 раъй) таъаллуқ доштааст. Бино ба эъломи ситоди интихобот орои шуморишшуда, марбут ба 35 ҳазору 95 сандуқ будааст, ки 78 дар сади кулли сандуқҳоро шомил мешавад.

Маҷмӯъи теъдоди орои эъломшуда барои чаҳор номзади интихоботӣ дар омори эъломшуда тавассути вазорати кишвар дақиқан бо маҷмӯъи оро баробар аст. 

Ин масъула ба ин маъно аст, ки орои ботила дар сандуқҳои шуморишшуда вуҷуд надошта ё дар маҷмӯъи оро муҳосаба нашудааст.

Саъид Разавӣ Фақеҳ, сухангӯи ситоди Меҳдии Карубӣ ба Би-би-сии форсӣ гуфт, ки ин ситод наметавонад ба омори эъломшуда эътимод кунад.

Ӯ гуфт : "Машғули гуфтугӯ ва ройзанӣ ҳастем ва оқои Карубӣ феълан қасди сукут дорад то асли масъала рушан шавад." 

Оқои Разавӣ Фақеҳ, гуфт, шеваи феълии эъломшудаи натоиҷи шумориши ороро "заминасозии зеҳнӣ барои эъломи айни ҳамин натиҷа дар субҳи фардо" медонад.


Меҳдии Муқимӣ, сухангӯи ситоди интихоботии Муҳсин Ризоӣ ҳам ба Би-би-сии форсӣ гуфт, ки нисбат ба адами эъломи ҷузъ ба ҷузъи оро дар ҳавзаҳои интихобияи мухталиф эътироз дорад. 

BBC 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi