ҲАМЛАИ АФРОДИ МУСАЛЛАҲ БА МАРКАЗИ КОБУЛ
Мардони мусаллаҳи мазнун ба ҳамкорӣ бо гурӯҳи Толибон теъдоде сохтмонро дар маркази Кобул, пойтахти Афғонистон, мавриди ҳамла қарор дода ва талафоте ворид кардаанд. Аз замони оғози ҳамалот дар субҳи имрӯз садои чанд инфиҷор дар нуқоти марказии шаҳр ба гӯш расид ва дар пайи он тирандозӣ бо аслиҳаи сабук то ҳудуди як соъат идома дошт. Вазорати дифоъи Афғонистон мегӯяд, ки дар ин ҳамалот ҳадди ақал як маъмури пулис ва як кӯдак кушта шудаанд ва захмӣ шудани дастикам чаҳор маъмури пулис дар ин даргириҳо ҳам гузориш шудааст.
Илова бар ин, сухангӯйи вазорати дифоъ гуфтааст, ки аҷсоди чаҳор нафар аз муҳоҷимони мусаллаҳ дар маҳалли набард боқӣ мондааст. Бо ин ҳол, мақомот мегӯянд, ки эҳтимол дорад талафоти ношӣ аз ин ҳаводис бештар аз ин бошад.
Ҳамалоти ҳамзамон
Амалиёти рӯзи душанбе бо вуруди афроди мусаллаҳ ба сохтмони як фурӯшгоҳ дар наздикии вазорати адлия оғоз шуд. Шоҳидони айнӣ гуфтанд, ки афроди муҳоҷим ҳадди ақал ду бумби дастиро қабл аз вуруд ба ин сохтмон мунфаҷир карданд ва пас аз он даргирӣ бо нерӯҳои амниятӣ оғоз шуд. Тасовире, ки телевизиюнҳои маҳаллӣ пахш карданд, нишон медиҳанд, ки бахшҳое аз сохтмони ин фурӯшгоҳ оташ гирифтааст.
Дар пайи ин ҳамла, ҳадди ақал як рокет ба нуқтае дар наздикии Бонки марказии афғонистон бархурд кард ва инфиҷори дигаре низ дар наздикии сохтмони вазорати хориҷа рӯй дод. Маҳалли ҳамалот субҳи душанбеи Кобул умдатан дар наздикии вазорати адлия, Бонки марказии Афғонистон, кохи раёсатҷумҳурӣ ва сохтмони вазорати хориҷа гузориш шудааст.
Маъмурони пулис маҳалли бурузи ҳаводиси рӯзи душанберо ба рӯйи рафту омад бастаанд. Толибон масъулияти иҷрои ин ҳамалотро бар уҳда гирифта ва иддаъо кардаанд, ки гурӯҳе аз бумбгузорони интиҳорӣ ин амалиётро ба иҷро гузоштаанд.
Ин гурӯҳ гуфтааст, ки чанд бумбгузори интиҳориро барои анҷоми маъмурият ба нуқоте дар Кобул эъзом доштааст ва онон бо маъмурони амниятӣ даргир шудаанд, аммо дар ҳоли ҳозир имкони таъйиди ин иддаъо вуҷуд надорад. Ин ҳамалот дар ҳоле сурат мегирад, ки қарор аст аъзои кобинети ҷадиди Афғонистон барои адои савганд дар кохи раёсати ҷумҳурӣ ҳузур ёбанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1562-2010-01-18-13-11-33.html