18:16:14 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2016 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29            

ВАЗЪИ ҲАМЧУНОН БУҒРАНҶИ ТЕҲРОН

 

Хабарҳои расида аз Эрон ҳокии мавҷи боздоштҳо ба дунболи тазоҳуроти эътирозии рӯзи шанбе дар Теҳрон аст. Аммо қарор аст, имрӯз тарафдорони Аҳмадинажод ба майдонҳо бирезанд. Ин тазоҳурот, ки ба даргириҳо бо нирӯҳои пулис низ печид, ба дунболи эълони пирӯзии раисиҷумҳури кунунии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи рӯзи 12 июн сурат гирифтанд.

Бо ин ҳол, давлати Эрон мехоҳад имрӯз дар Теҳрон пирӯзии Аҳмадинажод дар интихоботро таҷлил кунад. Давлат аз тарафдоронаш хостааст, ба хотири таҷлил аз ин пирӯзӣ ба бархе аз он кӯчаву хиёбонҳое бирезанд, ки рӯзи шанбе маҳалли баргузории тазоҳуроти эътирозии густарда ва аз замони инқилоби исломии соли 1979 барои Эрон бесобиқа буд.

Дар ҳоле ки раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ раъгирии рӯзи 12 июнро “як муҳаббати илоҳӣ” ба қалам додаву Маҳмуди Аҳмадинажол аз оғози “як марҳалаи ҷадид” хабар медиҳад, дигарон таҳаввулоти ахирро ҳамчун “кудато”, яъне табаддулот, ва як рӯзи сиёҳе барои Эрон мехонанд. 

Маҳмуди Аҳмадинажод рӯзи шанбе пирӯзиаш бар номзади ислоҳталабон Мирҳусайн Мӯсавиро тавассути телевизион эълон кард. Аммо ҳазорон нафар аз тарафдорони ба хашм омадаи Мӯсавӣ ба хиёбонҳо рехта, алайҳи Аҳмадинажод шиъор заданд ва ҳам аз Мӯсавӣ хостанд, ки аз орои бадастовардааш дар интихоботи рӯзи ҷумъа дифоъ кунад.

Нирӯҳои пулис тазоҳуроти рӯзи шанберо бо истифода аз нирӯ ва гази ашковар пароканда карданд. Ба дунболи он тазоҳурот, бино ба гузоришҳои расида, даҳҳо тан аз ислоҳталабон ва аъзои Ҷабҳаи мушорикат, як ташаккули умдаи ислоҳталабони Эронро боздошт кардаанд. Гуфта мешавад, бархе аз ин боздоштшудагон баъдан озод шудаанд.

Бино ба хабарҳо, Мӯҳсини Мирдомодӣ, яке аз ислоҳталабони шинохта, Муҳаммадризои Хотамӣ, бародари раисиҷумҳури пешини Эрон Муҳаммади Хотамӣ, ва Мустафо Тоҷзода, муовини собиқи вазири кишвар, аз ҷумлаи онҳое будаанд, ки рӯзи шанбе боздошт шуданд. ИРНО, хабаргузории расмии Эрон, мегӯяд, ин афрод ба даст доштан дар таҳияи тазоҳурот ва раҳбарии “ошӯбгарон” дар Теҳрон муттаҳам мешаванд. Рӯзи шанбе ҳамин тавр, теъдоде аз хабарнигоронро низ дар Теҳрон дастгир кардаанд.

Муҳаммадалӣ Абтаҳӣ, собиқ ноиби раисиҷумҳури Эрон, гуфт, алакай беш аз 100 нафар аз ислоҳталабон боздошт шуда, интизор меравад, шумори боз ҳам бештаре боздошт шаванд.

Мақомот ба дунболи қатъи хадамоти SMS , ки аз рӯзи интихобот ба ин сӯ фаъол нест, дастрасӣ ба сомонаҳои интернетии Facebook and YouTube-ро низ қатъ кардаанд.

Шоҳидони айнӣ дар Теҳрон мегӯянд, фазои пойтахт ҳамчунон хеле буғранҷ боқӣ мемонад. 

Ин дар ҳолест, ки бисёриҳо, аз ҷумла Алиакбар Мӯҳташамипур, раҳбари кумитаи сиёнат аз оро, ба лағви натоиҷи раъйгирии рӯзи 12 июн даъват мекунанд. Босуръат анҷом шудани шумориши оро ва масоиле, чун ҳатто дар зодгоҳҳои худ орои аз Аҳмадинажод камтар ба даст овардани номзадҳои дигар, шакку шубаҳотро пиромуни имкони вуҷуди тақаллуб ва дасткорӣ дар ҷараёни интихобот меафзояд. 

Маҳмуди Аҳмадинажод рӯзи шанбе интихоботи гузаштаро ҳамчун “озоду солим” тавсиф кард. Аммо ба бовари ислоҳталабон, интихобот ҳамроҳ бо тахаллуфи фаровон сурат гирифтааст. 

Мирҳусайни Мӯсавӣ дар як изҳороти катбӣ интихоботи рӯзи 12 июнро “шӯъбадабозӣ” номид ва гуфт, ки он барои ояндаи Эрон асароти харобиоваре ба дунбол хоҳад дошт. Аммо номзади умдаи ислоҳталабон ба мақоми раёсатҷумҳурии Эрон аз рӯзи ҷумъа, яъне аз рӯзи интихобот ба ин сӯ, дар мазҳари омм зоҳир нашудааст ва ин боиси бурузи ҳадсу гумонҳо пиромуни эҳтимоли таҳти ҳабси хонагӣ қарор доштани ӯ шудааст. Аммо “Мавҷ”, як сомонаи интернетии ислоҳталабони эронӣ, хабарҳо дар бораи таҳти ҳабси зонагӣ қарор доштани Мӯсавӣ ва дигар раҳбарони ислоҳталабонро радд кардааст.

Бо ин ҳол, бархе аз тарафдорони Мирҳусайни Мӯсавӣ ба нишони эътироз ба натоиҷи расман эълоншудаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва эълони пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод дар ин маърака хостори баргузории як гирдиҳамоиии миллӣ дар рӯзи сешанбе шудаанд.

«Озодӣ» 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi