02:47:24 01-уми Июни 2025 сол

ИФШОГАРИИ ДУХТАРИ ЕЛТСИН АЛАЙҲИ ПУТИН

Ҷавонтарин духтари Борис Елтсин, раиси ҷумҳури пешини Русия, ки яке аз наздиктарин мушовирони падараш буд, барои аввалин бор аз мероси падараш дифоъ карда ва ифшогариҳое барои сарафкандагии Владимир Путин, ҷонишини падараш, кардааст.

 

Татяна Юмашева ин ифшогариҳоро дар веблогаш, ки дар Русия бисёр пуртарафдор аст, баён кардааст. Духтари Борис Елтсин тайи як ҳафтаи гузашта аз замоне ки падараш тасмим ба истеъфо аз симаташ гирифт, сукут ихтиёр карда буд. Моҳи гузашта дар даҳумин солгарди интиқоли қудрат аз Борис Елтсин ба Владимир Путин, Татяна Юмашева тасмим гирифт он чиро ки дар солҳои даҳаи навади мелодӣ дар Кохи Кремл мушоҳида карда, баён кунад.

 

Дар яке аз ҷолибтарин матолибе, ки дар веблоги ӯ мунташир шуда, духтари Борис Елтсин аз лаҳзае навишта, ки оқои Елтсин тасмим гирифт аз оқои Путин бихоҳад то қудратро аз ӯ таҳвил бигирад. Ӯ мегӯяд Владимир Путин ҳангоме ки гуфт омодаи пазириши масъулият нест ва ба ҳамин ҷиҳат аз Борис Елтсин хост, то дар қудрат боқӣ бимонад, сарафканда ба назар мерасид.

 

Ричард Голпин, хабарнигори Би-би-сӣ дар Маскав, мегӯяд ин изҳорот муғойир бо тасвири мардона, маҳкам, қотеъ ва беэҳсосе аст, ки Владимир Путин аз худ ба намоиш гузоштааст.

 

Духтари раиси ҷумҳури пешини Русия мегӯяд Борис Елтсин ба Владимир Путин алорағми ин ки дар КГБ кор карда буд, алоқа дошт. Ӯ дар веблоги худ навишта, ки оқои Елтсин бар ин бовар буд, ки Владимир Путин метавонад Русияро дар масири демукросӣ ба пеш бибарад.

 

Хонум Юмашева нохушнудии худро аз интиқодоти ба амаломада аз солҳои раёсати ҷумҳурии Борис Елтсин, ки аз замони раёсати ҷумҳурии Владимир Путин боб шуд, нишон додааст. Ӯ мегӯяд дурӯғҳои бисёр ва матолиби ғайриодилонае дар бораи падараш гуфта шуда ва ӯ тасмим гирифта, ки дар баробари ин навъ иқдомот вокуниш нишон диҳад.

 

Оқои Елтсин ба муддати ҳашт сол аз соли 1991 то 1999 раёсати ҷумҳурии Русияро дар даст дошт. Оқои Елтсин ба дунболи фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ дар соли 1991 дар нахустин интихоботи демукротики Русия ба унвони нахустин раиси ҷумҳури ин кишвар интихоб шуд.

 

Оқои Елтсин дар солҳои оғози даҳаи навади мелодӣ, ки Русия даргири фақри шадиди иқтисодӣ буд, идораи ин кишварро бар уҳда дошт.

 

Борис Елтсин дар рӯзи 31 декабри соли 1999, яъне охирин рӯзи қарни бисти мелодӣ истеъфои худро эълом кард ва қудратро ба Владимир Путин, раиси вақти сервиси иттилоъотии (КГБ) кишвар супурд. Ӯ дар авоили соли 2007 дар 76-солагӣ даргузашт.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1615-2010-01-26-10-13-21.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854