13:16:29 02-уми Июни 2025 сол

ТАЛОШИ КАРИМОВ БАРОИ НАЗДИК ШУДАН БО ОМРИКО

Раиси ҷумҳури Ӯзбакистон Барномаи давлатӣ барои беҳбуди ҳамкориҳо бо Иёлоти Муттаҳидаро барои соли 2010 имзо кардааст. Ҳарчанд ба навиштаи расонаҳои Ӯзбакистон, ин санад дар рӯзи 11 январ имзо шудааст, иттилоъот дар ин бора батозагӣ ва ба таври ғайрирасмӣ нашр шудааст. Манобеъи мухталиф мегӯянд, ки ин барнома бар асоси марҳилаи нахусти машварати сиёсии миёни Ӯзбакистон ва Омрико, ки 17 ва 18 декабри соли 2009 дар Вошингтун баргузор шуд, таҳия шудааст.

 

Ин барнома ҳамкориҳои сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодии дуҷониба ва ҳамкорӣ дар заминаи рушди иқтисодии Афғонистонро фаро мегирад. Ин барнома дар назар гирифтааст, ки марҳилаи дувуми машварати сиёсии миёни Ӯзбакистон ва Иёлоти Муттаҳида дар нимсолаи дувуми соли ҷорӣ дар Тошканд баргузор шавад ва Ҳилори Клинтун, вазири хориҷаи Омрико, то тобистони соли ҷорӣ аз пойтахти Ӯзбакистон дидор кунад.

 

Ричард Норланд, сафири Омрико дар Тошканд, бо таъйиди хабари таҳия ва тасвиби барномаи кори яксола дар заминаи ҳамкорӣ бо Омрико аз сӯйи давлати Ӯзбакистон, гуфтааст, ки имкон дорад дар ин барнома тағйирот ё иловаҳо ворид карда шаванд.

 

Фаро гирифтани афсарони ӯзбак ба давраҳои бозомӯзии муассисоти омӯзиши низомии Омрико дар чорчӯби барномаи мавсум ба “Дониши байналмилалии низомӣ ва омӯзиш” ва таҳкими амнияти марзҳо ҷузви ҳамкориҳои вобаста ба амният дар ин барномаи кор будааст.

 

Таъкид шудааст, ки тарафҳо дар чорчӯби барномаҳои “Маблағгузории низомии хориҷӣ” ва “Таҳвили аслиҳаи зиёдӣ” ҳамкорӣ хоҳанд кард. Ин нукта коршиносонро мутмаин сохтааст, ки ҳамкориҳои низомии миёни Ӯзабкистон ва Омрико дар ҳоли беҳбуд ёфтан аст.

 

Ҷалби сармояи омрикоӣ ба минтақаи озоди санъатӣ ва иқтисодии “Навоӣ”, ҳамкориҳо дар заминаи тарҳҳои обёрӣ ва ба иҷро даромадани мувофиқатнома дар бораи ҳимояти мутақобили сармоягузорони хориҷӣ аз ҷумлаи ҳамкориҳои иқтисодӣ дар ин барнома аст. Барномаи кори давлати Ӯзбакистон барои беҳбуди ҳамкориҳо бо Омрико дар ҳоле таҳия шудааст, ки равобити Тошканд бо Вошингтун тайи як соли охир батардриҷ дар ҳоли сода шудан аст.

 

Дар соли гузашта дидорҳои мукаррари Девид Петриюс, фармондеҳи нерӯҳои омрикоӣ дар Ховар ва Осиёи Миёна ва дигар мақомоти диплумотики Омрико аз Ӯзбакистон ва мулоқоташон бо Ислом Каримов аз беҳбуди равобити миёни ин ду кишвар пас аз рӯйи кор омадани Борок Убомо дарак медиҳад.

 

Дар пайи саркӯби муътаризон дар Андиҷон тавассути маъмурони интизомии ӯзбак дар моҳи майи соли 2005 Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ва Иттиҳодияи Урупо пешниҳоди таҳқиқи байналмилалии даргириҳои Андиҷонро карда буданд.

 

Ҳамон сол Тошканд аз Иёлоти Муттаҳида хост то пойгоҳи низомии худро дар Хонободи Ӯзбакистон, ки дар оғози ҷанги Омрико ва муттаҳидинаш алайҳи террурисм дар Афғонистон таъсис ёфта буд, барчинад.

 

Акнун Омрико иҷоза дорад аз фурӯдгоҳҳо ва роҳҳои заминии Ӯзбакистон колоҳои ғайринизомиро ба Афғонистон интиқол бидиҳад. Равобити Тошканд бо Вошингтун дар ҳоле ба гармӣ гаройидааст, ки равобити Ӯзбакистон бо Русия дар ҳоли сард шудан аст.

 

Тошканд ахиран бо тасмими Русия ба эҷоди дувумин пойгоҳи низомияш дар кишвари ҳамсояи Қирғизистон, дар минтақае наздик ба марзи Ӯзбакистон, башиддат мухолифат кард. Мақомҳои ӯзбак бар ин боваранд, ки чунин иқдоме тавозуни қуво дар Осиёи Миёнаро баҳам хоҳад зад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1652-2010-01-31-11-08-49.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854