18:02:05 15-уми Августи 2025 сол

НИГАРОНИИ ОБАМА АЗ ХУШУНАТ ДАР ЭРОН

 

 Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, аз нооромиҳо дар Эрон баъд аз эълони натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурӣ изҳори нигаронии амиқ кард. Ӯ гуфт, ки “раванди демократӣ, озодии баён, ҳаққи одамон барои эътирози осоишта – ин ҳама арзишҳои умумиянд ва бояд ба онҳо арҷ гузошта шавад”.

Ба иттилоъи хабаргузориҳо, дирӯз ширкаткунандагони тазоҳурот дар Теҳрон ҳадафи тир қарор гирифтанд. Гуфта мешавад, ки дар ин ҳодиса дасти кам як кас кушта ва чанд нафар маҷрӯҳ шудаанд. Шоҳидон гуфтанд, тирпарронӣ баъди он рух дод, ки гурӯҳи эътирозгарон ба макони зисти мансуб ба ниманизомиёни мазҳабии Басеҷӣ ҳамла карданд. Мақомоти расмии Эрон ин иттилоъро то ҳол таъйид ваё рад накардаанд. Ҷонибдорони Мир Ҳусейни Мусавӣ ва Маҳдии Каррубӣ - номзадҳои ноком дар интихоботи раёсатҷумҳурии 12-уми июн дирӯз дар Майдони Инқилоби шаҳри Теҳрон гирдиҳам омада, баъдан тазоҳуротро дар майдони Озодӣ идома доданд.

 

Аз ин пеш раҳбари мазҳабии Эрон, оятуллоҳ Алии Хоманаӣ аз талаби Мир Ҳусейни Мусавӣ барои шумориши такрории раъйҳо аз сӯи Шӯрои нигаҳбони инқилоби исломии Эрон ҳимоят кард. Ба иттилоъи расмӣ, дар интихобот раиси ҷумҳури феълии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод пирӯз шудааст. 

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854