АМРИКО: "ҲУКУМАТИ ЭРОН АЗ МАРДУМАШ МЕТАРСАД"
Вазорати хориҷаи Амрико Эронро муттаҳам ба талоше бесобиқа барои "инсидоди тақрибан комили иттилоърасонӣ" ба манзури муқобала бо муътаризон кардааст. Филип Кроулӣ, сухангӯйи Вазорати хориҷаи Амрико, рӯзи панҷшанбе гуфт Эрон ба дунболи маҳрум кардани шаҳрандони худ аз ҳаққи озодии баён ва озодии иҷтимоъот аст. Ӯ афзуд: "Рӯшан аст, ки ҳукумати Эрон аз мардуми худ метарсад."
Изҳороти сухангӯйи Вазорати хориҷаи Амрико дар ҳоле матраҳ мешавад, ки гузоришҳо ҳокӣ аз коҳиши шадиди суръати интернет дар Эрон ва қатъи дастрасӣ ба имейл ва месенҷер аст. Илова бар ин, гуфта мешавад сойтҳои интернетии чанд хабаргузорӣ дар Эрон дучори ихтилол шудааст. Аз сӯйи дигар, ширкати Гугл низ эълом карда, ки дастрасии корбарони интернетӣ дар дохили Эрон ба хадамоти имейли ин ширкат қатъ шуда, зеро муроҷеъаи корбарон аз дохили Эрон ба серверҳои ҷимейл бо уфти ногаҳонӣ ва шадид рӯбарӯ будааст.
Сухангӯйи Вазорати хориҷаи Амрико гуфт мушовирони Ҳилорӣ Клинтун, ки дар тамос бо ширкатҳои бузурги иттилоърасонӣ ва хадамоти интернетӣ ҳастанд, аз ин "инсисдод" мутталеъ шудаанд. Ӯ гуфт мардуми Эрон ҳақ доранд ба таври озодона ба иттилоъот дастрасӣ дошта бошанд.
Ҳамзамон хабаргузориҳои байналмилалӣ мегӯянд, ки хабарнигорон ва тасвирбардоронашон барои пӯшиши маросими 22 баҳман (11 феврал) ва суханронии раиси ҷумҳурии Эрон бо утубус ба майдони "Озодӣ"-и Теҳрон мунтақил шудаанд ва ба онҳо иҷозаи пӯшиши хабарии ҳаводиси нуқоти дигари шаҳр дода нашудааст. Дар рӯзҳои ахир даҳҳо рӯзноманигор дар Эрон боздошт шудаанд ва иллати дастгирии иддаи дигаре аз боздоштшудагон низ ҳамкории онон бо расонаҳои хабариии хориҷӣ унвон шудааст.
Давлати Эрон билофосила пас аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва шурӯъи эътирозот ба он, маҳдудиятҳои густардаеро бар фаъолияти расонаҳои хориҷӣ, бахусус дар заминаи пӯшиш додани хабарҳои марбут ба эътирозот ба иҷро гузошт. Эрон бисёре аз хабарнигорони хориҷиро аз ин кишвар берун кард ва шуморе аз хабарнигорони эронии ин расонаҳо низ зоҳиран ба далели нигаронӣ аз эмании худ Эронро тарк карданд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1736--q-q.html