00:16:10 26-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/02/16_--01-02-asru2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/02/16_--01-02-asru2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/02/16_--01-02-asru2.jpg'

ДУВВУМИН НАФАРИ ТОЛИБОН БОЗДОШТ ШУД

Яке аз фармондеҳони аршади Толибон бо номи Мулло Абдулғанӣ Бародар аз ҷониби нерӯҳои амниятии Амрико ва Покистон дар шаҳри Карочӣ боздошт шудааст. Хабаргузориҳои ҷаҳон бо нақл аз нашрияи амрикоии The New York Times навиштаанд, Мулло Абдулғаниро хадамоти амниятии Амрикову Покистон дар натиҷаи як амалиёти муштарак дастгир кардаанд.

 

Ин нафар яке аз чеҳраҳои калидӣ дар системаи низомии Толибон ҳисобида мешавад ва муҳимтарин боздошт аз замони оғози ҷанг бо Толибон дар Афғонистон сар аз соли 2001 унвон шудааст. Ӯро «нафари дуввум» дар Толибон пас аз Мулло Умар меноманд. Хабарнигори BBC Мулло Абдулғаниро «сайди калоне» номида ва гуфтааст, маҳз ҳамин одам ҳаррӯза амалиётҳои ҷангӣ ва молии Толибонро раҳбарӣ мекард.

 

Нашрияи амрикоӣ навиштааст, Мулло Абдулғанӣ чанд рӯз дар зиндони покистонӣ буд ва аз ҷониби хадамоти амниятии ҳам Амрико ва ҳам Покистон бозпурсӣ гардид. Гуфта нашудааст, ки оё Мулло Абдулғанӣ дар ин бозпурсиҳо посухе додааст ё на, вале мақомот гуфтаанд, боздошти ин фард барои дарфёти иттилоъ дар бораи мақомдорони волои дигари Толибон ёрӣ хоҳад дод.

 

Мақомот умедворанд, ки Мулло Абдулғанӣ ҷойи Мулло Умар, раҳбари Толибонро ба онҳо бигӯяд. Нерӯҳои амрикоӣ дар ҳоли ҳозир дар Афғонистон ҳамроҳ бо низомиёни ҳукумати маҳаллӣ яке аз густурдатарин амалиёти ҷангӣ алайҳи Толибонро дар таърихи вурудашон пиёда доранд. Коршиносон то чӣ андоза муваффақ шудани ин амалиётро санҷиши нахустин барои Барак Обама ва нақшаи ӯ ҷиҳати ирсоли 30.000 сарбози иловагӣ ба Афғонистон меноманд.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1759-2010-02-16-13-57-46.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ