ЭРОН ИТТИҲОМИ АМРИКОРО РАД КАРД
Як мақоми давлатии Эрон ба ҳушдори вазири хориҷаи Амрико дар мавриди тасаллути Сипоҳи Посдорон дар ниҳодҳои ҳукуматӣ дар Ҷумҳурии Исломӣ посух дода ва мақомоти эронӣ бори дигар аз дарёфти пешниҳодҳои ҳастаии ҷадид сухан гуфтаанд. Рӯзи сешанбеи 16 феврал Манучеҳри Муттакӣ, вазири хориҷаи Эрон дар вокуниш нисбат ба суханони Ҳиллори Клинтон, вазири хориҷаи Амрико дар ин маврид, ки ҳукумати Ҷумҳурии Исломӣ ба суи як диктотурии низомӣ меш меравад, вазири хориҷаи Амрикоро ба доштани "шахсияте маҷозӣ ва ғайриивоқеъӣ" муттаҳам кард.
Ҳиллори К;линтон дар суханоне, ки рӯзи душанбе дар Қатар эрод кард, гуфт бар асоси мушоҳидот дар Эрон Сипоҳи Посдорон бар ниҳодҳои ҳукуматӣ монанди раҳбарӣ, раёсати ҷумҳурӣ ва порлумон мусаллат шуда ва низоми сиёсии ин кишвар ба суи як диктотурии низомӣ тағйири шакл медиҳад. Вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, ки ҳамин диктотурии низомӣ аст, ки мекӯшад ба ҷангафзорҳои ҳастаӣ даст ёбад.
Ба гузориши идораи кулли иттилоъот ва матбуъоти вазорати хориҷаи Эрон оқои Муттакӣ дар мавриди "изҳороти хонуми Клинтон, ки Эронро ба диктотурии низомӣ ташбеҳ карда буд", гуфт, ки "мо аз ин ки вазири хориҷаи Амрико дучори шахсиятии маҷозӣ ва ғайривоқеъӣ шудааст ва саъй мекунад ҳақоиқи мавозеъи худ ва давлати Амрикоро бо як сирӣ вожаҳо ва алфози тасаннуъӣ пинҳон кунад ва афкори умумии минтақаро ба самти мавзуъоти ғайривоҷеъӣ ва нодуруст савқ диҳад, мутаассифем."
Манучеҳри Муттакӣ афзуд: "Мо ин гуна шеваҳоро фиребкории навин қаламдод мекунем, ҳарчанд моҳияти он комилан барои нухбагон, мардум ва мақомоти мутаъаҳҳиди минтақа возеҳ ва беасар аст."
Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамлаи Амрико ба Ироқро, ки ба гуфтаи ӯ ба кушта шудани як миллиюн нафар мунҷар шуда ва ҳамчунин амалиёти ниҳои ба раҳбарии Амрико алайҳи шӯришиён дар Афғонистонро, ки талафоти ғайринизомӣ бар ҷой гузошта, нишонаи диктотурӣ донист ва онро нуқтаи муқобили ҳузури муҳоҷирони ироқӣ ва афғонӣ дар Эрон донист.
Шикасти Амрико дар минтақа
Оқои Муттакӣ мақомоти давлати Амрикоро муттаҳам кард, ки ба хотири шикаст дар масоили Лубнон, Ғазза, Афғонистон ва буҳрони иқлисодии дохилӣ ба "сиёсатҳои фиребкорона" рӯй оварданд ва бо эҷоди мушкилот барои "кишварҳои демукротик ва мустақил дар қолаби ҷанги нарм" мекӯшанд монеъ аз пешрафти фаннӣ ва илмии онҳо шаванд.
Дар пайи эъломи натоиҷи интихоботи даҳумин давраи раёсати ҷумҳурии Эрон ва оғози эътирозоти мардум нисбат ба он чи, ки тақаллуби густарда дар баргузории интихобот ва шумориши оро хонда шуд, мақомоти давлатӣ идомаи ин эътирозотро "ҷанги нарм" тавсиф карда ва давлатҳои хориҷӣ ва расонаҳои байналмиллалиро, ки бо вуҷуди маҳдудиятҳои хабаррасонӣ аз дохили Эрон ба инъикоси гузоришҳое дар ин маврид мепардозанд, ба созмондиҳии ин ҷанг муттаҳам сохтаанд.
Ба гузориши идораи кулли иттилоъот ва матбуъоти вазорати хориҷаи Эрон оқои Муттакӣ гуфт, ки мардуми Эрон бо ширкат дар тазоҳуроти рӯзи 22 баҳман "сиёсатҳои диктотурии низомӣ дар арсаи байналмиллал, ки дар садад буданд бо шиъорҳое ва лаффозиҳои зоҳирфиреб ҳамон сиёсатҳои худкомаи давлатҳои собиқи Амрикоро бо рангу луъобе ҷадид тазйин намоянд, рӯнамоӣ карданд."
Зоҳиран ишораи оқои Муттакӣ ба ваъдаҳои интихоботии Борок Убомо, раиси ҷумҳури Амрико дар мавриди таъомули мустақим ва ҳатто музокираи мақомоти аршади Амрикоӣ бо Ҷумҳурии Исломӣ барои таваққуфи бахшҳое аз барномаи ҳастаии Эрон аст, ки бо мавзеъгирии тунди вазири умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида дар рӯзҳои ахир муғойират дорад.
Оқои Убомо дар моҳи марти соли гузашта дар паёме ба муносибати Наврӯз хостори тармими равобити Амрико бо Ҷумҳурии Исломӣ шуд, аммо дар бархурди хушунатомези ниҳодҳои амниятии Эрон бо мардум дар ҷараёни эътирозоти пас аз интихобот ва сиёсати атумии ин кишвар ин мавзеъи худро то ҳудуде таъдил кард ва бо худдории Эрон аз таваққуфи ғанисозии урониюм хостори ташдиди таҳримҳои байналмиллалӣ алайҳи ин кишвар шуд.
Манучеҳри Муттакӣ ҳамчунин сиёсатҳои оқои Убомо дар Ховари Миёнаро ба боди интиқод гирифт ва изҳор дошт, ки "Амрико бо нодида ангоштани воқеъиятҳои минтақа худ асири навъе диктотурии низомӣ ва тарвиҷи рӯйкардҳои низомигароёнаи собиқ ва доман задани ташаннуҷ ва бесуботӣ дар минтақа аст." Вай ибрози итминон кард, ки кишварҳои митақа фиреби сиёсатҳои нахнамои Амрикоро нахоҳанд хурд.
Пешниҳодҳои ҷадид
Ҳамзамон Ромини Меҳмонпараст, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон бори дигар гуфтааст, ки дар рӯзҳои ахир пешниҳодҳои ҷадиде барои мубодилаи сӯхти ҳастаӣ аз кишварҳои ғарбӣ дарёфт шудааст.
Рӯзи душанбе Алиакбари Солеҳӣ, раиси созмони энержии атумии Эрон гуфт. ки дар пайи эъломи оғози тавлиди урониюм бо хулуси 20 дарсад дар Эрон кишварҳои Русия, Фаронса ва Амрико пешниҳоди ҷадидеро барои мубодила ва таъвизи урониюми ғанишудаи дохилӣ бо сӯхти мавриди ниёзи реоктури таҳқиқотии Теҳрон матраҳ кардаанд, аммо ин хабар ба зудӣ аз суи бархе мақомоти ин кишварҳо такзиб шуд.
Оқои Меҳмонпараст, ки рӯзи сешанбе дар як нишати хабарӣ ширкат дошт, дар мавриди радди изҳороти раиси созмони энержии атумии Эрон аз суи мақомоти ин кишварҳо тавзеҳ дод, ки "пешниҳодҳои мухталифе дар робита бо таъвизи сӯхт ба Эрон дода шуда ва хоҳад шуд, ки масъулини кишвар бо дарназаргирии манофеъи миллии кишвар ба онҳо посух хоҳанд дод."
Дар ҳамон ҳол хабаргузории "Форс" и Эрон гузориш кардааст, ки Алиакбари Солеҳӣ низ дар мусоҳибае ба шабакаи хабарии "Алъолам", мутааллиқ ба давлати Эрон бори дигар таъкид кардааст, ки "Теҳрон пешниҳоди Амрико, Русия ва Фаронса дар хусуси барномаҳои ҳастаии худро баррасӣ мекунад."
Бар асоси пешниҳоди Ожонси Байналмилаллии Энержии Атумӣ, ки дар музокироти намояндагони кишварҳои узви гурӯҳи 5+1 моҳи сентябри соли гузашта дар Вйен матраҳ шуд, қарор буд Эрон бахши умдаи урониюм бо хулуси 3, 5 дарсади худро ба Русия таҳвил диҳад то пас аз ғанисозӣ то хулуси 20 дарсад барои табдили он ба милаҳои сӯхти қобили корбурд дар реоктури Теҳрон ба Фаронса ирсол шавад.
Кишварҳои Амрико, Русия ва Фаронса, ки дар ин музокирот ширкат доштанд, ин пешниҳодро пазируфтанд, аммо ҷумҳурии Исломӣ ҳанӯз ба он посухи қатъӣ надода, ҳарчанд ҳафтаи гузашта эълом кард, ки ғанисозии урониюм барои дастёбӣ ба урониюми 20 дарсадро дар таъсисоти Натанз оғоз кардааст ва ду рӯз пас аз он низ Маҳмуди Аҳмадинажод дар суханоне аз тавлиди урониюм бо хулуси 20 дарсад хабар дод, ки ибрози тардиди бархе манобеъи хориҷӣ дар мавриди сиҳҳати ин иддаъоро дар пай овард.
Бо ин ҳама оқои Солеҳӣ авоили ҳафтаи ҷорӣ изҳороти оқои Аҳмадинажод дар мавриди тавлиди урониюми 20 дарсадиро таъйид ва чунин истидлол кард. ки хатти тавлиди ин маҳсул дар Натанз тавоноии тавлиди се то панҷ килугром аз ин фароварда дар моҳро дорад, ки дар натиҷа имкони тавлиди миқдоре аз он дар зарфи як рӯз вуҷуд доштааст.
Мушаххас нест, ки оё изҳороти оқои Солеҳӣ дар мавриди пешниҳоди ҷадид ба тавофуқи се кишвар дар моҳи сентябри соли гузашта иртибот дорад, ки ба манзури таъкид дар идомаи тамоюли кишварҳои хориҷӣ дар мавриди таъомул бо Эрон дар шароити кунунӣ бори дигар такрор шавад ва ё ин ки воқеъан пешниҳодҳои ҷадиде аз маҷоре дигаре дар ихтиёри мақомоти эронӣ қарор гирифтааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1765-2010-02-16-17-32-45.html