16:46:43 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АМРИКОӢ САРВАЗИРИ АФҒОНИСТОН ШУДАНИСТ

 

 Кобул дар арафаи ба вуҷуд омадани сенсатсия қарор дорад. Пас аз ду рӯзи 8-уми май, вақте ки бақайдгирии номзадҳо ба мансаби раисҷумҳури Афғонистон ба охир расид (интихобот бояд 20-уми август баргузор шавад), маълум гардид, ки барои дигаргунии ҷиддие дар сохтори роҳбарияти ояндаи кишвар омодагӣ дар ҷараён аст. Дар Кобул ҳама бо як овоз мегӯянд, ки дипломати шинохтаи амрикоии афғонтабор, сафири собиқи ИМА дар Афғонистон, Ироқ ва СММ Залмай Халилзод мансаби сарвазирии Афғонистонро ишғол мекунад.

Халилзоди 58-соларо чанде пеш яке аз рақибҳои эҳтимолии раисҷумҳур Ҳомид Карзай дар мубориза барои соҳибӣ кардани вазифаи сардори давлат медонистанд. Фаъолнокии сиёсии амрикоӣ дар Кобул вирди забони ҳамагон шуда буд (вай дар он ҷой як қабати пурраи ягона меҳмонсарои панҷситорадори "Серена"-ро банд карда буд). Аз ин рӯ сиёсатмадорон гумон мекарданд, ки намояндаи собиқи воломақоми маъмурияти Буш вориди мусобиқаи пешазинтихоботӣ мешавад. Ин дар ҳолест, ки Сарқонуни Афғонистон имконият намедиҳад, ки шахси шаҳрванди ду мамлакат буда раисҷумҳур шавад.

Вале, тавре мусоҳибони бо вижагиҳои сиёсии Афғонистон ошнои "Время Новостей" таъкид карданд, дар роҳи муборизаи Халилзод дар ватани таърихияш монеаи асосие набудааст. Вай дар ҳолати зарурият метавонист аз шаҳрвандии амрикоӣ даст кашад. Сабаби асосӣ дар он аст, ки Халилзод барои ба муваффақият умедвор шудан дар байни элитаи Афғонистон дастгирӣ пайдо накард.

Шахсияти пурихтилофи Халилзод дар байни аҳолӣ рӯҳияи зиддиамрикоиро баъди фоҷеаи чанде пеш дар вилояти ғарбии Фароҳ рухдода шиддат додааст. Ҳамон вақт баъди бомбаборони ҳавопаймоҳои амрикоӣ 140 нафар аз аҳолии осоиштаи ин вилоят ба ҳалокат расида буданд. Аз эҳтимол дур нест, ки ин фоҷеа боиси аз интихобот даст кашидани Халилзод шуда бошад.

Овозаҳо дар бораи бо роҳи дигар ба мансаби баланди ҳокимият расидани дипломати собиқи воломақоми амрикоӣ баъди ба охир расидани маъракаи пешбарии номзадҳо ба мақоми раисҷумҳури Афғонистон, ки дар рӯйхати он номи Халилзод ба чашм нарасид, тасодуфӣ нестанд. Ин хабарро дар бораи нақшаҳои нави дипломати амрикоӣ, ки дар Кобул паҳн шудааст, ҳамсӯҳбати рӯзномаи мо дар Маскав, роҳбари Маркази омӯзиши Афғонистони муосири Русия Умар Нессар ҳам тасдиқ кард. Ба қавли ӯ, Халилзод ба Кобул меояд, ки дар он ҷой барои ӯ аллакай як қабати меҳмонсаройи "Серена"-ро тайёр кардаанд.

Лекин шаккокҳо таъкид менамоянд, ки ба орзуи сарвазиршавии дипломати амрикоӣ Сарқонуни Афғонистон халал мерасонад. Зеро тибқи ин санад дар Афғонистон вазифаи сарвазирӣ пешбинӣ нашудааст. Коршиносони дигар ба ин гуфтаҳо эътироз карда мегӯянд, ки аввалан барои Халилзод таъсис додани мансабе, ки хилофи Сарқонун набошад ва ҳамчунин ваколатҳои "сарвазириро" дошта бошад, ба мисли сардори дастгоҳи раисҷумҳур, кори душвор нест ва баъдан дар гумон аст, ки дар Кобул шахси боҷуръате пайдо шавад, то монеаи роҳи мансабхоҳии Халилзод гардад. 

Ҳамчунин ба Сарқонуни мамлакат ворид кардани дигаргунӣ аз имкон берун нест. Ба ақидаи ҷаноби Нессер, чунин як ҳодиса метавонад ҳатто се моҳ пеш аз интихоботи раисҷумҳур ба вуҷуд ояд.

Мусоҳиби мо ҳамчунин тахмин мекунад, ки интихобот метавонад ба таъхир афтад, зеро амнияти баргузории он то ҳол таъмин нест ва он гурӯҳҳои низомие, ки барои таъмини амният Барак Обама ваъда кардааст, то 20-уми август мустақар шуда наметавонанд. Вашингтон барои модернизатсияи сиёсии Афғонистон бояд маблағи калон масраф намояд. Камбуди маблағ ва кӯшиши сарфа намудани он метавонад ИМА-ро ба якҷоя кардани интихоботҳои раисҷумҳур ва парлумони Афғонистон водор намояд, вале на имсол, балки соли 2010.

Чунин пешомад аз эҳтимол дур нест. Махсусан, бо назардошти вазъияти тезутунд дар вилоятҳои ҷанубу шарқии Афғонистон -Қандаҳор, Ҳилманд, Хост ва ғайраҳо. Дар Қандаҳор, ки муаллифи ин сатрҳо чанде пеш аз он дидан карда буд, ҳукуматдорони афғонӣ ҳатто рӯзона танҳо маркази вилоят ва чанде аз вулусволиҳои (ноҳия) гирду атрофи онро зери назорати худ доранду халос. 

Дар Кобул муфассири "ВН" бо маводҳои иттилоотие шинос гардид, ки аз ҷониби кумиссиони мустақили интихоботии Афғонистон барои интихоботҳо омода шудаанд. Тасаввуроте ба вуҷуд меояд, ки ин маводҳои хеле дақиқкорона таҳияшуда ҳам ба интихоботи раисҷумҳур ва ҳам интихоботи парлумон як хел тааллуқ доранд.

Раисҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай баробари омодагӣ ба интихобот фаъолияти сиёсати хориҷиро дар бобати таъмини мувозинат бо ҳамсояҳо пурзӯр менамояд. Чи хеле ки интернет-портали "Афғонистон.ру" хабар додааст, чанд рӯз пеш дар Теҳрон нишасти сарони се кишвар - Ирон, Покистон ва Афғонистон баргузор шуд, ки ташаббускори он раисҷумҳури Ирон Маҳмуди Аҳмадинажод будааст. 

Дар ин нишаст Ҳомид Карзай, раисҷумҳури Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва мизбони мулоқот асосан нақшаи бунёди лӯлаи газро аз Ирон ба Ҳиндустону Покистон мавриди баррасӣ қарор додаанд. Ба Аҳмадинажод ин саммит на камтар аз Ҳомид Карзай лозим аст, зеро интихоботи раисҷумҳури Ирон, ки бояд 12-уми июн баргузор шавад, ба таъхир нахоҳад афтод.

Аркадий Дубнов, "Время новостей"
Тарҷумаи ҳафтаномаи «Дунё», 28.05.09 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi