ҚАТЪНОМАИ НАВРӮЗ ДАР КОНГРЕССИ АМРИКО ТАСВИБ ШУД
Маҷлиси Намояндагони Амрико бо тасвиби қатъномае "аҳамияти фарҳангӣ ва таърихии" муҳимтарин иди бостонии эрониёнро ба расмият шинохта ва Наврӯзро ба эрониҳо ва ба ҳамаи касоне, ки онро ҷашн мегиранд, табрик гуфтааст. Майкл Ҳонда, яке аз намояндагони иёлати Колифурниё дар Конгресс, таҳиякунандаи аслии ин қатънома аст. Бештарини теъдоди эрониҳо дар Амрико дар Колифурниё зиндагӣ мекунанд.
Ӯ душанбе, 15 март, дар саҳни Маҷлиси Намояндагон гуфт: "Барои ҳамаи Амрикоиёни эронитабор ва тамомаи мардуме, ки Наврӯзро ҷашн мегиранд, соли ҷадиди пурравнақе орзу мекунам."
Маҷлиси Намояндагон қатъномаи мазкурро асри душанбе тасвиб кард. Ин қатънома бо 384 раъйи мусбат дар баробари 2 раъйи мухолиф тасвиб шуд. Ин қатънома аз Куруш, подшоҳи ҳахоманишӣ тамҷид мекунад ва "Маншури Куруш"-ро, ки баъд аз фатҳи Бобул ба дастури ӯ тадвин шуд таҳаввуле муҳим дар таърихи ҳуқуқи башар медонад.
Қонунгузорони Амрикоӣ гуфтаанд: "539 сол қабл аз мелоди Масеҳ, Куруши Кабир яке аз аввалин маншурҳои ҳуқуқи башарро бунён гузошт, маншуре, ки бардадориро лағв кард ва озодии диниро иҷоза дод."
Намояндаи Колифурниё гуфт: "Ин ҷашни бостонӣ аз газанди қарнҳо ихтилофоти динӣ ва рақобатҳои сиёсӣ маҳфуз мондааст. Мардуми ақвоми мухталиф бо эътиқодоти динии мутафовит Наврӯзро ҷашн мегиранд."
Илова бар Эрон, Наврӯз дар чанд кишвар, аз ҷумла Афғонистон, Тоҷикистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ӯзбакистон, Қазоқистон, Покистон ва Туркия низ ҷашн гирифта мешавад.
Дар қатъномаи Наврӯз омада: "Беш аз 200 милюн нафар дар ҷаҳон, аз ҷумла дар Амрико, Эрон ва кишварҳои Осиёи Миёна, ҷануби Осиё, Қафқоз ва манотиқи баҳри Сиёҳ ва Болкон Наврӯзро ҷашн мегиранд."
Ҷодӣ Бигрет, аз намояндагони иёлати Илинуй низ гуфт муҳим аст, ки дар остонаи Наврӯз аз саҳме, ки эрониён низ гуфт муҳим аст, ки дар остонаи Наврӯз аз саҳме, ки эрониён дар ҷомеъаи Амрико доштаанд, қадрдонӣ шавад. Ӯ гуфт: "Эронитаборҳо бофти иҷтимоъӣ ва иқтисодии ҷомеъаи Амрикоро ғанӣ кардаанд."
Гурӯҳҳои мадании эрониён, аз ҷумла Иттиҳодияи равобити умумии эрониёни Амрикоӣ, барои тасвиби ин қатънома, ки пешнависи он ҳудуди як сол пеш тавассути Майкл Ҳонда ба Маҷлиси Намсояндагон таслим шуда буд, талоши зиёде карданд.
Дар ин қатънома таъкид шуда: "Беш аз як милюн Амрикоии эронитабор аз ҳар дине, аз ҷумла баҳоӣ, масеҳӣ, яҳудӣ, мусулмон, зардуштӣ ва касоне, ки эътиқоди динӣ надоранд, Наврӯзро ҷашн мегиранд."
Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид низ рӯзи 23 феврал бо судури қатъномае Наврӯзро ба унвони як муносибати ҷаҳонӣ ба расмият шинохт.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1939-2010-03-16-06-17-54.html