19:29:47 02-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/16_--01-a-aaaaafreedomhouse-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/16_--01-a-aaaaafreedomhouse-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/16_--01-a-aaaaafreedomhouse-2.jpg'

ИНТИҚОДИ ФРИДУМ ҲАУЗ АЗ ДАВЛАТИ ҚИРҒИЗИСТОН

Дар пайи маҳдудияти дасрасӣ ба чанде аз расонаҳои хориҷӣ дар Қирғизистон созмони омрикоии Фридом Ҳауз ё Хонаи Озодӣ аз давлати ин кишвар хостааст, ки аз кунтрули расонаҳо даст бардорад.

 

Ин созмон рӯзи душанбеи 15 март дар як баёнияи матбуъотӣ навишт, ки тасмими мақомоти қирғиз ба қатъи барномаҳои родиюӣ ва маҳдудсозии дастрасии интернетӣ ба расонаҳое, ки аз ҳимояти молии давлати Омрико бархурдоранд, нигарониҳо дар мавриди озодии баён дар Қирғизистонро тақвият мекунад. Тибқи гузоришҳо, як телевизиюн ва чаҳор родиюи маҳаллии вобаста ба родиюи "Озодӣ" ва сойтҳои интернетии "Сетразия.ру" ва "Фергана.ру" дар Қирғизистон ахиран баста шудаанд.

 

Би-би-сӣ низ гуфтааст, ки пахши барномаҳои он дар як родиюи давлатӣ дар Қирғизистон бо мушкил мувоҷеҳ шудааст. Нозгул Конорбаева, хабарнигори Би-би-сӣ дар Бишкек, мегӯяд, ки бештари вақти барномаи қирғизии ин родию дар рӯзи душанбе ба эътирозот дар бораи афзоиши баҳои барқ марбут буд, вале ба ҷойи қисмате аз ин барнома мусиқӣ пахш шудааст.

 

Ҳамчунин, яке аз барномаҳои Би-би-сӣ дар рӯзи сешанбе пахш шуда, вале барномаи дигар пахш нашудааст. Манобеъи родиюи давлатии Қирғизистон гуфтаанд, ки ин амр далоили фаннӣ дорад, вале мухолифони давлат бар ин боваранд, ки ҳукумат мехоҳад ҷараёни иттилоъотро масдуд кунад.

 

Хабаргузории Оссушиэйтид Пресс аз қавли Бектош Шамшиев, хабарнигори маҳаллии родиюи Озодӣ дар Бишкек овардааст: "Шарикони мо, ки барномаҳоро дубора пахш мекунанд, гуфтанд, ки мақомот онҳоро таҳдид кардаанд, ки муҷаввизашон бозпас гирифта хоҳад шуд. Аз ин рӯ, онҳо қарордодро ба таври якҷониба лағв карданд."

 

Аммо Алмас Турдумаматов, сухангӯйи дафтари раёсати ҷумҳурии Қирғизистон, гуфтааст, ки давлат дар ин иқдом даст надорад ва родиюи "Озодӣ" бо ширкатҳое, ки барномаҳояшро пахш мекарданд, мушкил дорад.

 

Динара Ошурахунова, раиси эътилофи мавсум ба "Барои демукросӣ ва ҷомеъаи маданӣ" гуфтааст, ки баста шудани расонаҳо баъд аз он сурат гирифт, ки як додраси итолиёӣ дар бораи боздошти як тоҷири омрикоӣ, ки мушовири давлати Қирғизистон буд, ҳукме содир кард ва расонаҳо дар ин бора гузориш доданд.

 

Дар ҳамин ҳол, теъдоде аз мудофеъони озодии баён ва сиёсатмадорони мухолиф дар Қирғизистон рӯзи душанбе дар эътироз ба ончи талошҳои давлат барои масдуд кардани расонаҳои таҳти ҳимояти Омрико мехонанд, даст ба тазоҳурот задаанд.

 

Дар тазоҳуроте, ки рӯзи душанбе дар назди дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар Бишкек сурат гирифт, ҳудуди 50 нафар аз муътаризон аз мақомоти урупоӣ ва созмонҳои бйналмилалӣ хостаанд, ки бар давлати Қирғизистон барои озод гузоштани ҷараёни иттилоърасонӣ фишор оваранд.

 

Мухолифони Президент Қурмонбек Боқиев мегӯянд, ки мақомот ҳадаф доранд садои расонаҳои мустақиллро хомӯш кунанд. Ба гуфтаи онҳо, оқои Боқиев аз замони ба қудрат расиданаш дар соли 2005 талош кардааст султаи худро дар ин кишвари фақири Осиёи Миёна тақвият кунад. Ин мавзӯъ мӯҷиби нигаронии бисёре аз мудофеъони ҳуқуқи башар аз хатари истибдод дар Қирғизистон шудааст.

 

Созмони Хонаи Озодӣ бо ишора ба ин вазъ мегӯяд давлати Қирғизистон аз як пешоҳанги озодии баён дар минтақаи Осиёи Миёна ахиран ба як сонсургар табдил шуда ва фишор бар матбуъот ва расонаҳои мустақиллро шурӯъ кардааст, ки ин кор дар ниҳоят ба худсонсурии рӯзафзун мунҷар шудааст.

 

Ин созмон дар гузориши худ дар бораи "Озодӣ дар ҷаҳон - 2010" Қирғизистонро аз мавқеъияти "нисбатан озод" дар шохиси худ ба мақоми "ғайриозод" таназзули рутба додааст.

 

Ҷеннифер Виндзор, мудири омили Хонаи Озодӣ, мегӯяд: "Қирғизистон пештар аз нигоҳи таҳаммул, озодии баён ва равандҳои демукросӣ дар Осиёи Миёна улгу (намуна) буд. Мо аз давлати Қирғизистон мехоҳем бо озод кардани дастрасии мардум ба ҷараёни иттилоъот пойбандии худ ба ин меъёрҳоро собит кунад."

 

Ба навиштаи Хонаи Озодӣ, гузоришҳои ин созмон, Вазорати хориҷаи Омрико ва чанде дигар аз ниҳодҳои мудофеъи ҳуқуқи башар ҳокист, ки хушунат алайҳи рӯзноманигорон дар Қирғизистон дар соли 2009 ва оғози соли 2010 "ба таври нигаронкунандае афзоиш ёфта" ва масалан се рӯзноманигор кушта ва чандин нафари дигар дар ин кишвар мавриди таҳдид ва иръоб қарор гирифтаанд.

 

Зимнан, Қирғизистон танҳо кишваре дар минтақа нест, ки барои маҳдудсозии дастрасӣ ба иттилоъот ҳадафи интиқодоти байналмилалӣ қарор мегирад.

 

Кишварҳои дигари Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистону Ӯзбакистон низ, ба хотири иқдомоте мушобеҳ дар шохисҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ва озодии матбуъот ҳамвора аз ҷумлаи "помолкунандагони ҳуқуқи инсон ва озодии матбуъот" шумурда шудаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1947-2010-03-16-18-54-33.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854