07:41:38 01-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/22_--01-a-aaaaafaeze-hashemi-afp.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/22_--01-a-aaaaafaeze-hashemi-afp.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/22_--01-a-aaaaafaeze-hashemi-afp.jpg'

НАВАИ ҲОШИМИИ РАФСАНҶОНӢ БОЗДОШТ ШУД

Нава (набера)-и Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ дар Теҳрон боздошт шудаст. Рӯзи душанбе, 22 март, гузориш шуд, ки Ҳасани Лоҳутӣ, фарзанди Фоиза Ҳошимӣ ва наваи Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раиси Маҷлиси Хибрагон ва раиси Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом, ҳангоми бозгашт аз сафари хориҷ ба Теҳрон боздошт шудааст.

 

Бар асоси ин хабар, ки мавриди таъйиди як манбаъи наздик ба хонаводаи Ҳошимии Рафсанҷонӣ қарор гирифта, боздошти Ҳасани Лоҳутӣ шомгоҳи якшанбе ва тавассути маъмурони мустақар дар фурудгоҳи Имом Хумайнӣ бо ироаи ҳукми қазоӣ сурат гирифт. Хабаргузории "Форс" пештар дар гузорише дар ин маврид навишта буд, ки оқои Лоҳутӣ даҳ рӯз пас аз эъломи натиҷаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ озими Ландан шуда буд ва то замони бозгашт ба Теҳрон дар рӯзи якшанбе, дар Бритониё иқомат доштааст.

 

Дар мавриди далели боздошти Ҳасани Лоҳутӣ иттилоъи дигаре дар даст нест. Ҳасани Лоҳутӣ чанд рӯз пас аз эъломи натиҷаи интихобот дар гуфтугӯ бо Би-би-сӣ хабари боздошти кӯтоҳмуддати модараш, Фоиза Ҳошимиро дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозӣ дар Теҳрон таъйид кард.

 

Дар ҷараёни эътирозоти баъд аз интихоботи муноқишабарангези даҳумин давраи раёсати ҷумҳурӣ, бархе аз аъзои хонаводаи оқои Ҳошимии Рафсанҷонӣ, ҳадафи интиқод ва ҳамалоти лафзии шадиди тарафдорони Маҳмуди Аҳмадинажод қарор доштаанд.

 

Аз ҷумла дар ҷараёни муҳокимоти дастаҷамъӣ, ки аз телевизиюни давлатии Ҷумҳурии Исломӣ пахш шуд, яке аз муттаҳамон дар "эътирофи" худ Меҳдии Ҳошимӣ узви ҳайъати уманои Донишгоҳи озоди Эронро ба сӯйиистифода аз имконоти донишгоҳӣ барои таблиғот алайҳи Маҳмуди Аҳмадинажод муттаҳам кард.

 

Ахиран бархе аз хабаргузориҳои тарафдори давлат дар гузоришҳое ба нақл аз мақомоти қазоӣ аз иқдомот алайҳи Меҳдии Ҳошимӣ хабар додаанд, аммо дар ин маврид ҷузъиёти бештаре дар дастрас набудааст. Дар айни ҳол, то кунун хабар ё изҳори назаре дар мавриди пайгарди Ҳасани Лоҳутӣ интишор наёфта буд.

 

Манбаъи наздик ба хонаводаи Ҳошимии Рафсанҷонӣ гуфтааст, ки чанд моҳ пеш, фарзанди чаҳордаҳсолаи Меҳдии Ҳошимӣ низ ҳангоми бозгашт аз хориҷ дар фурудгоҳи Имом Хумайнӣ ба муддати як соъат мавриди бозҷӯйӣ қарор гирифт. Фарзандони оқои Рафсанҷонӣ пештар шиквоияеро алайҳи иттиҳомоте, ки бар онон ворид шуда, таслими мақомоти қазоӣ кардаанд, аммо аз пайгирии ин шиквоия ҳанӯз хабаре дар даст нест.

 

Ҳафтаи гузашта Фоиза Ҳошимӣ дар мусоҳибае бо рӯзномаи "Баҳор" гуфт: "Мо фарзандони оқои Ҳошимӣ аз оқои Аҳмадинажод (раиси ҷумҳури Эрон) шикоят кардаем, ки ин шикоят эъломи вусул шуда, аммо то кунун натиҷае надоштааст."

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1978-2010-03-22-17-04-28.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854