ТАРКИШҲОИ МАСКАВ "АМАЛИ ТЕРРОРИСТӢ" НОМИДА ШУД
Субҳи имрӯз ду таркиш дар метрои Маскав даҳҳо нафарро кушта, даҳҳои дигарро захмӣ кардааст. Фарзияи нахустини хабаргузориҳо ҳамлаҳои интиҳорӣ мебошад. Таркиши аввал дар истгоҳи "Лубянка", соати 07:52-и субҳ ба вақти маҳаллӣ, ҳадди ақал 20 нафар кушта бар ҷой гузошт. Масъули Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия гуфтааст, 11 нафар дар ин таркиш захм бардоштаанд. Бино бар хабарҳои аввалия, таркиш дар вакони дуввуми метро ба амал омадааст.
Дар ҳоли ҳозир ба маҳалли ҳодиса даҳҳо наҷотбахш ҳозир доштаанд. Дақиқаҳое баъд аз таркиши аввал, дар соати 08:40 ба вақти Маскав дар истгоҳи "Парк Култура" низ як таркиши дигар ба вуқӯъ пайвастааст. Бино бар хабарҳои аввалия, 12 нафар қурбони ин таркиш гардидаанд ва 7 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Баъзе аз манобеъ шумори кушташудаҳоро аз 30 то 60 нафар дар маҷмӯъ тахмин мезананд.
Ҳаракати қаторҳои метро дар хатти Соколническая, ки ҳар ду истгоҳи таркида дар он қарор доранд, дар ҳоли ҳозир аз истгоҳи "Спортивная" то истгоҳи "Комсомолская" баста аст. Пулиси Маскав низоми фаъолияташро ташдид бахшидааст. Владимир Маркин, намояндаи кумитаи тафтишотии додситонии Маскав, ба хабаргузориҳо гуфтааст, аз рӯи ин таркишҳо парвандаи ҷиноӣ бо ҷурми "терроризм" боз шудааст.
Хабаргузориҳои русӣ бо такя ба Вазорати ҳолоти изтирории кишварашон навиштаанд, маводи мунфаҷирае, ки дар ин таркишҳо истифода шудааст, ҳанӯз мушаххас нест. Дар ҳамин ҳол, мақомоти Русия хабари бархе аз расонаҳоро дар бораи таркиши саввум дар истгоҳи "Проспект мира" рад карданд. Дар Маскав, пойтахти Русия, даҳҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик ба сар мебаранд.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2015--q-q-.html