19:38:44 02-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/29_--01-a-aaaaatarkish222.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/29_--01-a-aaaaatarkish222.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/29_--01-a-aaaaatarkish222.jpg'

ТАРКИШҲО - ВОКУНИШИ ШӮРИШИЁН?

Мақомоти расмии Русия ду инфиҷори рӯзи душанбе дар метрои Маскавро ба террористҳои Қафқози Шимоӣ иртибот медиҳанд. Онҳо мегӯянд, ин ҳамлаҳои интиҳориро ду зани маргталаб анҷом додаанд. Ду таркиш дар метрои Маскав субҳи имрӯз, 29-уми март ҳадди ақал 35 нафар кушта ба ҷой гузошт. Масъулини ниҳодҳои зирабти Русия гуфтаанд, ҳудуди 70 нафари дигар ҳам дар ин таркишҳо ҷароҳат бардоштаанд.

 

Раиси Хадамоти Федеролии Амнияти Русия мегӯяд, шӯришиёне, ки бо минтақаи Қафқози Шимолӣ иртибот доранд, дар ин бамгузориҳои интиҳорӣ гумонбар дониста мешаванд. Кормандони умури изтирории Русия гуфтаанд, ду зани маргталаб дар ҳар ду ҳодиса худро замоне мунфаҷир сохтаанд, ки қаторҳо вориди истгоҳ шудаанд. Як инфиҷор дар истгоҳи "Лубянка" ва дигарӣ дар истгоҳи "Парк култури" рух додааст.

 

Кори дасти гурӮҳҳои қафқозӢ?

Александр Бортников, раиси Хадамоти федеролии амнияти Русия дар ҷараёни мулоқоте бо Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, ки аз тариқи телевизион пахш мешуд, изҳор дошт, ки иртибот додани инфиҷорҳо бо Қафқози Шимолӣ ба расидагиҳо бар пораҳои ҷасади бамгузорони интиҳорӣ асос ёфтааст: “Фарзияи муқаддамотии мо ин аст, ки ин аъмоли террористиро гурӯҳҳои террористии марбут ба Қафқози Шимолӣ анҷом додаанд. Ин фарзияи аслии мост".

 

Медведев ба нируҳои амниятӣ дастур дод, ки дар саросари кишвар дар нақлиёт тадобири амниятӣ андешида шавад ва бар зидди теророризм то охир мубориза идома ёбад. Вай гуфт: "Хати маши саркӯб ва мубориза бо терорризм дар кишвари мо идома хоҳад ёфт. Мо бидуни ҳеҷ дудилагӣ амлиётро бар зидди терроризм то охир идома медиҳем".

 

Тоҷикон дар миёни қурбониён нестанд

Шоҳини Самад, корманди дафтари матбуотии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав гуфт, ки дар миёни қурбониён шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд. Ӯ гуфт: "Тибқи маълумоте, ки мо аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар гирифтем, дар миёни қурбониён ва осебдидагони таркиш дар метрои шаҳри Маскав ягон нафар шаҳрванди ҷумҳурии Тоҷикистон нест".

 

Наворҳо ё аксҳое, ки шоҳидони айнӣ бо телефонҳои ҳамроҳи худ дар саҳҳнаи инфиҷорҳо бардоштаанд аз тариқи телевизион пахш шуд. Дар ин наворҳову аксҳо ҷасаддҳо ҳар тараф афтодаанд ва ононе, ки ҷон ба саломат бурдаанд, ҳаросон сӯҳбат мекарданд.

 

Яке аз онҳо чунин мегӯяд: "Дар вақти инфиҷор ман аз истгоҳи "Кузнетский мост" ба истгоҳи "Лубянска" мугузаштам. Бо эсколатор боло мерафтам ва дар ҳамин вақт садои инфиҷорро шунидам. Инфиҷор дари даромадгоҳро пора кард. Гарду чанг болои ба эсколаторро тира кард. Одамон дар эсколатор ба давидан шурӯъ карданд, баъзеҳо меафтоданд, пешпо мехӯрданд. Ман ҳам давидам ва ба майдони "Лублянка" баромадам. Дар он ҷо шумораи зиёди таҷҳизоти оташнишонӣ ва пулис ҷамъ шуда буд. Кормандони наҷот бо замбарҳо аз метро ба берун медавиданд".

 

Баъд аз 30 дақиқаи инфиҷори авввал садои инфиҷори дуввум дар истгоҳи метрои "Парк култури" баланд шуд. Тибқи гузориши бахши русии радиои Озодӣ мошинҳои кӯмаки таъҷилӣ ва оташнишон ба мушкилӣ худро ба маҳали ҳодиса мерасонданд, зеро дар ин соатҳо роҳҳои шаҳр хеле пурмошин буд.

 

Таркишҳо - вокуниши шӮришиён?

Таҳлилгарон ба бахши русии радиои Озодӣ гуфтаанд, тундравҳо бо чунин инфиҷорҳо ба куштори ахири раҳбарони шӯришии худ дар Қафқози Шимолӣ вокуниш нишон додаанд. Дар давоми моҳи март нируҳои амниятии Русия ва вазорати корҳои дихилаи ин кишвар дар Қафқози Шимолӣ чанд амалиёти муваффақиятомез анҷом доданд ва дар ин амалиёт чанд нафар аз фармондеҳони аршади тундравҳо кушта шуданд. Ба ақидаи таҳлилгарон, ин инфиҷорҳо қасосе барои куштори фармондеҳонашон аст.

 

Мақомоти амниятии Русия таъйид кардаанд, ки Анзор Астемиров 24-ӯми март дар Налчик кушта шудааст. Вай шахси севвум дар гурӯҳи Доку Умаров дониста мешуд. Дар амалиёти 7 - март Саид Бурятский, яке аз раҳбарони маънавии тундравҳо кушта шуд.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2017-2010-03-29-16-01-19.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854