ВАЗЪИЯТИ ҚИРҒИЗИСТОН
Тибқи хабарҳои расида, ҳокимият дар Қирғизистон ба дасти мухолифин гузашт. Дар ин бора иҷрокунандаи муваққатии вазифаи раиси ҳукумати эътимоди мардумӣ Роза Отунбоева хабар дод. Вай зикр намуд, ки алҳол ягон ҳукумат ташкил карда намешавад, мо танҳо вазифаҳоро муваққатан ба зимма гирифта, онҳоро иҷро хоҳем кард.
Ба қавли Р.Отунбоева, сарвазири ҷумҳурӣ Дониёр Усенов аризаи истеъфои худро ба ӯ супоридааст. Алҳол вазифаи асосӣ мӯътадил гардонидани вазъияти ҷумҳурӣ мебошад. Мо бояд ҳаёти одамонро муҳофизат намуда, ба талаю тороҷи моликияти аҳолӣ роҳ надиҳем, гуфт Отунбоева. Раиси Ҳизби мухолифи «Оқшумқор» Темир Сариев ба мухбирон гуфт, ки ҳукумати мамлакат ҳамроҳи сарвазир ба истеъфо меравад.
Агентии иттилоотии Кабар хабар дод, ки бегоҳии рӯзи чоршанбе роҳбари мухолифини Қирғизистон, вазири собиқи мудофиа ва котиби Шӯрои амният, генерал Исмоил Исҳоқов аз ҳабс озод карда шуд. Вакили дифои Исҳоқов Азимбек Бекназаров зикр намуд, ки маъмурияти ҳабсхона баъди ба он наздик шудани намоишгарон Исҳоқовро бе ягон мамониат озод кард.
Исҳоқов аз ҳабсхона баромада, ба шабакаи телевизионии «ЭлТр» рафта, дар яке аз барномаҳои он ширкат варзид. И.Исҳоқов аввали соли равон бо гуноҳи ғайриқонунӣ ба писараш додани ҳуҷраи хизматӣ ба мӯҳлати 8 сол ҳабс карда шуда буд. Генерал ба ҳукми суд ҳамчун амали тақиби сиёсӣ баҳо дод.
Яке аз роҳбарони мухолифин Омурбек Текебоев дирӯз изҳор намуд, ки агар И.Исҳоқов аз ҳабс озод карда шавад, артиши Қирғизистон ба тарафи мухолифин мегузарад. Президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев пойтахти мамлакатро тарк намуд ва айни ҳол дар шаҳри Ӯш мебошад. Вазири мудофиаи ҷумҳурӣ низ ҳамроҳи ӯ ба ин ҷо омадааст.
Намоишгарон бегоии рӯзи чоршанбе ба Қасри ҳукумати Қирғизистон зада даромаданд. Ин лаҳза дар қасри ҳукумат ягон шахси мансабдор набуд. Шахсони номаълум дирӯз дар Бишкек се хонаро талаю тороҷ карда, оташ заданд, ки ба аҳли оилаи Қурмонбек Боқиев тааллуқ дошт. Аз рӯи баъзе хабарҳо, рӯзҳои охир дар ин хонаҳо хешу таборони Боқиев зиндагӣ мекарданд.
Мухолифин фурудгоҳи байналмилалии Манасро таҳти назорати худ гирифтанд, ки аз Бишкек даҳҳо километр дур воқеъ гардида, дар ҳудуди он пойгоҳи низомии Қувваҳои ҳарбии ҳавоии ИМА ҷой дода шудааст. Тавре хабар дода шуда буд, президенти Қирғизистон дар шаҳрҳои Бишкек, Талос, Чуй ва вилояти Норин ба мӯҳлати як моҳ вазъияти фавқулодда ва қуюди шабгардӣ ҷорӣ карда буд.
Хабар дода мешавад, ки вобаста ба муташанниҷ гардидани вазъияти Қирғизистон посбонӣ ва муҳофизати пойгоҳи низомии Русия дар Кант пурзӯр карда шуд. Намояндаи расмии дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи Русия хабар дод, ки пойгоҳи низомӣ мувофиқи тартиби муқаррарӣ кор мекунад, ҳавопаймоҳои он мувофиқи нақша парвоз мекунанд.
Муншии умумии СММ вобаста ба вазъияти Қирғизистон изҳори ташвиш намуд. Вай ҳамаи тарафҳоро даъват кард, ки сабру таҳаммулро пеша карда, роҳи гуфтушунидро пеш гиранд. Муншии умумии СММ таъкид кард, ки озодии маҷлису намоишҳо ҷузъи ҷудонашавандаи ҷамъияти демократӣ мебошад, вале бояд волоияти қонун ҳатман риоя шавад.
Аз рӯи маълумоти Вазорати тандурустӣ, дар натиҷаи муноқиша дар Қирғизистон 65 нафар, аз ҷумла дар Бишкек 47 нафар ҳалок шуд. 495 нафар ба шифохонаҳо фиристода, 393 нафар барои табобат хобонда шуданд. Хадамоти марзбони Қирғизистон вобаста ба тезу тунд гардидани вазъият муҳофизати ҳамаи қитъаҳои сарҳадро пурзӯр намуд. Вале гузаргоҳҳои сарҳадӣ ҳанӯз баста нашудаанд.
АМИТ «Ховар»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2074-2010-04-08-08-09-51.html