ПРЕЗИДЕНТ БОҚИЕВ ТАҚОЗОИ ИСТЕЪФОРО РАД КАРД
Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури Қирғизистон, ки дар ҷараёни як қиёми хунин маҷбур сохта шуд пойтахти ин кишварро тарк кунад, исрор кардааст, ки истеъфо нахоҳад дод. Ӯ дар мусоҳибае бо як родиюи Русия гуфтааст дар ҷануби кишвар қарор дорад ва аз кишвар хориҷ нахоҳад шуд. Аммо ӯ таъйид кардааст, ки неруҳои амниятӣ ба кунтрули мухолифин даромадаанд. Мухолифин ба раҳбарии Роза Отунбоева, вазири собиқи хориҷаи Қирғизистон гуфтаанд қудратро комилан ба даст гирифтаанд.
Қиёми ҳамроҳ бо хушунат дар Қирғизистон 75 нафар кушта ва беш аз 100 нафар захмӣ бар ҷой гузоштааст. Оқои Боқиев, ки панҷ соли пеш дар ҷараёни як инқилоб дар Қирғизистон ба қудрат расид, рӯзи чаҳоршанбе Бишкекро тарк кард ва гузориш шуд, ки ӯ ба шаҳри Ӯш дар ҷануб рафтааст. Ӯ ба родиюи Эхо Москви гуфт дар ҷануби Қирғизистон ба сар мебарад аммо маҳалли дақиқи худро мушаххас накард. Ӯ гуфт: "Дар ҳоли ҳозир барномае барои рафтан аз қудрат надорам."
Вай афзуд: "Ба ҳар сурат ман қабули шикастро надорам," агарчи изофа кард: "Бо вуҷуде ки ман раиси ҷумҳур ҳастам, аммо ҳеҷ аҳрами воқеъии қудратро надорам." Пештар хабаргузории қирғизии 24.kg гуфт паёми электруникеро аз оқои Боқиев дарёфт кардааст. Изҳороте ки дар ин паём омадааст ҳанӯз тасдиқ нашудааст. Дар ин паём аз қавли оқои Боқинв омадааст, ки "Қирғизистон дар вартаи як фоҷиъаи башарӣ қарор дорад."
Оқои Боқиев гуфтааст "дар сурати идомаи бесуботӣ тамоми масъулият бар дӯши раҳбарони мухолифин хоҳад буд.....(онҳо) мутобиқ ба тамоми мафоди қонун маҷозот хоҳанд шуд." Мухолифати оқои Боқиев бо истеъфо дар пайи нишасти матубъотии хонуми Отунбоева мунташир мешавад.
Хонуми Отунбоева дар ин нишаст гуфт, давлати интиқолӣ, ки то баргузории интихобот пас аз 6 моҳи дигар дар қудрат хоҳад буд, тамоми кишварро зери кунтрули худ дорад ва вузарои ҷадидро интисоб кардааст.
Ӯ гуфт оқои Боқиев дар вилояти Ҷалолобод, ки зодгоҳи ӯст, талош дорад ҳимоят пайдо кунад. Вай дар ҳоле ки мегуфт "вазифаи ӯ ба пойн расида" аз ӯ хост истеъфо диҳад. Хабаргузории Руйтерз аз кашмакашҳое миёни садҳо тан аз тарафдорони оқои Боқиев ва аъзои мухолифин, ки сохтмони ҳукумати маҳаллиро ба даст гирифта буданд, дар шаҳри Ӯш гузориш додааст.
Райҳон Деметрӣ, гузоришгари Би-Би-Сӣ дар Бишкек мегӯяд оқои Боқиев дар ҷануби кишвар аз ҳимояти зиёде бархурдор аст, аммо ҳанӯз рӯшан нест, ки чӣ шуморе аз афрод омода хоҳанд буд аз ӯ ҳимоят кунанд ва оё ӯ саъй хоҳад кард бо пуштибонии онҳо барои касби дубораи қудрат мубориза кунад.
Дар Бишкек, пойтахт рӯзи панҷшанбеи 8 апрел вазъ ором буд ва зоҳиран мухолифин сохтмонҳои ҳукуматиро таҳти кунтрул доштанд. Шаби гузашта дар пойтахт ғорати густарда ва тирандозӣ ҳоким буд.
Қирғизистон кишвари аз лиҳози истротежик муҳими Осиёи Марказӣ ва мизбони пойгоҳи низомии Русия ва пойгоҳи калидии низомии Омрико аст, ки тадорукотро барои амалиёт дар Афғонистон интиқол медиҳад. Омрико рӯзи чаҳоршанбе парвозҳои низомӣ аз ин пойгоҳро мутаваққиф кард. Хонуми Отунбоева дар робита ба ин пойгоҳҳои низомӣ гуфт "вазъи мавҷуд" боқӣ хоҳад монд, аммо масоиле бояд баррасӣ шавад.
Чатрбозони Русия
Рӯзи панҷшанбе Бон Ки-Мун, дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид гуфт "сареъан бояд барои барқарории назм бар мабнои Қонуни асосӣ" дар Қирғизистон иқдом шавад. Ӯ эълон дошт, ки намояндаи вежаи Созмони Миллалро дар асраъи вақт ба Қирғизистон мефиристад.
Маскав гуфтааст Владимир Путин, нахуствазири Русия бо хонуми Отунбоева гуфтугӯии телевизиюнӣ анҷом додааст. Ба гуфтаи Дмитрий Песков, сухангӯи нахуствазири Русия оқои Путин гуфтааст: "Муҳим ин аст ки гуфтугӯ бо ӯ ба унвони раҳбари ҳукумати эътимоди миллӣ анҷом шуд."
Фармондеҳи ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Русия гуфтааст ба сурати изофа 159 чатрбози русӣ ба пойгоҳи низомии Русия дар Қирғизистон, мавсум ба пойгоҳи Кант, дар наздикии Бишкек фиристода мешаванд то амнияти шаҳрвандони Русияро тақвият кунанд. Маскав ҳар гуна нақш дар нооромиҳои Қирғизистонро рад кардааст.
Катерин Аштон, масъули сиёсатҳои хориҷии Иттиҳодияи Урупо гуфтааст ин иттиҳодия омадааст ба манзури бозгашти оромиш ба Қирғизистон ба сурати оҷил кумаки башардӯстона ироа кунад. Ӯ гуфтааст: "Ман аз ҷонибҳо мехоҳам аз худ хештандорӣ нишон диҳанд. Бозгашти сареъи назми умумӣ барои ҷилавгирӣ аз талафоти бештар амри муҳим аст."
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2079-2010-04-09-05-26-50.html