ЭЪЛОМИ РӮЗИ МОТАМ ДАР ҚИРҒИЗИСТОН
Раҳбарияти ҳукумати муваққатии Қирғизистон барои поси хотири қурбониёни нооромиҳои ахир 9-ум ва 10-уми апрелро Рӯзҳои мотам эълон кардааст. Роза Отунбаева, раҳбари ҳукумати муваққатии Қирғизистон, гуфтааст, ба хонаводаҳои қурбониён ва зарардидагон ҳукумат кумакҳои молӣ хоҳад кард. Вазорати беҳдошти Қирғизистон мегӯяд, дар задухӯрдҳои рӯзи чаҳоршанбе дастикам 75 нафар кушта ва беш аз 1000 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Аммо Роза Отунбоева теъдоди қурбониёнро ҳудуди 100 нафар гуфтааст. Бино ба хабарҳои расида аз Бишкек, вазъ дар ин шаҳр рӯ ба беҳбуд аст, вале шаби гузашта дар қисматҳои мухталифи шаҳр садои тирандозӣ аз аслиҳаи мусалсал ба гӯш расидааст. Болот Шерниёзов, вазири дохилаи ҳукумати муваққатӣ, гуфтааст, барои пешгирии дуздиву ғорати густарда дар Бишкек вай ба нерӯҳои амниятӣ дастур додааст, ки ба сӯи ҷинояткорон оташ кушоянд.
Қирғизистон дар маркази таваҷҷӮҳи ҷомеаи ҷаҳон
Русия эълон кардааст, ки омодааст ҳукумати нави Қирғизистонро ба расмият бишиносад. Владимир Путин, нахуствазири Русия, дар як сӯҳбати телефонӣ бо Роза Отунбаева, раҳбари ҳукумати нави Қирғизистон, гуфтааст, Маскав бо зудтарин фурсат ба Қирғизистон кумакҳои башардӯстона ирсол хоҳад кард. Амрико ва Чин аз ҳамаи ҷонибҳои қирғиз хостаанд, ки оромиву хештандорӣ нишон диҳанд. Вале ин ду кишвар то ҳол дар бораи ба расмият шинохтани ҳукумати нави Қирғизистон тасмим нагирифтаанд.
Бан Ки Мун, дабири кулли СММ, гуфтааст, ки ба Қирғизистон намояндаи хоси худро мефиристад. Кэтрин Эштон, раиси сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо, аз Қирғизистон хост, ки ҳар чи зудтар ба низому риояти қонун дар кишвар баргарданд.
Аксари кишварҳои ҳамсояи Қирғизистон дар робита ба таҳаввулоти ахир то ҳол вокунише нишон надодаанд. Узбакистон сарҳади худ бо Қирғизистонро бастааст. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, ки тағйири ҳукумати Қирғизистон масъалаи дохилии ин кишвар аст.
Ҳамзамон Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури фирории Қирғизистон, дар мусоҳибае бо радиои "Эхо Москви" гуфтааст, ки дар ҷануби кишвараш ба сар мебарад ва қасди аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ истеъфо доданро надорад.
Боқиев гуфт, раҳбари мунтахаби кишвар аст ва ҳеҷ навъ шикастро намепазирад. Роза Отунбоева, раҳбари ҳукумати муваққати Қирғизистон гуфтааст, ки Қурмонбек Боқиев мехоҳад бо гирди ҳам овардани бархе нерӯҳо аз мавқеи худ ҳамчунон дифоъ кунад.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2080-2010-04-09-05-34-33.html