БОҚИЕВ: "МАН МАРДУМАМРО ХУБ МЕШИНОСАМ"
Қурбонбек Боқиев, раиси ҷумҳури Қирғизистон дар гуфтугӯи мустақим бо барномаи бахши русии родиюи Би-би-сӣ мавсум ба "Шом дар Би-би-сӣ" диди худро аз вазъият дар Қирғизистон баён кард. Ин мусоҳибаро муҷрии барнома Яна Литванова анҷом дод.
Оқои Боқиев, Шумо ҳоло дар куҷоед?
Ман дар ҷануби Қирғизистон ҳастам.
Шумо худро ҳанӯз ҳам раиси ҷумҳури Қирғизистон мешуморед?
Бале.
Иқдомоти ояндаи Шумо чӣ хоҳад буд? Чаро ки агар Шумо худро ҳоло ҳам раиси ҷумҳур медонед, бояд вазъиятро зери кунтрул дошта бошед. Ин корро чи гуна анҷом медиҳед?
Аввалан, агар ба ёд доред, 7-8 моҳи қабл, замоне, ки ман барои марҳилаи дуввум раиси ҷумҳур интихоб шудам, ман 77 дарсади орои мардумро касб карда будам. Дигар ин ки ду ҳафта пеш, мо мусолеҳаи қурултой анҷом додем, ки дар он намояндагони мунтахаб, на ин ки мақомот, балки шаҳрвандони одии Қирғизистон - аз сиёсати ислоҳот ва азнавсозии раиси ҷумҳур пурра пуштибонӣ карданд. Аммо вақте, ки як гурӯҳи кучаки мусаллаҳ Кохи сафедро тасарруф мекунад ва ба самти раиси ҷумҳур, ба утоқи кории вай тир меандозад ва аз ин роҳ ба қудрат мерасад - ман фикр мекунам он қудрати ғайриқонунӣ аст.
Ба назар мерасид, ки он як гурӯҳи кучак набуд, балки издиҳоми бузурге буд ва он ҳам на танҳо дар як шаҳр, балки дар дар чанд шаҳр. Далели ин нооромиҳоро дар чӣ мебинед?
Ман мардум ва кишвари худро хеле хуб мешиносам. Ва он чи Шумо мегӯяд, бале, онҳо тавонистанд ин корро дар вилоёти Талас, Норин ва шаҳри Бишкек созмон бидиҳанд, одамҳоро ҷамъ кунанд. Ба хусус ҷавонон, ки дар ҳолати, малеҳ карда гӯям - ҳушёр набудан ҳаяҷонзада буданд ва сохтмони давлатиро ба тасарруфи худ дароварданд. Дар инҷо тақсими пул ва нӯшокиҳои олкулӣ нақши муҳимро бозид - яъне, ҳар чизе, ки дар чунин вазъият ба кор меравад.
Шумо вазъиятеро, ки дар он қарор гирифтед, "барканорӣ аз давлат" намешуморед. Вале ҳоло шимоли кишвар ба кори худ машғул асту ҷануби кишвар ба кори худ. Эҳсосоти Шумо дар ин маврид чи гуна аст?
Чи гуна эҳсосот ҳам метавонам бошад, вақте ки дар пойтахт ҷашни бодагусорӣ идома дорад, вақте афроди мусаллаҳ дар хиёбонҳо роҳ мераванд, ба дуздӣ, ғорат ва одамкушӣ машғуланд, аммо ҳукумати ҷадид, ки худаш худро таъйин кадааст, наметавонад интизомро барқарор кунад ва дар ин ҳама раиси ҷумҳурро муқассир медонад? Табиъист ки эҳсоси хубе надорам. Мехоҳам гӯям, ки ман аслан интизор надоштам, ки чунин воқеъаҳо созмон дода хоҳад шуд.
Шумо ба ягон кӯмак аз хориҷи кишвар умед доред?
Қабл аз ҳама ба чӣ умед мебандам... Ҳамаи ҳамтоёни хориҷии мо, куллия ҷомеъаи ҷаҳонӣ бар ин таъкид мекунад, ки бояд аз роҳи қонунӣ ба ҳокимият расид, аз тариқи муборизаи қонунӣ, на бо роҳе, ки инҳо омадаанд.
Агар ман дуруст фаҳмидам, Шумо бештар ба кумаки равонӣ умед мебандед, на кумаки воқеъии физикӣ?
Ман фикр мекунам, ки қирғизистониҳо хирад ва сабри кофӣ доранд. Умедворам, ки дар кишвар нерӯҳое пайдо мешаванд, ки вазъиятро тавони сода кардани вазъиятро доранд. Ҳоло беш аз ҳар чизи дигар ба кумаки равонӣ ниёз вуҷуд дорем. Ҳарчанд, пас аз он чи дар Бишкек гузашт, кумакҳои башардустона низ ба кор меояд.
Оё тарси онро надоред, ки агар хирад кутоҳӣ кунад, кишвар ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида хоҳад шуд?
Фикр намекунам, вазъият то ба инҷо бирасад. Инҷо, дар ҷануби кишвар вазъият оромтар аст, ҷонибҳо кушиш мекунанд, ки ба ҳарфи ҳамдигар гӯш бидиҳанд, аз хунрезӣ ҷилавгирӣ шавад.
Имкон дорад, ки кишвар ба ду қисмат шавад?
Фикр мекунам, шикоф ба андозае вуҷуд дорад. Аммо метавон ҷилави онро гирифт ва мо бояд ин корро анҷом диҳем.
Оқои Боқиев, Шумо аз тарафи худ омода ҳастед бо мухолифонатон дар сатҳи мусовӣ музокира кунед, бо ҳамон афроде, ки дар Бишкек "ҳукумати боварии мардумӣ"-ро таъсис додаанд?
Агар ин "ҳукумати муваққатӣ", ки худаш худашро таъйин кардааст, омодааст бо ман музокира кунад - ман омодаам, ба ҳарфи онҳо гуш бидиҳам, бишнавам ки онҳо чӣ мехоҳанд.
Шумо дар бораи кумаки равонӣ аз хориҷи кишвар мегуфтед. Нахуствазири Русия Влодимир Путин дарвоқеъ кумакашро ба муходифон иброз доштааст. Шумо ин вокунишро чи гуна арзёбӣ мекунед?
Хуб, ин ҳаққи ҳар сиёсатмадор аст, ки дар бораи ончи дар як кишвари дигар мегузарад, арзёбии худро иброз кунад. Мехоҳам бигӯям, ки дар соли 2005, замоне, ки инқилоби воқеъии дар ҷараён буд, вақте мардуми кулли кишвар ба по хеста буданд, вале бидуни хунрезӣ - он замон тасарруфи Кохи сафед ҳатто дар зеҳни касе набуд - ӯ дақиқан ҳамин ҳарфҳоро мегуфт. Ҳоло ҳам мегӯяд, ин кори дохили кишвар аст. Ин кори вай аст, ҳамчун сиёсатмадор, ҳамчун як мақоми давлатӣ. Ман ҳарфҳои ӯро тафсир намекунам.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2085--q-q.html