МАРГИ РАИСҶУМҲУРИ ЛАҲИСТОН ДАР СУҚУТИ ҲАВОПАЙМО
Гузоришҳо ҳокӣ аз суқути ҳавопаймои ҳомили 132 сарнишин, аз ҷумла Лех Кочинский, раиси ҷумҳури Лаҳистон дар Ғарби Русия шудааст. Мақомҳои Русия мегӯянд, ҳеҷ фарде дар ин сонеҳа зинда намондаанд. Тибқи гузоришҳо 132 сарнишини ҳавопаймои ТУ-154 кушта шуданд. Гузоришҳои аввалия теъдоди сарнишинони ҳавопайморо 87 нафар зикр мекард. Давлати Лаҳистон ба дунболи ин сонеҳа нишасти вижаи изтирорӣ баргузор кардааст.
Ҳавопаймо дар садади фуруд дар Смоленск, дар наздикии марз бо Белорусия буд, ки суқут кард. Ҳавопаймои Тупулуф - 154 аз Варшав ба мақсади Смоленск парвоз карда буд. Як фармондори маҳаллии Русия ба хабаргузориҳои ин кишвар гуфтааст, ки ҳич фарде дар ин сонеҳа зинда намондааст.
Мақомҳои Лаҳистон мегӯянд, оқои Кочинский ба ҳамроҳи Мария, ҳамсараш ва чанд узви баландпояи давлати Лаҳистон дар ин ҳавопаймо буд. Тибқи гузоришҳо раиси ситоди артиши Лаҳистон, раиси раиси бонки марказӣ ва муъовини вазири хориҷа дар миёни кушташудагон қарор доранд.
Ин афрод барои ширкат дар маросими ҳафтодумин солгарди куштори Котин ба Русия сафар карда буд. Дар замони Шӯравии собиқ ҳазорон лаҳистонӣ тавассути пулиси Шуравӣ кушта шуданд. Оқои Кочинский дар соли 2005 ба раёсати ҷумҳурии Лаҳистон интихоб шуд ва пеш аз он барои се сол шаҳрдори Варшав буд.
Бархурд бо дарахт
Таҳқиқоти муқаддамотӣ нишон медиҳад, ки ҳавопаймо дар шохи дарахтон гир карда пас аз суқут ба рӯи замин, чанд тикка шудааст. Вазорати умури изтирории Русия ба хабаргузории ТАСС - и ин кишвар гуфтааст, ҳавопаймои ҳомили раиси ҷумҳури Лаҳистон соъати даҳ ва шаш дақиқа ба вақти маҳаллӣ суқут кардааст.
Ирина Андреева, сухангӯи вазоратхона гуфтааст, ки ҳанӯз ҷузъиёти дақиқе дар мавриди ҳуввияти кушташудагон вуҷуд надорад. Адам Стоун, хабарнигори Би-би-сӣ дар Варшав мегӯяд ин сонеҳа, фоҷеъае барои мардуми Лаҳистон ба шумор меравад. Ӯ мегӯяд, Доналд Туск, нахуствазири Лаҳистон ҳангоми шунидани ин хабар ашк рехтааст.
Туман
Фармондори маҳалии Смоленск мегӯяд, таҳқиқи далели суқути ҳавопаймо дар ҷараён аст ва иттилоъот дар бораи афроди кушта шуда дар ҳоли мушаххас шудан аст. Манобеъи бахши вазорати кишвари Русия дар Смоленск ба "Интерфакс" хабар додаанд, ки фурудгоҳи мавсум ба "Северний" дар Смоленск ба далели меҳ ё туман баста буд.
Ба гуфтаи мақомоти Смоленск ба халабони ҳавопаймо пешниҳод шуда буд, ки ҳавопайморо дар фурудгоҳи Минск ё Макав фуруд оварад, вале халабон тасмим гирифтааст, ҳавопайморо дар Смоленск биншонад. Тибқи бархе аз гузоришҳо, ҳавопаймо пас аз талоши чаҳоруми халабон барои нишондани ҳавопаймо суқут кардааст.
Чеҳраи баҳсбарангез
Хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд раиси ҷумҳури Лаҳистон савори ҳавопаймои Тупулуф-154 буд, ки дар солҳои 1960 тарроҳӣ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, борҳо аз мақомҳои лаҳистонӣ хоста шуда буд то ҳавопаймоҳои мавриди истифодаи худро нав кунанд. Оқои Кочинский, чеҳрае ҷанҷолӣ дар арсаи сиёсии Лаҳистон будааст.
Пас аз интихобот ба раёсати ҷумҳурӣ, оқои Кочинский ки сиёсатмадори муҳофизакоре буд, ваъдаи эҳёи арзишҳои котулик дар Лаҳистонро дод ва гуфт фосидро дар ин кишвар решакан хоҳад кард. Раиси ҷумҳур дар Лаҳистон аз нахуствазир ихтиёроти камтаре дорад, аммо дар арсаи сиёсати хориҷӣ, нақши таъинкунанда дорад.
Ярослав Кочинский, баробари Лех Кочинский муддате нахуствазири Лаҳистон буд. Ин ду баробар дар муборизот барои поён додан ба кумунизм дар Лаҳистон фаъол буданд ва пас аз суқути кумунизм дар арсаи сиёсии ин кишвар ҳузури фаъоле доштанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2090-2010-04-10-11-56-05.html