23:28:43 02-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/15_--01-a-aaaaaabakiyev_226x.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/15_--01-a-aaaaaabakiyev_226x.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/15_--01-a-aaaaaabakiyev_226x.jpg'

АМРИКО АЗ ДАВЛАТИ МУВАҚҚАТИ ҚИРҒИЗИСТОН ҲИМОЯТ МЕКУНАД

Як ҳафта баъд аз фарори Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон аз Бишкек, давлати Амрико имрӯз чаҳоршанбеи 14 апрел гуфт омода аст ба давлати муваққати ин кишвар кумак кунад. Роберт Блейк, яке аз мақомҳои аршади вазорати умури хориҷаи Амрико, ки ба хотири рухдодҳои ахир дар Қирғизистон ба Бишкек рафтааст, рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ба назари ӯ гомҳое ки то кунун давлати муваққати Қирғизистон барои кунтрули умури он кишвар бардоштааст, натиҷабахш будааст.

 

Роза Отунбоева, вазири умури хориҷаи пешини Қирғизистон, ки акнун раҳбарии давлати муваққати ин кишвар ба ӯ супурда шуда, гуфтааст агар оқои Боқиев радёбӣ шавад, чун дар хунрезиҳое, ки дар ҷараёни тазоҳуроти мардум алайҳи ӯ рух дод, даст доштааст, муҳокима хоҳад шуд.

 

Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия пештар аз оқои Боқиев хост фавран аз қудрат канорагирӣ кунад ва ҳушдор дод Қирғизистон дар вартаи ҷанги дохилӣ қарор гирифта ва бо ин хатар мувоҷеҳ аст, ки ба Афғонистоне дигар табдил шавад.

 

"Боқиев муҳокима шавад"

Раҳбари давлати муваққати Қирғизистон гуфтааст, ки Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури мутавории ин кишвар ба хотири мушорикаташ дар нооромиҳои сиёсии маргбори ахир ба додгоҳ эҳзор шавад. Роза Отунбоева гуфт оқои Боқиев "дасташ ба хун олуда аст" ва фурсати тарк кардани Қирғизистонро аз даст додааст. Раиси ҷумҳури Русия ҳам дар гуфтугӯ бо як муассисаи таҳқиқотӣ дар Вашингтон гуфт: "Бархе аз раҳбарони сиёсӣ бояд дар бораи сарнавишти худ тасмим бигиранд."

 

Ӯ бештар аз ин тавзеҳ надодааст, аммо гузоришгарон мегӯянд давлати Русия дар пешниҳоди кумак ба хонуми Отунбоева ба унвони раҳбари давлати муваққати Қирғизистон сареъ вориди амал шудааст. Қурбонбек Боқиев, раиси ҷумҳури мутавории Қирғизистон мегӯяд чунончи давлати муваққати ин кишвар амнияти вай ва хонаводаашро тазмин кунад ва ба хунрезӣ дар кишвар поён диҳад ҳозир ба истеъфо хоҳад буд.

 

Оқои Боқиев дар ҳоли ҳозир дар зодгоҳаш Ҷалолобод, воқеъ дар ҷануби Қирғизистон ба сар мебарад. Ӯ талош доштааст, гурӯҳҳоеро бо худ муттаҳид кунад. Гузоришгари Би-Би-Сӣ дар Ҷалолобод мегӯяд гарчи ки изҳороти оқои Боқиев лаҳне қудратманд дошта, аммо дар ҳоле ки вазъият дар ин шаҳр танишолуд аст, ба назар ҷангталабона намеояд.

 

Давлати муваққати Қирғизистон тазоҳуроти бузургеро дар Ҷалолобод созмондиҳӣ кардааст. Ин давлат мехостааст нишон диҳад мардум дар ҷануби ин кишвар ба ҳамон андоза аз давлати муваққат ҳимоят мекунанд, ки сокинони пойтахти ин кишвар.

 

Аммо ба назар мерасад, ки дар ҷамъи ҳазорнафарии тазоҳуркунандагон шумори зиёде аз тарафдорони оқои Боқиев, низ ширкат доштаанд. Дар тазоҳуроти хушунатомези ҳафтаи гузашта дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон ва дигар шаҳрҳои ин кишвар беш аз 80 нафар кушта шуданд.

 

Ҳафтаҳо буд ки мардуми Бишкек аз афзоиши қиматҳо ва ҳамчунин фасоди молӣ дар дастгоҳҳои иҷроии Қирғизистон ибрози нохурсандӣ мекарданд, ки саранҷом ҳафтаи гузашта ин эътирозот ба авҷи худ расид ва ба хушунатҳои маргбор кашида шуд. Давлати муваққати Қирғизистон ваъда додааст, ки шаш моҳи дигар дар ин кишвар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор кунад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2118-2010-04-15-03-27-58.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854