РАИСҶУМҲУРИ ҚИРҒИЗИСТОН КИШВАРАШРО ТАРК КАРД
Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури Қирғизистон, ки дар пайи эътирозоти мухолифин аз қудрат маъзул шуда буд, Қирғизистонро бо қасди Қазоқистон тарк кардааст. Пештар рӯзи панҷшанбе ӯ ба тарафдорони худ дар шаҳри Ҷалолобод дар ҷануб гуфта буд, Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон ӯро барои баррасии авзоъ дар Қирғизистон даъват кардааст. Оқои Боқиев расман раиси ҷумҳур маҳсуб мешавад, аммо қудрат надорад.
Оқои Боқиев гуфтааст, ки омодааст ихтиёроти худро вогузор кунад, машрут бар ин ки раҳбарони ҷадиди Қирғизистон амнияти ӯ ва аҳли хонаводаашро тазмин кунанд. Рӯзи 14 апрел Роза Отунбоева, раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон гуфта буд талош барои анҷоми музокира бо оқои Боқиев идома дорад.
Дар айни замон Эдил Байсалов, раиси дафтари раҳбари ҳукумати интиқолии Қирғизистон ба хабаргузории Интерфакси Русия гуфт: "мо гуфтугӯҳои мустақим анҷом намедиҳем ва омода ҳам нестем, ки чунин гуфтугӯҳоро анҷом диҳем."
"Боқиев муҳокима шавад"
Роза Отунбоева, раҳбари давлати муваққати Қирғизистон гуфта буд, ки Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури мутавории ин кишвар ба хотири мушорикаташ дар нооромиҳои сиёсии маргбори ахир бояд ба додгоҳ эҳзор шавад. Роза Отунбоева гуфт оқои Боқиев "дасташ ба хун олуда аст" ва фурсати тарк кардани Қирғизистонро аз даст додааст.
Қурбонбек Боқиев, раиси ҷумҳури мутавории Қирғизистон мегӯяд чунончи давлати муваққати ин кишвар амнияти вай ва хонаводаашро тазмин кунад ва ба хунрезӣ дар кишвар поён диҳад ҳозир ба истеъфо хоҳад буд. Дар тазоҳуроти хушунатомези ҳафтаи гузашта дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон ва дигар шаҳрҳои ин кишвар беш аз 80 нафар кушта шуданд.
Ҳафтаҳо буд ки мардуми Бишкек аз афзоиши қиматҳо ва ҳамчунин фасоди молӣ дар дастгоҳҳои иҷроии Қирғизистон ибрози нохурсандӣ мекарданд, ки саранҷом ҳафтаи гузашта ин эътирозот ба авҷи худ расид ва ба хушунатҳои маргбор кашида шуд. Давлати муваққати Қирғизистон ваъда додааст, ки шаш моҳи дигар дар ин кишвар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор кунад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2120-2010-04-15-18-16-09.html