ИНТИҚОДИ ШИРКАТҲОИ ҲАВОПАЙМОӢ АЗ МАМНУЪИЯТИ ПАРВОЗҲО
Ширкатҳои ҳавопаймоӣ тасмими мамнуъияти парвозҳои урупойӣ ба далели хокистарҳои оташфишони Исландро ба чолиш гириафтаанд. Ширкатҳои ҳавопаймоии олмонии "Луфтҳонзо" ва "Берлинэйр" мегӯянд мамнуъияти парвозҳо милюнҳо дулор ҳазина дар бар дорад ва ин тасмим бар пояи таъсири воқеъии зарраҳои хокистарҳои оташфишоне дар ҳаво, иттихоз нашудааст.
Ин ду кишвар, ки чанд парвози озмоишӣ анҷом додаанд, мегӯянд муҳандисе, ки ҳавопаймоҳоро пас аз анҷоми парвоз муъоина кардаанд, мегӯянд хокистарҳои оташфишон осебе ба ҳавопаймоҳо ворид накардаанд. "Эйрфронс" ва ширкати ҳавопаймоии ҳуландии KLM низ парвозҳои озмоишӣ анҷом додаанд. Питер Ҳортман, раиси ширкати ҳавопаймоии ҳуландии KLM мегӯяд як ҳавопаймои "Бойнг 737"-и ин ширкат як парвози озмоишии 75 дақиқаӣ дар иртиқоъи сенздаҳ ҳазорметрии замин анҷом додааст.
Оқои Ҳортман гуфт чунончи бозрасӣ нишон медиҳад, ҳама чи бахубӣ пеш рафта дар он сурат KLM дар садади касби иҷоза барои азсаргирии парвозҳои мусофиратӣ бархоҳад омад. Ҳавопаймоҳои "Луфтҳонзо" якчунин озмоишеро дар иртиқои бамаротиб камтар анҷом додаанд.
Арзёбии хисороти иқтисодии ношӣ аз мамнуъияти парвозҳо
Дар ҳоле ки ихтилол дар парвози ҳавопаймоҳо вориди чаҳорумин рӯз шудааст, Хузе Монуел Борусу, раиси кумисиюни урупоӣ дастури арзёбии таъсири иқтисодии ин моҷароро додааст. Оқои Борусу гуфт мухтал шудани вазъи парвозҳо бесобиқа аст ва ҳар гуна вокунише ба ин мавзӯъ бояд бо ҳамоҳангӣ сурат гирад.
Дар ҳамин ҳол, маҳдудияти парвозҳо андаке муътадилтар шуда ва баъзе аз фурудгоҳҳои ҷануби Фаронса, бахшҳое аз Олмон ва низ шимоли Испониё муваққатан боз шудаанд. Мушкили парвозҳо боъиси дардисарҳои фаровоне шуда ва сабаби саргардонии мусофирон дар фурудгоҳҳо ва ҳутелҳо дар бисёре аз нуқоти ҷаҳон, аз ҷумла Устролиё, Чин ва Омрико шудааст. Илова бар лағви аксари парвозҳои байни Урупо ва қораи Омрико бештар парвозҳои Чин ба Урупо низ сурат нагирифтааст.
Парвозҳои Устролиё ба самти Урупо танҳо то таваққуфи байни роҳи ин ҳавопаймоҳо дар Осиё сурат мегирад. Бисёре аз ҳутелҳо дар нуқоте монанди Сингопур ва Ҳунгкунг ба далели такмили зарфият наметавонанд мусофирони бештареро бипазиранд. Ҳамзамон, ҳамлу нақли рейлӣ ва ҷодаӣ дар Урупо ба иллати афзоиши тақозо барои сафар бо қатор ва утубус дучори мушкилоте шудааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2146-2010-04-19-09-20-27.html