ЗАМИНЛАРЗА ДАР АФҒОНИСТОН ЧАНДИН КУШТА БАР ҶОЙ ГУЗОШТ
Заминларзаи нисбатан нерӯманд, бахшҳое аз вилоёти марказӣ ва шимолии Афғонистонро такон дода ва талафоту хисороте бар ҷо гузоштааст. Қудрати ин заминларза, ки дар манотиқе аз Тоҷикистон ва Ӯзбакистон низ маҳсус буд, 5.3 дараҷа дар миқёси риштер гузориш шудааст. Омори дақиқи талафоти ношӣ аз ин заминларза ҳанӯз дақиқан маълум нест.
Бархе манобеъ гуфтаанд, ки дар асари ин заминларза ҳафт нафар кушта ва наздик ба панҷоҳ тани дигар захмӣ шудаанд; аммо идораи мубориза бо ҳаводиси табиъии Афғонистон мегӯяд то ҳоло марги шаш нафар ва захмӣ шудани ҳашт тани дигар таъйид шудааст. Мақомот мегӯянд, гурӯҳҳои баррасӣ ба маҳаллоти ҳодиса дар вилояти Самангон эъзом шудаанд. Идораи мубориза бо ҳаводиси табиъӣ мегӯяд, эҳтимол дорад дар идомаи рӯз, омори талафоти ношӣ аз ин заминларза бештар шавад.
Шиддати ин заминларза, умдатан дар манотиқи мавсум ба дараи Суфи Боло ва дараи Суфи Пойин дар вилояти Самангон маҳсус буда, аммо бар асоси изҳороти идораи мубориза бо ҳаводиси табиъӣ, бахшҳое аз Мазори Шариф дар шимол ва Кобул, пойтахти Афғонистонро низ такон додааст. Мақомот мегӯянд, даҳҳо хонаи маскунӣ дар Самангон тахриб шуда ва бими он меравад, ки афроди бештаре зери овор боқӣ монда бошад.
Афғонистон ва бавижа минтақаи Ҳиндукуш осебпазир ҳастанд ва дар чунин шароит, фурӯрезии деворҳо ва сақфи хонаҳо, умдатан боъиси бурузи талафот мешавад. Дар соли 2002, заминларзае ба қудрати 5.3 дараҷаи риштер дар Бағлон, вилояти ҳамҷавори Самангон, мунҷар ба кушта шудани ҳудуди як ҳазор нафар шуд. Дар соли 1998 низ, ду заминларза ба қудрати 5.9 ва 6.6 дараҷаи риштер дар манотиқи марзии Афғонистон ва Тоҷикистон, беш аз шаш ҳазор нафарро ба коми марг кашонд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2148-2010-04-19-11-34-58.html