13:18:00 02-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/24_--01-a-aaaaaabakiyev_226x170.jpg'

БОҚИЕВ ОМОДА АСТ АЗ МИНСК РАИСҶУМҲУР БОШАД

Қурбонбек Боқиев қасди бозгашт ба Қирғизистон ба унвони раиси ҷумҳурро надорад, аммо мехоҳад аз мақоми ӯ "барои бозгашти Қонуни асосӣ ба кишвар" истифода шавад. Оқои Боқиев дар як нишасти матбуъотӣ дар Минск, пойтахти Белорус, таъйид кард, ки аризаи истеъфояшро бо дастони худ навишта, аммо тавзеҳ дод, ки ин санад ӯро аз мақоми раиси ҷумҳурии машрӯъ дар Қирғизистон маҳрум намесозад.

 

Вай гуфт: "Ин ариза бояд бар асоси Қонуни асосӣ ва қавонини дигари Қирғизистон баррасӣ мешуд ва порлумон онро таъйид мекард. Вале давлати муваққат порлумонро мунҳал сохт ва муқаррарот дар бораи истеъфои раиси ҷумҳур риъоят нашуд."

 

Оқои Боқиев ҳамчунин гуфт, ки истеъфои худро ҳамчунин ба он далел намепазирад, ки шароит барои бозгашти эътидол ба Қирғизистон, ки дар матни номаи ӯ зикр шуда буд, иҷро нашудааст. Ба гуфтаи оқои Боқиев, дар Қирғизистон таъқиби тарафдорони вай идома дошта ва беназмӣ дар бархе аз шаҳрҳо ва рустоҳо мутаваққиф нашудааст.

 

Раиси ҷумҳури сарнагуншудаи Қирғизистон мегӯяд вай аризаи истеъфояшро дар посух ба истидлолҳои Владимир Путин, нахуствазири Русия, ки дар суҳбате телефунӣ аз ӯ хоста буд ба таҷзияи кишвар ва вуқӯъи ҷанге дохилӣ роҳ надиҳад, имзо кардааст.

 

Таҳқиқи байналмилалӢ

Оқои Боқиев аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват мекунад, ки аз мақоми ӯ, ки худро "раиси ҷумҳури машрӯъи Қирғизистон" медонад, барои анҷоми тадобире ба хотири бозгашти кишвар ба маҷрои қонунӣ истифода кунад.

 

Вай аз ҷумла гуфт: "Бигзор ин корро ҳамсояҳо - Русия, Қазоқистон ва ё СММ ва САҲУ анҷом диҳанд. Ба хотири бозгашти кишвар ба фазои қонунӣ, ҳамапурсие баргузор кунед, давлатро ба низоми порлумонӣ табдил диҳед ва аз ихтиёроти ман истифода кунед."

 

Ба гуфтаи вай, ӯ омода аст бо давлати муваққат барои анҷоми тадорукоти чунин як ҳамапурсӣ ва ё интихоботи ғайринавбатии раёсати ҷумҳурӣ музокира кунад. Тибқи изҳороти оқои Боқиев, вай "аз ҳеч давлате хоҳони паноҳгоҳи сиёсӣ" нест ва омода аст "вазоифи раиси ҷумҳурии машрӯъро аз Минск" иҷро кунад.

 

Қурбонбек Боқиев дар ҷараёни нишасте матбуъотӣ ҳамчунин хостори анҷоми таҳқиқе байналмилалӣ дар мавриди ҳаводиси ахири Қирғизистон шуд. Раҳбари сарнагуншудаи ин кишвари фақири Осиёи Миёна гуфт, ки рафтори Русия аз бисёр ҷиҳот заминасози таҳаввулоти оғози моҳи апрел дар кишвараш буд. Аммо вай афзуд: "Ман наметавонам бигӯям, ки ин кори дасти ниҳодҳои вижаи Русия аст."

 

Бо ин ҳол, ба гуфтаи оқои Боқиев, раҳбарони Русия аз равобити рӯ ба тавсеъаи Қирғизистон бо Ғарб хашмгин шуда буданд. Қурбонбек Боқиев бар ин назар аст, ки Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ вазоифи худро дар қиболи таҳаввулоти Қирғизистон иҷро накардааст. Вай гуфт: "Раҳбарони кишварҳои узви СПАД бояд талошҳои ҷиддие барои бозгашти Қирғизистон ба маҷрои қонунӣ анҷом диҳанд."

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2183-2010-04-24-09-28-18.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854