13:03:16 02-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/25_--01-a-aaaaaaafghanistan-map-2.jpg'

ХУШУНАТҲОИ ТОЗА ДАР АФҒОНИСТОН

Мақомоти амниятии афғон гуфтаанд, ки дар инфиҷори интиҳорӣ дар ҷануби ин кишвар чаҳор тан кушта шуда ва шуморе аз тазоҳуркунандагон як корвони тадорукотии Амрикоро дар ҷануби Кобул ба оташ кашидаанд. Вазорати дохилаи Афғонистон гуфтааст, ки ин инфиҷори интиҳорӣ дар бозоре дар минтақае мавсум ба Шоҳҷӯй дар вилояти Зобул иттифоқ афтода ва дар он чаҳор тан кушта ва 12 тани дигар захмӣ шудаанд.

 

Ба гуфтаи мақомҳои ин вазорат шуморе аз кормандони як ширкати хусусии амниятӣ ва ғайринизомиён дар миёни қурбониёни ин ҳодиса ҳастанд. Мақомҳои амниятӣ гуфтаанд, ки ҷасади фарди бумбгузор дар ин инфиҷор комилан муталошӣ шуда ва қобили шиносоӣ нест. Шоҳидони айнӣ гуфтаанд бумбгузор маводи мунфаҷираеро, ки ба бадани худ баста буд, дар наздикии як худрави мутааллиқ ба ин ширкати амниятӣ мунфаҷир кард.

 

Бар асоси як хабари дигар шуморе аз тазоҳуркунандагони хашмгин дар вилояти Лугар дар ҷануби Кобул корвони тадорукотии нерӯҳои Амрикоро ба оташ кашидаанд. Мақомҳои вилояти Лугар гуфтаанд, ки тазоҳуркунандагон шоҳроҳи Кобул - Пактиёро бастаанд. Муҳаммадҷон Обид, мудири таҳқиқоти ҷиноии пулиси Лугар гуфтааст, ки ин афрод дар пайи иҷрои як ришта амалиёти низомии шабона аз суи нерӯҳои омрикоӣ дар Лугар даст ба тазоҳурот задаанд.

 

Оқои Обид гуфт, ки дар ин амалиёт чанд тан аз шуришиёни мухолифи давлат кушта шудаанд, аммо ӯ шумори дақиқи онҳоро мушаххас накард. Аммо нерӯҳои НАТО дар Афғонистон гуфтаанд, ки дар ин амалиётҳо як фармондеҳ боздошт ва чандин ситезаҷӯи вобаста ба ин гурӯҳ кушта шудаанд.

 

Оқои Обид афзуд: "Касоне ки дар ин амалиёт кушта шудаанд, ғайринизомиён нестанд, онҳо дар даргирӣ бо нерӯҳои хориҷӣ кушта шудаанд."

 

Ӯ ҳамчунин гуфт: "Нерӯҳои эътилофи байналмиллалӣ наворҳои тасвириро ба бузургони маҳал нишон додаанд, ки афроди мусаллаҳ ба онҳо ҳамла карда ва сарбозон маҷбур ба ҳамлаи мутақобил шудаанд."

 

Оқои Обид афзуд: "Дар ҳоли ҳозир вазъият дар ин ҷо (Лугар) хуб нест ва мо аз нерӯҳои хориҷӣ хоҳони кумак шудаем."

 

Лугар вилояте аст, ки дар наздикии пойтахт мавқеъият дорад ва Толибон дар он нуфуз кардаанд. Ин вилоят пеш аз ин ҳам шоҳиди мавориде аз хушунат ва ноамнӣ будааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2187-2010-04-25-13-26-37.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854