ҲУШДОРИ ҲОКИНГ ДАР МАВРИДИ МАВҶУДОТИ ФАЗОӢ
Стивен Ҳокинг, устоди донишгоҳи Камбриҷи Бритониё ҳушдор додааст, ки эҳтимоли вуҷуди мавҷудоти фазоӣ тақрибан қатъӣ аст, аммо инсонҳо бояд аз барқарории иртибот бо онҳо худдорӣ кунанд. Ин устоди риштаи физики нуҷумӣ дар яке аз маҷмуъаҳои барномаҳои шабакаи телевизиюнии "Discovery" гуфт ин фарз, ки дар дигар нуқоти олам ҳам ҳаёти ҳушманд вуҷуд дорад, бисёр мантиқӣ" аст.
Бо ин ҳол ӯ ҳушдор додааст, ки эҳтимол дорад ин мавҷудоти бегона барои таъмини манобеъи мавриди ниёзи худ ба кураи Замин ҳамла кунанд ва сипас онро тарк кунанд. Оқои Ҳокинг гуфтааст: Дар сурате ки мавҷудоти фазоӣ ба замин биёянд, натиҷаи он мушобеҳи сафари Христофор Колумб ба қораи Омрико хоҳад буд, ки барои сокинони бумии ин қора паёмади мусбате надошт"
Профессор Ҳокинг муътақид аст, ки инсонҳо ба ҷойи ин ки саъй кунанд бо мавҷудоти фарозаминӣ иртибот барқарор кунанд, бояд тамоми талоши худро барои парҳез аз ҳар гуна иртиботе бо ин мавҷудот ба харҷ диҳанд Ӯ мегӯяд: "Мо бояд таваҷҷуҳамонро фақат ба худамон маътуф кунем, то аз такомули ҳаёт ба он чи ки матлуби мо нест, ҷилавгирӣ кунем."
Дар гузашта амалиёти иктишофӣ дар фазо сурат гирифта буд, ки дар он хутути ҳаккокишудаи башар ва намудорҳое барои нишон додани мавқеъияти сайёраи замин дар каҳкашон ба фазо фиристода шуда буд.
Ҳамчунин дар мавориде партавҳои родиюӣ ба умеди расидан ба тамаддунҳои бегона дар дигар сайёрот ба фазо фиристода шудааст. Профессор Ҳокинг гуфт: "Аз назари мағзи риёзии ман танҳо ададҳо, фикр кардан дар мавриди мавҷудоти бегонаи фазоиро аз назари мантиқӣ тавҷеҳ мекунанд."
Ӯ мегӯяд чолиши асосӣ ин хоҳад буд, ки ин мавҷудоти бегона воқеъан чи вижагиҳое доранд. Ин барнома эҳтимоли вуҷуди гунаҳои мухталифе аз мавҷудоти фарозаминӣ, аз ҷумла гиёҳхорони дупо ва шикорчиёни зарди мормулакшаклро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Бо ин ҳол профессор Ҳокинг муътақид аст, ки бештари намунаҳои ҳаёти фарозаминӣ ба эҳтимоли зиёд дар ҳадди микробҳое бо сохтори сода ҳастанд.
Дар маҷмуъаи телевизиюнии "Аҷоиб манзумаи хуршедӣ", ки ахиран дар Би-би-сӣ тавлид шудааст, профессор Броён Кокс ҳам муътақид аст, ки эҳтимолан дар даруни манзумаи хуршедии мо анвоъи дигаре аз ҳаёт вуҷуд дорад. Ӯ мегӯяд эҳтимолан дар зери саҳфаи яхии Урупо, ки яке аз қамарҳои Юпитерро ташкил медиҳад ҳам организмҳои зиндае вуҷуд доранд.
Профессор Кокс мегӯяд ҳатто дар фосилае наздиктар ба замин, яъне дар кураи Мирих ҳам шавоҳиде дар даст аст, ки эҳтимоли вуҷуди ҳаёт дар он ҷоро тасдиқ мекунад. Ин устоди физик муътақид аст, ки дар даҳаҳои оянда ва танҳо пас аз ирсоли насли баъдии фазо паёмҳое, ки аз қобилияти бештаре барои ҷустуҷӯйи нишонаҳои ҳаёт бархӯрдоранд ба қамарҳои Юпитер ва бахшҳое аз Мирих метавон аз вуҷуди ҳаёт дар дигар кураҳо итминон ҳосил кард.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2193-2010-04-26-13-26-46.html