13:01:14 02-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/27_--01-a-aaaaaakongantiyev_226.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/27_--01-a-aaaaaakongantiyev_226.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/27_--01-a-aaaaaakongantiyev_226.jpg'

БОЗДОШТИ ВАЗИРИ ПЕШИНИ КИШВАРИ ҚИРҒИЗИСТОН

Ҳукумати муваққати Қирғизистон боздошти Молдомуса Қонғантиев, вазири пешини пулиси ин кишвар дар Маскав ва истирдоди вай ба Қирғизистонро таъйид кард. Расонаҳои Қирғизистон хабар додаанд, ки субҳи рӯзи душанбеи 26 апрел ҳавопаймое, ки дар дохили он вазири собиқи умури дохила буд, вориди фурудгоҳи Манас шуд. Алмазбек Атамбаев, муъовини раҳбари Ҳукумати муваққати Қирғизистон ба хабарнигорон гуфтааст, ки “Оқои Қонғантиевро мо бо мусоидати ниҳодҳои интизомии Русия боздошт кардаем”.

 

Манобеъи Идораи амнияти Қирғизистон хабар додаанд, ки феълан оқои Қонғантиев дар боздоштгоҳи шаҳри Бишкек қарор дорад, вале нагуфтаанд, ки иттиҳоми ворида алайҳи ӯ чӣ аст. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Русия то ҳол дар бораи боздошт ва истирдоди Қонғантиев изҳори назаре накардаанд.

 

Вале бархеҳо хабари боздошти оқои Молдомуса Қонғантиев дар Маскавро машкук мехонанд, зеро қаблан хабари зери муроқибати пизишкон будани вай дар Бишкек пахш шуда буд ва сипас гузоришҳо дар Ӯш пайдо шудани ӯро хабар додаанд. Дар ҳамин ҳол пайвандон ва ҷонибдорони вазири пешини умури дохилаи Қирғизистон ҳаракати васоили нақлия дар ҷоддаи Бишкек-Ӯшро монеъ шудаанд.

 

Арзи сипос

Алмазбек Атамбаев, муъовини раҳбари Ҳукумати муваққати Қирғизистон ба мақомоти Русия барои мусоъидат дар боздошт ва истирдоди оқои Қонғантиев изҳори сипос кардааст. Вай афзудааст: “Мо аз ФСБ (Идораи амнияти федероли Русия) барои мусоъидат дар боздошти оқои Қонғантиев сипосгузорем. Вай дар аъмоли зидди мухолифин дар торихи 6-7 апрел мазнун дониста мешавад”.

 

Тазоҳуроти мухолифини қирғиз дар шаҳри Таласи Қирғизистон шуруъ шуд ва вазири пешини умури дохила барои таъмини назми умумӣ ба ин шаҳр эъзом шуда буд. Вале оқои Қонғантиев аз сӯйи тазоҳуркунандагон боздошт ва мавриди лату кӯб қарор гирифт.

 

Дар бораи сарнавишти ояндаи Қонғантиев иттилоъи зиддунақиз – аз муолиҷаи вай дар Бишкек гирифта то хабари фавти вай пахш мешуд. Наворҳои лату кӯби вай аз тариқи шабакаҳои мухталифи телевизиюнӣ пахш шуда буд.

 

Алмазбек Атамбаев, муъовини раҳбари Ҳукумати муваққати Қирғизистон дар ҷаласаи кумиссиюни таъмини интизом ва амният изҳор доштааст, ки “оқои Қонғантиев, ки дар Бишкек таҳти муроқибати пизишкон қарор дошт, нахуст дар Ӯшу Ҷалолобод ва сипас дар Маскав пайдо шуд. Чӣ гуна марзбонон ба шахсе, ки мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад, иҷозаи ихроҷ додаанд?”

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2196-2010-04-27-03-36-45.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854