ҲУКУМАТИ МУВАҚҚАТ ХОСТОРИ ИСТИРДОДИ БОҚИЕВ ШУД
Ҳукумати муваққати Қирғизистон бо нашри як декрет Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури пешинро аз мақоми ҳокимият маҳрум намуда, масунияти президентии ӯро лағв карда ва аз мақомоти Белорус хостори истирдоди ӯ шудааст. Сабаби қабули чунин қарор, масъулияти Боқиев барои ҳаводиси рӯҳзои аввали моҳи апрел унвон шудааст, ки бар асари тирандозӣ дар он ҳаводис даҳҳо нафар кушта ва садҳо тани дигар захмӣ шудаанд.
Ҳукумати муваққат масъулияти ин ҳаводисро бар дӯши Боқиев андохтааст. Ҳукумати муваққати Қирғизистон ҳамчунин аз Белорус дархости итсирдоди Қурмонбек Боқиевро кардааст. Дар ҳамин ҳол, тазоҳургарон дар Бишкек хостори таъсиси додгоҳи махсусе барои расидагӣ ба парвандаи раисиҷумҳури пешин шудаанд.
Аммо аз сӯи дигар, дар шаҳри ҷанубии Ӯш ҷонибдорони раиси ҷумҳури сарнагуншуда, кумитаи дифоъ аз Қурмонбек Боқиевро таъсис кардаанд. Ҷонибдорони Боқиев даъво доранд, ки касе ҳаққи лағви дахлнопазирии ӯро надорад ва Боқиевро барои чор соли дигар раисиҷумҳури қонунии Қирғизистон медонанд.
Ин дар ҳолест, ки вазири пешини корҳои дохилии Қирғизистон Молдомусо Конгантиев аз сӯи додситонӣ ба сӯистифода аз мансаб муттаҳам шуда ва дар боздошт ба сар мебарад. Рӯзи душанбе ҷонибдорони вазири пешин роҳи Бишкек - Ӯшро баста, хостори озодии Кангантиев шуданд. Дар ин миён ҳукумати муваққати Қирғизистон тарҳи Қонуни асосии навро таҳия ва барои баррасии мардум пешниҳод кардаанд. Раъйгирӣ ба манзури қабули ин Қонуни асосӣ қарор аст рӯзи 27 –уми июн доир шавад.
Изҳори назари Назарбоев дар бораи "инқилоби" Қирғизистон
Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, рӯзи 27-уми апрел зимни суханронӣ дар Форуми матбуотии АврОсиё дар Алмаато бори дигар дар мавриди ҳаводиси Қирғизистон изҳори назар кард.
Оқои Назарбоев гуфт: “Чанд рӯзи пеш тамоми дунё бори дигар шоҳиди ҳаводиси фоҷеабор дар Қирғизистон шуд. Ин инқилоб нест, ин як харобкории тамомаёр аст. Инқилоб таҳаввулоти соли 1917 -ро мегӯянд, ки бар асоси он низоми сармоядорӣ ба сотсиалистӣ табдил шуд. Аммо ин ҷо табдили як гурӯҳи ҳоким ба гурӯҳи дигар ва ба ин тартиб мубориза барои қудрат аст”.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2201-2010-04-27-11-36-44.html