ТАРҲИ ҚОНУНИ НАВ ДАСТИ ФСБ-РО БОЗ МЕКУНАД
Хадамоти Федеролии Амнияти Русия ё ФСБ дар пайи тақвияти имконоти худ шудааст. Тарҳи як қонуне, ки барои баррасии Дума пешниҳод шудааст, салоҳиятҳои бештареро барои ФСБ пешбинӣ мекунад. Мухолифон ин иқдомро бозгашт ба замони КГБ унвон кардаанд. Ин тарҳ, ки дар таърихи 24 уми апрел дар ихтиёри порлумон қарор гирифт, ҳамчунин муҷозоти шаҳрвандонеро мумкин мекунад, ки "талаботи қонунӣ"-ро иҷро намекунанд.
"Иқдоми пешгирона"
Тарҳи қонуни нав, ки дар дасти баррасии порлумони Русия қарор дорад, ба хадамоти амният ҳақ медиҳад, ки дар робита ба афроди машкук ва ё машғул ба амалкардҳои тундгароёна аз "иқдомоти пешгирона" кор бигирад. Агар ин санад ба ҳукми қонун дарояд, ба маъноест, ки Хадамоти Федеролии Амнияти Русия метавонад созмону ташкилотҳои ба назари он тундгароро расман ҳушдор диҳад ва ҷарима кунад.
То ҳал ин ниҳоди бе ин ҳам қудратманди Русия иҷозаи дахолат ба умури шаҳрвандони алоҳидаро надошт. Хадамоти Федеролии Амнияти Русия гуфтааст, ин тарҳ ба афзоиши шадиди фаъолиятҳои ифротӣ муқовимат хоҳад кард. Аммо ҳомиёни ҳуқуқи башар ва мухолифони ҳукумат мегӯянд, ин қонун дасти хадамоти амниятиро барои коштани тухми ҳарос дар байни мардум ва таъқиби рақибони сиёсӣ боз мекунад.
Вокуниши мақомот ба мавиҷи норозигиҳо ё бозгашт ба КГБ
Сергей Митрохин, раиси ҳизби опозиционии Яблоко ба Радиои Озодӣ мегӯяд, ин қонун вокуниш ба мавҷи тазоҳуроти зидди ҳукуматӣ аст, ки ахиран Русияро фаро гирифт.
"Алабатта ин дасти хадамоти амниятиро боз мекунад ва ба он ҳақ медиҳад, ки фишори равонӣ болои гурӯҳи бузурги мардум, асосан фаъолони сиёсӣ ва онҳое, ки бо ҳукумат дар ҳоли мухолифат карор дорандро, афзоиш диҳад. Ин даври навбатии ба истилоҳ тоб доднаи мурватҳои Русия аз тарафи мақомот аст, ки аз эътирози мардум дар ҳарос афтодаанд ва ба ин шакл вокуниш нишон медиҳанд".
Ҳомиёни ҳуқуқи башар аз он нигаронанд, ки агар ин тарҳ ҳукми қонунро бигирад, таҷрибаи солҳои шӯравиро гардон хоҳад кард. Ҳамон таҷрибае, ки КГБ шаҳрвандонро барои "сӯҳбат" "даъват" мекард ва аз онҳо дар бораи фоъолияти кориашон ҳамкоронашон иттилоъ мегирифт. Яъне як навъ тактикаи таъқиби дигарандешон.
Матбуоти Русия мегӯяд, дар асоси ин қонун Хадамоти Федеролии Амнияти Русия фаъолияти шаҳрвандонро назорат мекунад ва дар ҳолатҳои барои онҳо зарурӣ дахолат мекунад. Ҳато агар барои дахолат заминаи ҳуқуқӣ вуҷуд надошта бошад. Ё метавонад шаҳрвандонеро ҷарима кунад, ки ба гунае ба кори хадамот халал расонидаанд?
"Қонуне алайҳи интиқодгарони давлат"
Думаи Давлатӣ дар сомонаи расмии худ баррасии ин тарҳро бо афзоиши шадиди тундгароӣ тавҷеҳ кардааст. Ба гуфтаи порлумон аз соли 2007 то 2008 ҷиноятҳои марбут ба тундгароӣ 30 дар сад афзоиш ёфтааст.
Сомонаи Думаи давлатӣ ҳамчунин матбуотро барои тарғиби фардгароӣ, хушунат ва зери суол бурдани тавони давлат дар таъмини амнияти мардум интиқод кардааст. Иля Пономарёв, намояндаи мардумӣ аз ҷиноҳи Русияи Одил дар порлумон мегӯяд, арқоми ҳукумат дар бораи сатҳи тундагорӣ дар кишвар аз ҳад беш нишон дода шудааст.
"Ба назари ман, дар кишвар амалҳои тундагроёна он қадар зиёд сурат намегирад, ки инҳо иддао доранд. Дар кишвари мо тундгаро фаъолони маъмулиро меноманд. Аммо дар ҳолатҳое, ки аз ҳодисаи хатарнок бояд воқеъан ҷилавгирӣ шавад, дар чунин ҳолатҳо нерӯҳои ҳифзи тартибот нотавонӣ зоҳир мекунанд. Маълум аст, ки ин мушкилро на бо "иқдомоти пешгирона" ва на бо ҷарима наметавон ҳал кард."
Генадий Гудков, раҳбари ҷиноҳи Русияи Одил дар парлумон ин иқдоми ҳукуматро эҳёи таҷрибаи Шуравӣ алайҳи дигарандешон унвон кард. Виктор Илюхин, намояндаи мардумӣ аз Ҳизби коммунист гуфт, ин қонунро алайҳи ҳар нафаре истифода хоҳанд кард, ки мақомотро интиқод мекунад.
Ҳизби бениёз дар тасвиби қонуни ФСБ
Ҳизби Русияи Муттҳаид ва ё ҳизби Кремлин ба фарқ аз ҳизби Русияи Одил ва Ҳизби Коммунист бахши бузурги нишстҳои парлумонро дар ихтиёр дорад ва дар тасвиби қонуни нав ба пуштибонии онҳо ниёзманд нест.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2204-2010-04-27-17-02-44.html