13:07:47 02-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/27_--01-a-aaaaaabakiyev_afp_226i.jpg'

БОҚИЕВ БА КУШТОРИ МУХОЛИФОН МУТТАҲАМ ШУД

Давлати интиқолии Қирғизистон, раиси ҷумҳурии собиқи ин кишварро ба созмондиҳии куштор муттаҳам кардааст. Рӯзи сешанбе, 27 апрел, гузориш шуд, ки давлати интиқолии Қирғизистон масъунияти сиёсии Қурбонбек Боқиев, раиси ҷумҳурии барканоршудаи ин кишварро лағв карда ва бо муттаҳам сохтани оқои Боқиев ба судури дастури куштори мардум, дар садади ирсоли дархости истирдоди ӯ аз кишвари Белорус аст.

 

Авоили моҳи ҷорӣ Қурбонбек Боқиев, ки ба тақаллуб дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ муттаҳам буд, дар пайи тазоҳуроти густардаи хиёбонӣ аз кор барканор шуд ва ба хориҷ гурехт ва дар ҳоли ҳозир дар ҷумҳурии Белорус иқомат дорад. Пас аз тасарруфи марокизи аслии давлатӣ ба дасти тазоҳуркунандагон, раҳбарони мухолиф давлати интиқолиро бо барномае барои ислоҳи Қонуни Асосӣ ва баргузории интихоботи озод ташкил доданд.

 

Ба гуфтаи мақомоти давлати интиқолӣ, дар ҷараёни тазоҳуроти мухолифон алайҳи давлати Қурбонбек Боқиев, дастикам ҳаштоду панҷ нафар дар даргирӣ бо маъмурони амниятӣ кушта ва чандсад тани дигар захмӣ шуданд. Бастагони кушташудагони ин тазоҳурот дар рӯзҳои ахир бо гирд омадан дар баробари сафорати Белорус дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон, хостори истирдоди фаврии оқои Боқиев барои муҳокима ва муҷозот шудаанд.

 

Қурбонбек Боқиев, ки сешанбеи гузашта вориди Белорус шуд, гуфт, ки ҳамчунон худро раиси ҷумҳурии мунтахаб ва машруъи Қирғизистон медонад ва мақомоти Белорус низ аз ӯ бо унвони "меҳмони" ин кишвар ёд карданд. Оқои Боқиев гуфтааст, ки то замоне ки истеъфономаеро барои баррасӣ ва тасвиб ба порлумони Қирғизистон ирсол накунад ва ин истеъфонома тасвиб нашавад, раиси ҷумҳурии қонунии ин кишвар маҳсуб мешавад.

 

Боғи ваҳши хусусӢ

Бо вуҷуди ин ки дар замони зимомдории оқои Боқиев, аз Русия ба унвони ҳомии давлати ӯ ёд мешуд, аммо дар ҳоли ҳозир, Русия ҳимояте аз вай ба амал намеоварад. Рӯзи душанбе Созмони амнияти миллии Қирғизистон эълом кард, ки мақомоти рӯсӣ вазири кишвар дар давлати оқои Боқиевро, ки бо иттиҳомоте дар иртибот бо тазоҳуроти мунҷар ба суқути давлати собиқ мувоҷеҳ буд, ба Қирғизистон таҳвил додаанд.

 

Ҳар ду кишвари Русия ва Омрико дорои пойгоҳҳои низомӣ дар Қирғизистон ҳастанд ва зоҳиран давлати интиқолӣ дар назар дорад қарордодҳои марбут ба ҳар ду пойгоҳро тамдид кунад. Ҳамзамон, хабаргузории русии ИТАР ТАСС гузоришеро дар мавриди шароити зиндагии оқои Боқиев мунташир кардааст.

 

Ин хабаргузорӣ ба нақл аз дафтари додситони Қирғизистон гузориш кардааст, ки теъдоде ҳайвони ваҳшӣ ва камёб дар боғи ваҳши хусусии хонаи маскунии хонаводаи Боқиев дар Ҷалолобод, дар ҷануби ин кишвар, ёфт шудааст.

 

Бар асоси ин гузориш, маъмурони давлатӣ, ки дар иртибот бо парвандаи фасоди молии аъзои хонаводаи Боқиев, ба тафтиши ин маҳал пардохта буданд, ду хирс, як шутурмурғи офриқоӣ, ду паланги барфӣ, як уқоби тилоӣ ва чанд ҳайвони дигарро дар ин маҳал ёфтаанд. Додситонии кулл дар назар дорад ин ҳайвонотро ба манзури ҳифозат аз ҷони онҳо ба маҳалли муносибе интиқол диҳад. ИТАР ТАСС менависад, ки дар Қирғизистон боғи ваҳши умумӣ вуҷуд надорад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2205-2010-04-27-17-07-30.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854